Як ҷавонписари 22- сола барои куштори дӯстдухтараш боздошт шудааст.
Комилҷони Зафархон, сокини ноҳияи Кӯлоб ҷавондухтари 20-соларо, ки ба издивоҷи ӯ бо духтари дигар монеъ шуда буд, бегоҳии рӯзи 26-уми август, дар Боғи фарҳану фароғатии шаҳр ба қатл расонд.
Ин ҷавон бо духтар ду сол муносибатҳои ошиқона дошт, вале барномаи пинҳонии издивоҷи ӯ бо нафари дигар духтарро шадидан нороҳат кард. Духтар тасмим гирифт, то хостгорҳоро аз ин тасмимашон баргардонад, аммо писар ӯро ба мулоқот даъват карда, бо рӯймоли сар бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонад. Дар ҳоле, ки волидайни ин писар ба ҷои дигар хостгорӣ мераванд, писарашон аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуд.
Озар Исоев, муовини додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, феълан, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи куштори Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст ва тафтиш идома дорад. Ба гуфтаи Исоев, боздоштшуда ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор шудааст ва ҳоло муфатишони додситони ҳолатҳои дигари корро меомӯзанд.
Аммо ин ҳодиса аксари ҷавонони шаҳрро ба ҳайрат оварда, боиси пайдо шудани овозаҳои гуногун гаштааст. Сарвиноз, як ҷавондухтари маҳаллӣ мегӯяд, ин ҳодиса ҳушдорест, ба ҷавондухтарҳо, ки дар муносибат бо писарон аз эҳтиёт кор бигиранд: «Ҳамааш тақдиру дар дасти Худо ҳаст. Лекин бояд ба ҳамаи духтарон дарси ибрат шавад. Набояд ба бачаҳо бовар кард. Сад дурӯғ мегӯянд, лекин ҷояш омад, дар ҳақат чунин хиёнат мекунанд».
Ба чунин тарз аксари ҷавондухтарон дар ин ҳодиса бо нафрат писаронро маҳкум мекунанд. Аммо занҳои бузургсол мегӯянд, набояд духтарону писарон пеш аз никоҳ шиносоии тӯлонӣ дошта бошанд. Саъбагул Ашурова, як зани бузургсол мегӯяд, ӯро падару модараш бидуни интихоб ба шавҳар додаанд ва ҳоло ӯ хушбахт аст. Ин зан мегӯяд, духтарон набояд фирефтаи дурӯғҳои писарон шуда, ба чунин роҳҳо раванд: «Бояд духтарон сабр кунанд, гапи падару модарро бигиранд. Ҳамин як шавҳар аст, як рӯз не, як рӯз пайдо мешавад. Худро беобрӯ кардан ба фикрам хуб нест».
Ин ҳодиса дар миёни бархе ҷавонон баҳси шиносоии пеш аз никоҳро низ ба вуҷуд овардааст. Саидмӯъмин, як ҷавон мегӯяд, хуб аст, ки писару духтар пеш аз никоҳ шиносӣ дошта бошанд, аммо на бо мақсади фиреби ҳамдигар: «Шахсан, ман пеш аз тӯй, бо занам шиносоӣ доштам. Аммо танҳо бо ӯ дӯстӣ намудам ва бо ӯ хонадор шудам, фиребаш накардам. Ҳар ҷавон ҳар хел характер дорад ва набояд дар бораи ҳамаи ҷавонон як хел фикр кард».
Нурмуҳаммад, ҷавони дигар мегӯяд, замони Шӯравӣ ҷавонон хеле боодобона бо ҳам муносибатҳои ошиқӣ мекарданд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, бо пайдоиши телефонҳои мобилӣ муносибатҳои ошиқии ҷавонон ба ҳади ифрот расидааст: «Дар ҳамин ҳодисаи гузашта нақши телефонии мобилӣ калон аст. Телефон писарону духтаронро вайрон кардааст. Шаб телефон мекунад, ки ба фалон ҷо биё. Агар ҳамин телефон набошад, чи тавр даъват мекунад. Бояд падару модарон аз болои духтарону писарони телефонбозашон назоратро сахттар кунанд».
Ҳоло дар тамоми шаҳр қиссаи ин ду ошиқу маъшуқ, ки дар поён қотилу мақтул шуданд, боиси овозаҳои гуногун гаштааст. Ҳар нафар ин ҳодисаро ба таври худ шарҳ медиҳад.