"Рэп мисли барф об мешавад, фалак мемонад..."

Хушрӯзи Бахтоваршоҳ

Ин бор ба барномаи "Меҳмони Озодӣ" фалаксарои ҷавон аз Бадахшон -- Хушрӯзи Бахтоваршоҳ даъват шуд.
Меҳмони навбатии мо Хушрӯзи Бахтоваршоҳ, фалаксарои наврас, аммо муваффақи тоҷик аст, ки барои рушди истеъдоди худ, дар синни наврасӣ аз Бадахшон ба Душанбе омада, зиндагии дур аз волидонро интихоб кардааст.

З.Н: Хушрӯз дар шароите, ки аксар ҳамсолони Шумо ба эстрада ва рэп таваҷҷӯҳ доранд, чӣ сабаб шуд, ки фалакро интихоб кардед?

Х.Б: "Сесола будам ва бо падарам -- Олуча Маъюбшоев, ки худ фалаксаро ҳастанд, кам-кам ҳамовозӣ мекардам. Ҳамин тавр, ба консертҳои вилоятӣ роҳ ёфтам ва соли 2008 ба ҷашни фалак ба пойтахт даъват шудам. Он вақт 9 сол доштам ва дар назди раисиҷумҳур нахустин бор фалак сурудам. Баъдан дар соли 2009 бо машварати ҳунармандони дигар, падарам маро барои рушди ин истеъдодам ба Душанбе оварданд. Дар ин ҷо дар мактаби интернати махсуси мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев ба таҳсил шурӯъ кардам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Меҳмони "Озодӣ"



З.Н.: Хушрӯз, фалак аз дигар жанрҳои мусиқӣ чӣ бартарӣ дорад, аз нигоҳи Шумо?

Х.Б.: "Бартарияш дар он аст, ки эстрада ва рэп мисли барф об мешаванд, гузарандаанд. Аммо фалак ин мусиқии қадимист ва кӯҳнанашаванда аст. Фалакҳо даштӣ, бадахашонӣ, зарафшонӣ мешаванд. Вақте фалак месароӣ, номи ту ҳамеша мемонад. Фалакро ҳар кас ҳам наметавонад хонад. Овози хуб лозим."

З.Н.: Аммо дар навъҳои дигари мусиқӣ ҳам худро санҷидаед?

Х.Б.: "Бале, баъзан сурудҳо дар жанри эстрада месароям, аммо аксарият мегӯянд, аз ин таронаҳоям ҳам бӯйи фалак меояд."

З.Н.: Дар интихобу оҳангу матнҳо кӣ ба Шумо кӯмак мекунад?

Х.Б.: "Оҳангсоз Хуррами Хусравзод. Матни сурудҳоро бошад, худам аз китобҳо мегирам."

З.Н.: Дар синни 14 дур аз падару модар, дар пойтахт зиндагӣ кардан мушкил нест барои Шумо?

Х.Б.: "Мушкил аст, албатта. Аввал дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, ҳамеша гиря мекардам. Шароит хуб набуд, мушкилӣ мекашидам. Ҳоло бо амакам зиндагӣ дорам. Аз як сӯ ин хуб аст, ки шахс мустақил мешавад, аммо баъзан фикр мекунам дар назди падару модар будану беҳтар аст, ман ба машварату дастгирии онҳо ниёз дорам имрӯз."

З.Н.: Дар Душанбе аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред? Бо кумаки падару модар зиндагӣ доред, ё кӯмакпулӣ мегиред?

Х.Б.: "Не, соли аввал баъзан падару модарам ба ман кӯмак мекарданд, баъд аз ин ба тӯйҳо мерафтам. Шароити молии волидонам чандон хуб нест. Падарам дар театр кор мекунанд, 270 сомонӣ маош мегиранд, ки ба зиндагиямон намерасад. Барои ҳамин, онҳоро ташвиш намедиҳам. Маблағи солонаи таҳсили ман 600 сомонист. Ҳоло тӯй ҳам намеравам, бояд бештар аз пайи омӯзиш ва фаъолият бошам. Дар оянда мехоҳам, дар баробари ҳунари овозхонӣ, яъне фалаксароӣ, агар имкон даст доду ягон нафар аз ҷиҳати молӣ кӯмак кард, ягон пешаи дигареро ҳам аз худ кунам, то тавонам зиндагиамро хуб ба роҳ монаму волидонамро ҳам ба назди худ биёрам."