"Боғи ирам"-и шаҳри Душанбе, ки маҳалли аслии таҷлили ин сана буд, наздики 50 фалаксарои тоҷикро аз қаламрави кишвар гирди ҳам овард. Дар ин маҳфил навраси 15-солае ҳам баробари Давлатманди Хол, раҳбари ансамбли давлатии "Фалак" рӯи саҳна омад.
Бархе аз тамошобинон ҳадс мезаданд, ки ин писари хурдии Давлатманд аст. Қисме ӯро набераи Гулчеҳра Содиқова, фалаксарои маъруфи тоҷик мегуфтанд, чун садояш ба ин бонуи овозхон монандиҳое дошт.
Аммо дар охир рӯшан шуд, ки на ин асту на он. Ин навраси 15-сола бо номи Хусрав Шукуров бо Гулчеҳра пайвандии хешутаборӣ надошта, Давлатманди Холро аз наздик намешинохтааст. Хабарнигори "Озодӣ" бо ин фалаксарои наврас сӯҳбате дошт.
Озодӣ: Ту аз кӯчактарин иштирокчии "Рӯзи фалак" будӣ ва дар нуқтаи финалӣ ҳамроҳ бо Давлатманди Хол, раҳбари ансамбли давлатии "Фалак" рӯи саҳна омадӣ. Чӣ гуна шуд, ки туро ба ба ин ҷашн даъват намуданд?
Хусрав Шукуров: "Устод, Қурбони Қурбониён (устоди Филармонияи давлатии Тоҷикистон) гуфтанд, ки рӯзи 10-уми октябр "Рӯзи фалак" мешавад. Ман ӯро хоҳиш кардам, ки агар илоҷаш бошад, маро ҳам баред. Гуфтанд, ки ман як занг зада мепурсам. Занг заданд ва Давлатманди Хол гуфтаанд, ки биёред, мебинем. Рафтем ман навохтам ва фалак хондам маъқул шуд ва барои "Рӯзи фалак" роҳхат доданд."
Озодӣ: Бори аввал буд, ки ҳунаратро пеши Давлатманди Хол нишон медодӣ?
Хусрав Шукуров: "Бале."
Озодӣ: Қабл аз "Рӯзи фалак" дар ягон маҳфил ё чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баландтаре иштирок доштед?
Хусрав Шукуров: "Бале, худам танҳо, бо Давлатманди Хол баромад накарда будам. Чанд сол пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа "Рӯзи фалак"-ро ҷашн гирифта буданд, ман иштирок карда ҷои дуюмро гирифтам. Вазири фарҳанг ба ман диплом супорида буд. Соли 2010 дар вилояти Суғд фестивали "Донак" баргузор шуд, ман оҳанг навохта ва сазовори ҷои аввал шудам."
Озодӣ: Хусрав, чаро фалакро интихоб кардӣ?
Хусрав Шукуров: "Вақте хурд будам, ҳар чӣ ки ба дастам меафтод, мегирифтаму монанди тор менавохтам. Як рӯз падарам маро ба мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа бурданд. Онҷо аз устоди аввалинам Ҳайдаров Ғоибназар нозукиҳои навохтани дуторро омӯхтам. Ҳамин хел ба фалак ҳам шавқам зиёд шуд."
Озодӣ: Дар Қӯрғонтеппа чӣ қадар таҳсил кардӣ?
Хусрав Шукуров: "Панҷ сол."
Озодӣ: Қиссаи ба Душанбе омаданат чӣ гуна сурат гирифт?
Хусрав Шукуров: "Дар Душанбе озмуни навозандаҳои ҷавон шуд ман ҳам иштирок кардам. Баъд директори мактаб-интернати миёнаи санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев гуфтааст, ки ӯро ба назди ман биёред. Омадам имтиҳон супоридам ва дохил шудам."
Озодӣ: Ба ҷуз аз дутор боз кадом асбобҳои мусиқиро менавозӣ?
Хусрав Шукуров: "Қариб тамоми асбобҳои мусиқии миллиро кам-кам менавозам. Рубоб, таблак, най, ғижак ва боз гитору фортепиано."
Озодӣ: Оё барои оянда нақшае тарҳрезӣ кардаӣ?
Хусрав Шукуров: "Бале, мехоҳам аз нозукиҳои мусиқӣ ба хубӣ огаҳ шавам ва ба шеърҳои пурмазмун оҳанг баста пешниҳоди мардум кунам. Аз ҳама пештар мехоҳам, ки ба мардуми азизам хидмат кунам."