Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғамбеморӣ. Оқибати ҷанг, фақр, муҳоҷират...


Беморхонаи касалиҳои рӯҳии "Кӯктош", ноҳияи Рӯдакӣ
Беморхонаи касалиҳои рӯҳии "Кӯктош", ноҳияи Рӯдакӣ

Як сокини Душанбе мегӯяд, фарзанди нахустинашро, ки ҳоло 8 сол дорад, бо нишонаҳои бемории равонӣ ба дунё овардааст.

Иллати аз батни модар бемор ба дунё омадани кӯдакро пизишкон ба фишори равоние марбут донистаанд, ки модар ба он гирифтор буд.

Ин сокини Душанбе гуфт: "Аслан немехоҳам дар ин бора гап занам, чунки ба хотир овардан намехоҳам. Ман як соли дароз аз хона
Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 100 нафар дар ҳолати депрессия ё фишори равонӣ даст ба худкушӣ задаанд...

набаромадам, фақат гиря кардам. Ба ҳеҷ ҷой намерафтам. Ҳамон вақт думоҳа ҳомила будам. Кӯдакам аз рӯзи таваллуд шуданаш бемор буд. Гап намезанад, ҳатто ягон ишораро намефаҳмад. Ҳар хел ҳаракатҳои нофаҳмо мекунад."

Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ ва хисороти ҷониву молӣ, фирор аз ватан, бебизоативу бечорагӣ бисёриҳоро аз зиндагӣ безор ва равони онҳоро бемор кардааст. Баъдан ба ин нохушиҳо муҳоҷирати корӣ илова шуд ва ҳамин тавр мушкилоти иқтисодӣ, ки бахши умдаи аҳолиро фаро
гирифтааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим


Мутахассисон ва коршиносони байнулмилалӣ, депрессия ё фишорҳои равониро оғоз ё сарчашмаи пайдоиши бемориҳои рӯҳиву равонӣ дар миёни мардум дониста, паёмади онро махсусан барои занҳои қобили таваллуд даҳшатбор арзёбӣ мекунанд.

Дар рӯзи ҷаҳонии ҷилавгирӣ аз бемориҳои равонӣ, ки дар рӯзи 10 октябр муайян шудааст, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, беэътиноӣ дар баробари фишори рӯҳиву равонӣ ба нерӯи зеҳниву ақлонии ҷомеа таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ин созмон, мушкили аслии Тоҷикистон дар ташхису табобати мардуми гирифтори депрессияи зиндагибезорӣ, ангуштумор будани мутахасисони ин соҳа аст.

Аммо мушкил танҳо ангуштшумор будани мутахассисони равоншинос нест. Мушкили аслӣ ин аст, ки бахши умдаи мардуми гирифтор ба депрессия ва фишорҳои равонӣ, худро мариз намешуморанд ва аз муроҷиат ба табибон истиҳола мекунанд.

Хуршед Қунғуротов
Хуршед Қунғуротов
Хуршед Қунғуротов, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ мегӯяд: "Бале, ин беморӣ аст ва ҳамчун беморӣ шинохта шудааст. Ин бемориро дар гузашта ғамбеморӣ мегуфтанд, ки нишонаҳои он бехобӣ ва асабоният аст. Масалан, дар як рӯз ба ман ҳамчун мутахассис даҳҳо
нафар бо нишонаҳои депрессия муроҷиат мекунанд. Аввалин доруи мо барои онҳо сӯҳбат ва дилбардорӣ аст. Дуввум, мувофиқ ба ҳолат ва дараҷаи беморӣ доруву дармон мефармоем. Вале мушкил ин аст, ки мутахассис дорему кам аст. Дар марказ яъне Душанбе мо мутахассис надорем. Хайр дар баъзе ноҳияҳо ягон-ягон ҳаст, вале дар 23 шаҳру ноҳияҳо ва чи тавре, ки гуфтам дар пойтахт хеле кам аст мутахассис."

Коршиносони маҳаллӣ бо ишора ба таҷрибаи солҳои Шӯравӣ, яъне таваҷҷӯҳи хоса ба гирифторони бемориҳои рӯҳиву равонӣ, мегӯянд, ки муттасифона ҳоло танҳо 2 дарсади буҷаи беҳдошт барои ин бахш сарф мешавад. Павел Урсу, сардори раёсати намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон гуфт, депрессия ҳамчун як манбаи аслии пайдоиши бемориҳои рӯҳиву равонӣ дар ҷаҳон мутобиқ ба ҳолату вазъият ва марҳилаҳои мухталифи он табобат карда мешавад.

Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳарчанд аз лиҳози иқтисодӣ мушкил дорад, вале бо СҶБ ва дигар созмонҳо омодаи ҳамкорист ва ин созмон омода аст, ки барномаҳои ҳукуматиро роҷеъ ба ҷилавгирӣ ва табобати ин беморӣ дастгирӣ намояд.

Аммо Наргис Зиёвуддинова, намояндаи яке аз созмонҳои ғайридавлатии Узбакистон, ки барои мубодилаи таҷриба ба Душанбе омадааст, мегӯяд, дар Узбакистон бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, дар тамоми донишгоҳҳо бахшҳои равоншиносӣ кушода шудаанд ва дар давоми таҳсил донишҷӯён дар баробари ихтисосҳои худ, инчунин дар ин бахшҳо таҳсил карда, дар баробари диплом шаҳодатномаи равоншиносро низ дарёфт менамоянд: "Инчунин бояд гуфт, ки қариб дар тамоми корхонаву созмонҳо дар баробари ҳуқуқшинос ва духтур, ҳатман равоншиносон кор мекунанд. Ин мутахассисон маоши бад намегиранд. Инчунин ногуфта намонад, ки хонаводаҳо кӯшиш мекунанд, ки равоншиносони худро дошта бошанд."

Бино ба омори расмии ду соли пеш теъдоди гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор нафар гуфта мешуд. Ҳоло маълум нест, ки ин рақам бештар шудааст ё кам, зеро Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар ин маврид худдорӣ мекунад. Вале ба гуфтаи ниҳодҳои ҷамъиятии беҳдоштӣ, ҳамасола теъдоди чунин беморон то 2 ҳазор нафар меафзояд. Танҳо дар се моҳи аввали соли равон, дар Тоҷикистон 100 нафар дар ҳолати депрессия ё фишори равонӣ даст ба худкушӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG