Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуст консерти фалаксароён дар Хуҷанд


Баъд аз ду соли таъсис ансамбли фолклорӣ-этнографии фалаки Хуҷанд барои бори аввал маҳсули ҳунарии худро пешкаши ҳаводорони ин санъати қадимаи мардумӣ гардонид. Барнома дар кохи фарҳангии ба номи Рудакӣ дар Хуҷанд баргузор шуд ва дар он намунаи таронаҳои халқӣ ва инчунин ашъори шоирони муосирро ҳофизони фалаксаро манзури ҳаводоронашон гардониданд.

Ҳарчанд, дар маросими баргузории ин намоиш чун дигар намоишҳо толор пур аз тамошобин набуд, вале кафкӯбии бардавоми иштирокчиён табъи ҳофизонро шод мегардонду, онҳо бо шавқи афзун фалаксароӣ мекарданд.

Асрор Камолиддинов, роҳбари ансамбл, мегӯяд, фалак жанри мардумӣ аст ва муғанниёни зиёде ин ҳунари аҷдодиро тӯли ҳазорсолаҳо барои насли имрӯз мерос гузоштаанд. Ба гуфтаи вай, фалаксароӣ дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва дар қатори вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ки макони рушди фалак дониста мешаванд, мардуми Суғду Зарафшон низ ба фалаксароӣ майли зиёд доранд.

Қутбиддин Давлатов, фалаксарои номии суғдӣ, мегӯяд, миёни мардуми минтақа бештар фалаки «даштӣ» ва кӯҳистонӣ машҳур аст, ва дар тӯли қарнҳои гузашта падару бобоён ба ҳангоми дараву хӯшачинӣ дар саҳро мехонданд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳам ба назар мерасад, ки фалаксароӣ миёни мардуми вилояти Суғд мақоми худро гум накардаасту, ҷавонони зиёде дар талоши рушду такмили ин ҳунари суннатии худанд.

Асрор Камолиддинов, роҳбари ансамбли фолклорӣ- этнографии фалак дар Хуҷанд, мегӯяд, бо вуҷуди ҷалби бештари ҷавонон ба фалаксароӣ, вале, ба назар мерасад, ҳавасмандии кам нисбат ба фарҳангу ҳунар шавқи бисёриҳоро коста намудааст. Ҳамчунин, набуди маблағ ва камбуди асбобҳои вижаи мусиқӣ, мегӯяд оқои Камолиддинов, монеъи густариши фаъолияти онҳо аст.

Гурӯҳи фалаксароёни суғдӣ аз ҳоло барои таҳияи як барномаи касбии худ омодагӣ мегиранд ва ният доранд, то авохири соли ҷорӣ маҳсули ҳунари худро дар Эрону Афғонистон ба намоиш гузоранд.
XS
SM
MD
LG