Ҷавоншер, писари Искандари Фирӯз, пас аз ҳудуди ду ҳафтаи бистарӣ дар бемористон, рӯзи 22-юми октябр ҷавоб дода шуд.
Ба гуфтаи Ифтихор, бародари Искандари Фирӯз, пизишкон саломатии Ҷавоншерро хуб арзёбӣ карда ва ӯро аз бемористон рухсат доданд. Аммо Ифтихор мегӯяд, вазъи саломатии бародараш Искандар ҳамоно чун пештара аст.
Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шудаанд, ки аз он шаб то кунун Искандар дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад.
Аммо ба таъкиди Ифтихор, дар ин муддат, ки аз Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи худрави «Тайота Ландкрузер» хабаре набуд, рӯзи гузашта, яъне якшанбеи 21-уми октябр бародари вай ҳамроҳ бо ду нафар мулло ба бемористон омада ва кӯмаки худро пешниҳод карданд.
Ифтихор мегӯяд, ки бародари Айёмиддин сабаби ба таъхир омаданашонро ба он рабт додаанд, ки то кунун аз ҳодисаи садама хабаре надоштанд ва тоза хабардор шуданд.
Дар ҳамин ҳол Ифтихор гуфт, ки ин қазия дар чорчӯби қонун баррасӣ хоҳад шуд ва ба ин манзур тарафи онҳоро ду нафар вакили дифоъ аз Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе намояндагӣ хоҳанд кард.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи вакилони дифоъ, парвандаи марбут ба садама аз сӯи Бозрасии Давлатии шаҳри Душанбе ба раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фиристода шудааст.
Зимнан, гурӯҳи тафтишотии БДА -и шаҳри Душанбе пас аз ташхис ва бозпурсиҳо ба ин хулоса расид, ки дар ин садама Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи худрави «Тайота Ландкрузер» гунаҳкор аст.