Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибеки Мурод: "Садди роҳи ману Шабнам шуданд"


Ҷонибеки Мурод
Ҷонибеки Мурод

Ҷонибек, фарзанди ҳунарманди саршинос Ҷӯрабеки Мурод, нахустин консерташ дар Душанберо баргузор мекунад.

Ӯ мегӯяд, дар ин консерт беҳтарин таронаҳои чанд соли пеш ва ҳам таронаҳои наверо, ки омода кардааст, иҷро хоҳад кард. Ҷонибеки Мурод дар меҳмонии Радиои Озодӣ буд ва ба чанд суоли мо дар бораи барномаи нави консертияш посух дод.
Бо Шабнам нақшаҳои зиёди ҷолибе доштем, аммо "душманон" сади роҳ шуданд. Ва мо зуд худро канор гирифтем, ки кор то ҷангу ҷанҷол кашида нашавад...


Ҷонибек: "Сурудҳои нав иҷро мешаванд. Ҳамчунин чанд дуэт мехонем, ҳамроҳи падарам ва бо Мадина, духтараке, ки дар клипҳои охирам ҳаст. Ду-се ситораи эстрадаи тоҷик низ меҳмони мо хоҳанд буд. Мехоҳем як консерти озод баргузор намоем, ки онҷо мисли Амрико ва Аврупо вақте тамошобинон ба толор медароянд, тамоми мушкилоти худро фаромӯш намуда, давоми ду соат танҳо хушҳолӣ кунанд, фароғат намоянд. Барои ин мо як шоу-барнома омода кардаем ва бовар дорам, ки ҳамаи тамошобинон аз консерт розӣ мераванд."

Озодӣ: Чанд таронаи тозае доред, ки тамошобинон бори аввал мешунаванд?

Ҷонибек: "Тақрибан 5 суруди нав ва 17 таронае, ки мухлисон аллакай медонанд, иҷро хоҳем кард. Мо имкон дорем, ки 15 суруди нав иҷро кунем, барои мо ягон мушкилие вуҷуд надорад, вале ин аввалин консерти ман дар Душанбе аст ва мухлисон сурудҳои дигарро низ шунидан мехоҳанд. Он сурудҳоеро, ки дӯст медоранд."

Озодӣ: То имрӯз ҳамроҳи падаратон чаҳор таронаи муштарак иҷро кардаед. Боз чанд дуэти дигар дар ҳоли омода шудан аст?

Ҷонибек: "Ду таронаи нав аллакай омода шудааст, ки дар консерт бори аввал мехонем. Яктоаш жанри мисли фалак аст, таронаи кӯҳистонӣ. Суруди дуюм «Шаб оям» таронаи шӯх аст ва бовар дорам ба мухлисон писанд меояд."

Озодӣ: Дар чаҳор дуэт, ки муштаракан иҷро кардаед, падаратон бо равияи интихобкардаи Шумо мехонад Акнун, хело ҷолиб аст, шунидани таронае, ки Ҷонибек дар жанри падар иҷро кардааст…

Ҷонибек: "Дар аввал вақте ман пешниҳод кардам, ки суруди якҷоя хонем, падарам мегуфтанд, ки ин чӣ хел мешавад, ман суруди эстрадӣ хонам. Маро бо таронаҳои халқӣ мешиносанд. Ман гуфтам, санъат ҳамааш як аст, чӣ сурудҳои халқӣ, чӣ шашмақом, чӣ эстрада. Ба падарам гуфтам, ки ҳоло ҷонибдорони сурудҳои эстрада зиёданд, хоҳем нахоҳем ҳамин хел аст ва барои он, ки хурдсолон ҳам шуморо шиносанд, бояд дар ин жанр ягон тарона сароем. Пас аз ин сурудҳоро хондан падарам мегӯянд, ки дар кӯчаҳо бачаҳои се-чаҳорсола ӯро дида
Ҷӯрабеки Мурод
«Пир манам, ҷавон манам, тир манам, камон манам» гуфта суруд мехонанд. Ҳамин гуна чӣ тавре, ки пиронсолон маро дида мегӯянд, ки фарзанди Ҷӯрабек Муродов, наврасону ҷавонон падарамро бинанд, падари Ҷонибек гуфта хитоб мекунанд. Санъаткори асил бояд кӯшиш кунад, ки шунавандаҳои тамоми синну солҳоро ба худ ҷалб кунад."

Озодӣ: Ахиран, бештар ба таронаҳои русӣ зиёд таваҷҷӯҳ кардаед. Дар гузашта низ чанд суруди русӣ иҷро карда будед, аммо ду таронаи охиратон «Сердце прости» ва «Песни для любимой» дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия ва клипбардорӣ шудаанд. Таваҷҷӯҳ ба таронаҳои русӣ ба хотири роҳ ёфтан ба шоу-бизнеси Русия аст ё чизи дигар?

Ҷонибек: "Бале, бале. Мо акнун роҳро ба шоу-бизнеси Русия шурӯъ кардаем. Ҳоло як албоми русӣ омода карда истодаем, ки тақрибан панҷ суруди он омода аст. Иншооллоҳ орзуву нақшаҳоямон дар ин роҳ амалӣ мешаванд."



Озодӣ: Дар чанд соли охир Шумо бештар кӯшиш мекунед, ки таронаҳоятонро дар хориҷи кишвар сабт намоед. Ба ҳирфаӣ будани студияҳои Тоҷикистон шубҳа доред?

Ҷонибек: "Ман дар студияҳои Маскав бештар таронаҳои худамро сабт мекунам. Охирин сурудҳоямро дар Лос-Анҷелоси Амрико сабт кардам. Дар он студияҳо ҳамааш дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Дастгоҳҳои муосир доранд. Дар мо чунин техникаву барномаҳо нестанд. Мо ҳатто кадрҳои хуб надорем. Агар бошанд ҳам як-дуто ҳастанд, ки пир шудаанд. Дар хориҷа кор кардан аввалан душвор аст, зеро маблағи зиёд сарф мешавад, лекин вақте зиёд бо онҳо кор мекунӣ, теъдоди дӯстон меафзоянд. Бо профессионалҳо ошно мегардӣ."

Озодӣ: Дар ҳоли ҳозир бо кадом ширкати хориҷие қарордоди ҳамкорӣ барои анҷоми барномаҳои консертӣ дар миён ҳаст?

Ҷонибек: "Ин мисли як сюрприз аст барои мухлисон. Дар охирҳои моҳи ноябр боз як сафар дорем. Як барномаи консертии бузург мешавад, аммо ҳоло номашро намегӯям, ки дар куҷо мегузарад. Вақте ин барнома баргузор шуд, худи мухлисон мефаҳманд. Ҳоло мо барои ин сафар омодагӣ мебинем. Баъдан нақшаҳои дигар ҳамааш аз онҷо маълум мешаванд."

Озодӣ: Ҷонибек, мешавад барои хонандаҳои сомонаи «Озодӣ» ҳадди аққал ишора кунед, ки ин консерт дар қитъаи Амрико баргузор мешавад, дар Аврупо ё Осиё?

Ҷонибек: "Дар қитъаи Амрико."

Озодӣ: Вақте дар мавриди ин сӯҳбат бо ҳамкоронамон аз Прага машварат мекардем, гуфтанд, ки як ҳаводори санъати Шумо аз Берлин ба шумо салом мефиристад...

Каролина, аз мухлисони Ҷонибек дар Олмон
Ҷонибек: "Номаш Каролина-а?"

Озодӣ: Бале. Королина мепурсад, ки кай ба Берлин меоед?

Ҷонибек: "Иншооллоҳ меравем. Аммо медонед, баъд аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бисёре аз созмондиҳандагони консертҳо дар Аврупо маблағҳои зиёдеро аз даст доданд. Аз ин ҳисоб вақтҳои охир барномаҳои консертӣ дар Аврупо камтар шудаанд. Ҳам консертҳои сарояндаҳои эронӣ, ҳам аз афғонҳо мисли ду соли пеш нест. Бояд вазъият хуб шавад. Ҳоло дар Амрико ва дар Маскав вазъ хуб аст, аммо дар Аврупо чандон шароит хуб нест. Рости гап, ҳоло мо низ ба ширкатҳои аврупоӣ, ки пештар кор мекардем, камтар бовар дорем. Метарсем, ки ба онҳо бовар намоему обрӯямон резад. Мехоҳем бо ширкатҳое кор кунем, ки дар ҳарфи худ биистанд. Аз ӯҳдаи кор бароянд."

Озодӣ: Ҷонибек, аз шоу-бизнеси Тоҷикистон чӣ ба Шумо писанд нест?

Ҷонибек: "Мушкили аввал ин аст, ки бисёре аз санъаткорони мо намефаҳманд, ки шоубизнес чӣ аст. Онҳо худашон намедонанд, ки бояд чӣ кор кунанд, чӣ хел кор кунанд. Дар мо фикру андеша тамоман дигар аст. Мо ҳам якбора тамоми ҷоро надидем. Аз тариқи интернет бояд ошно шаванд. Зиёдтар хонанд, маълумот бигиранд. Вақте ҳамроҳи аҳли хонавода мешинем, ман мегӯям, ки мехоҳам ба Лос-Анҷелос равам як-ду сол дар марказҳои продюсерияшон хонам. Зеро чизе, ки ман мефаҳмам, кам аст. Агар хоҳӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бароӣ, бояд як заминаи бузург дошта бошӣ. Шукри Худо, заминаи мо рӯз аз рӯз бузург мешавад ва тамоми ҳирфаиҳо ҳамроҳи мо ҳастанд, лекин ман ҳам бояд зиёд омӯзам. Чӣ гуна дуруст рафтор кардану ҳарф задан зиёд муҳим аст. Забондонӣ низ нақши зиёд мебозад. Дар мо ин чизҳоро намефаҳманд. Аз ҳисоби ноаҳливу беақлӣ санъатро ба сатҳи паст расонидем. Қадр намекунанд, «артист-да» мегӯянд. Дар тамоми дунё санъатро мисли як дин медонанду эҳтиром мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар он кишварҳо санъат боло меравад ва бо санъати худ парчами давлаташонро мебардоранд. Дар мо афсӯс, ки ба фарқу дарки ин чизҳо намерасанд. Дар мо бахилӣ, ба якдигар халал расонидан... Мо чӣ кори бад карда истодаем? Мо орзу дорем, ки парчами ватанро дар тамоми олам баланд бардорем. Аммо бо ҳамин орзу ҳам ба мо халал мерасонанд. Намехоҳанд, ки мо дар Тоҷикистон баромад кунем. Як мушкилҳое эҷод мекунанд, ки хандаи одам меояд…"

Озодӣ: Яъне, гуфан мехоҳед, ки пешорӯи баъзе сарояндаҳо монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд?

Ҷонибек: "На танҳо сарояндаҳо. Дар тамоми бахшҳо ҳамин хел аст."

Озодӣ: Соли равон дар озмуни «Суруди сол», ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг баргузор шуд, шумо дар садри ҷоизадорон қарор гирифтед. Шоҳҷоиза-«Беҳтарин сарояндаи сол»-ро ба худ ихтисос додед. Ҳамчунин сазовори ҷоизаи «Беҳтарин клип» шудед ва сарвари иҷроияи ширкати продюсерии «JM»-Беҳрӯз Зеваров «Беҳтарин продюссери сол» эътироф гардид. Аммо бо вуҷуд Шумо аз сатҳи баргузории ин чорабинӣ қаноатманд ҳастед?

Ҷонибек: "Рости гап, не. Бисёр дар сатҳи поин гузашт. Баъзеҳо шояд мегӯянд, ки беҳтарин ҷоизаҳоро гирифтӣ, чаро норозӣ ҳастӣ. Ман аз ҷониби тамошобинон ҳоло гап мезанам. Ин чорабинӣ бе омодагӣ баргузор шуд. «Суруди сол» ҳамон вақт «Суруди сол» буд, ки ширкати «Азия-Плюс» баргузор мекард. Маҳз ҳамон вақт санъаткорон ақаллан дар як сол як маротиба кӯшиш мекарданд, ки ҳунари худро нишон диҳанд, як чизи арзандаро пешниҳод кунанд. Бояд ин озмунро боз ба «Азия-Плюс» бидиҳанд, зеро танҳо онҳо дар сатҳи баланд онро ташкил карда метавонанд."

Озодӣ: Фаъолияти шумо дар шоубизнес аз гурӯҳи «Боло» оғоз ёфт. Баъдан гурӯҳи «Вазир»-ро таъсис додед. Замоне бо Шабнами Сурайё ҳамкории муштарак доштед. Ҳоло дар танҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунед. Сабаби ин ҳама тағйиротҳо дар чӣ буд?

Ҷонибек: "Падарам ҳамеша мегуфтанд, ки вақте 21-сола шудӣ, баъд бо номи худ шурӯъ кун. То 21-солагӣ ба танҳоӣ фаъолият накун, ки ё ба дили ҳама мезанӣ ё оғози хуб карда наметавонӣ. Барои ҳамин, ман қариб даҳ сол дар гурӯҳхо кор кардам. Ба тӯю маъракаҳо мерафтем, дар консертҳо иштирок мекардем. Зиёд омӯхтам, таҷриба гирифтам. Баъдан Шабнам пешниҳод кард, ки якҷоя фаъолият намоем ва қарордоди ҳамкорӣ имзо кунем. Давоми қариб дуюним сол якҷоя навгониҳои зиёде кардем. Ба қуллаҳои баланд расидем. Ҳоло худам дар танҳоӣ фаъолият мекунам ва дарк намудам, ки беҳтарин роҳ ҳамин дар танҳоӣ кор кардан будааст. Мо ширкати продюссерии худро дорем. Он ҷо бародарону додаракону дӯстони худам ҷамъ шудаанд. Шукри Худо фиреб нест, дурӯғ нест. Мисли як оила ҳастем."

Озодӣ: Замони ҳамкорӣ бо Шабнами Сурайё ҳар ду миёни мардум бештар маъруфият касб намудед. Ва маҳз ҳамон вақт роҳи шумо ба Аврупову Амрико боз шуд. Миссияи пеши худгузоштаро бо Шабнам анҷомшуда донистед, ки қарордод тамдид нашуд?

Шабнами Сурайё
Ҷонибек: "Бо Шабнам нақшаҳои зиёди ҷолибе доштем, аммо душманон сади роҳ шуданд. Ба суханҳои душманон дода шуданд ва мо зуд худамонро канор гирифтем, ки кор то ҷангу ҷанҷол кашол наёбад, низое сар назанад. Бо Шабнам мо ба пешравиҳои зиёд ноил шудем. Баъзеҳо барои амалӣ шудани орзуҳояшон 15 сол талош меварзанд, мо дар миёни ду сол нақшаҳои пешгузоштаро амалӣ намудем. Дар таърихи санъати тоҷик мо аввалин нафароне будем, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба кишварҳои пешрафтаи дунё сафарҳои ҳунарии тиҷоратӣ анҷом додем. Нархи билетҳои консертҳои мо аз 50 то 150 доллар буд. Қарордодҳоро барои ин консертҳо ширкати «JM» дар сатҳи олӣ ба роҳ монда буд, ки ҳатто ташкилкунандаҳо дар Аврупову Амрико дар ҳайрат афтода буданд. Онҳо фикр мекарданд, ки мо ин чизҳоро намефаҳмем ва моро фиреб медиҳанд. Аммо чунин нашуд."

Озодӣ: Дар сафарҳои хориҷие, ки доштед мутрибон низ Шуморо ҳамроҳӣ мекарданд…

Ҷонибек: "Бале, дар ҳоле ки баъзе аз навозандаҳоҳо орзу мекунанд, ки ба як кишвари хориҷӣ раванд, мо дар сафарҳои хориҷӣ ҳудуди 15 нафар аз мутрибонро низ бо худ гирифтем. Онҳо бисёр чизҳоро омӯхтанд ва дар роҳи худ яке аз беҳтаринҳо шудаанд, зеро зиёд диданд. Тавре мегӯянд, шунидан кай бувад монанди дидан. Албатта, душвор аст барои 15 нафар раводиди Амрико гирифтану онҳоро бурдан. Маблағи сафар, ҷои зисту ғизо. Метавонем, ки бо як қисми ин маблағ аз он ҷо чаҳор навозанда бигирему маблағҳоро ба кисаи худ занем, аммо чунин накардем. Мо мехоҳем, ки навозандаҳои тоҷик низ бубинанд, омӯзанд. Афсӯс, на ҳамеша ин хидматҳоро қадр мекунанд."

Озодӣ: Чанд клипи тозае доред, ки ҳирфаӣ наворбардорӣ шудаанд. Махсусан клипе, ки бар матни таронаи «Сердце прости» таҳия шудааст. Таври маълум барои чунин клип дар хориҷа маблағи зиёде талаб мешавад. Маблағҳо аз ҳисоби тӯйҳо буд ё аз консертҳои хориҷӣ?

Ҷонибек: "Як қисми ин маблағ аз ҳисоби тӯйу маъракаву консертҳо ба даст омадааст. Боз шукри Худо дӯстону бародарон ҳастанд, ки санъати маро дӯст медоранд ва кӯмак мекунанд. Ҳамчунин ҷавонмардоне ҳастанд, ки барои рушди санъат ҳамеша дасти мадад дароз менамоянд. Ин клип, хато намекунам, агар гӯям, ки яке аз қимматарин клип дар Осиёи Миёна аст. Дар санъати эстрадаи тоҷик дар бораи чунин клип ҳатто фикр ҳам намекарданд. Клипро Баҳодур Юлдошев, яке аз клипмейкерҳои маъруфи ИДМ ва Аврупо таҳия кардааст. Мо қариб якуним сол ӯро хоҳиш кардем барои клипбардорӣ. Ниҳоят розияш кардем ва ҳоло яке аз дӯстони хуби мо аст ва зуд-зуд занг зада мегӯяд, ки мехоҳад ҳамкориҳоро идома диҳем."

Озодӣ: Ин клип дар куҷо наворбардорӣ шудааст?

Ҷонибек: "Дар Лос-Анҷелос ва иёлати Аризонаи Амрико. Мо онро мисли баъзе сарояндаҳо бо як камера пинҳонӣ сабт накардаем. Ҳамааш дар сатҳи профессионалӣ ва қонунӣ анҷом шуд. Барои сабт кардан мо иҷозатнома гирифтем, ҳам дар метро, ҳам дар маркази шаҳр, ҳам дар соҳили баҳр. Медонед барои иҷоза гирифтан чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Вақти сабт минтақаи наворбардорӣ баста шуда, аз ҷониби муҳофизон нигаҳбонӣ мешуд. Як мошини калон таҷҳизоти лозимаро мекашонд. Давоми ду ҳафтае, ки сабт идома ёфт, ман аз кори онҳо лаззат бурдам."

Озодӣ: Шумо дар қатори камтарин овозхонҳое ҳастед, ки торнамои расмияшон фаъол аст...

Ҷонибек: "Торнамо нақши бузург дорад. Масалан, вақте продюссер бо як ширкати хориҷӣ барои баргузор кардани консерт сӯҳбат мекунад, ҳатман мепурсанд, ки вай чӣ гуна ҳунарманд аст ва барои муаррифӣ кардан нишонии торнаморо медиҳӣ. Он нафар аз торнамо мебинад, ки чӣ сурудҳо дорӣ, чӣ клипҳо бардоштаӣ, оҳангҳоят чӣ гунаанд. Ҳамин доштани вебсайт худаш ними муваффақият аст, дар чунин ҳолатҳо. Аммо вақте пурсад, ки чӣ гуна бо ҳунари сароянда ошно шавем ва ту суроғаи «Мой мир» ё «Ютюб»-ро медиҳӣ, ин хандаовар аст. Ҳар санъаткоре, ки худашро эҳтиром мекунад, бояд сомона дошта бошад. Мо барои сомонаи расмӣ ҳам маблағи зиёде сарф кардаем. Нафарони зиёде ба мо менависанд, клипҳоро тамошо мекунанд…"
XS
SM
MD
LG