Зарнигор Дадобоеваи 28-сола, сокини ноҳияи Ашт ва Татяна Новиковаи мактабхони синфи 11 аз ноҳияи Зафаробод бо роҳи овехтан худро ба ҳалокат расонидаанд. Аммо хушбахтона, Муҳиба Сатторова, сокини 18 солаи ноҳияи Истаравшанро наздиконаш аз ҳалқаи дор халос кардаанд.
Ҳамчунин Парвина Ҷӯраеваи 18-сола, сокини Қайроқумро баъди фурӯ бурдани 5 дона доруи «Димедрол» ба қасди худкушӣ, одамон аз кӯча ба бемористон интиқол додаанд. Парвина гуфтааст, ки ӯро бекориву сахтии рӯзгор маҷбур ба ҳамчунин коре кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ дар вилояти Суғд боз 2 мавриди худкушӣ сабт шуда, аз ҷумла як хонандаи синфи 11 даст ба худкушӣ зада буд. Ҷасади ба дор овехтаи ин наврасро дар ноҳияи Шаҳристон ҳамсоягонаш пайдо карда буданд. Аммо дар ноҳияи Ашт як сокини 43- солаи рустои Шайдон низ аз роҳи дор риштаи умри худро қатъ карда буд.
Бино ба маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, дар соли 2011 дар вилояти Суғд 235 мавриди қасди худкушӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи Шариф Назаров, сардори ин ниҳод, таҳқиқи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва пизишкон муайян кардааст, ки 57 нафар ба сабаби бемории рӯҳӣ ва 66 кас дар пайи мушкилоти зиндагиву муноқишаҳои оилавӣ худкушӣ кардаанд. Аммо сабаби худкушии 43 нафар ошкор нашудааст.
Бар пояи омори расмӣ, соли 2011 худкушӣ ва қасди худкушии одамон дар вилояти Суғд аз 309 то 235 маврид коҳиш ёфтааст. Ва ин бо роҳи ҷалби ҷомеа ба мавзӯи худкушии одамон ва ҷилавгирии он даст додааст. Аммо бо вуҷуди ин, омори баланди худкушӣ дар вилояти Суғд, нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Муҳаррама Раҳимова, рӯҳшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, одамони дучори бӯҳрони рӯҳониву равонӣ ва дар вартаи яъсу ноумедиӣ афтода, дастрасӣ ба табибони рӯҳшинос надоранд. Чунки дар ҳоли ҳозир танҳо дар бемористонҳои марказии шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд танҳо як табиби рӯҳшинос кор мекунад ва ба маълумоти идораи тандурустии Суғд, муассисаҳои тиббии вилоят, ба хусус беморхонаҳои деҳот ба норасоии шадиди табибони рӯҳшинос рӯ ба рӯянд.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ
Ва ин ҳам дар ҳолест, зиндагии мардумони Осиёи Миёна аз ҳар нигоҳ, аз кору фаъолият то интихоби ҳамсар барои фарзандон пойбандии иҷтимоӣ аст ва бемории рӯҳӣ будани як узви хонадон, ба бовари сокинон, гӯё шаъну мартабаи хонаводаи онҳоро дар ҷомеа «доғдор» мекунад. Ва маъмулан хонаводаҳои тоҷик аз ифшои сабабу ангезаҳои аслии худкушии узви оилаи худ ва додани ҷасад барои пажӯҳиши додгоҳиву тиббӣ худдорӣ меварзанд. Дар чанд соли қабл, додситонии Суғд мавридҳоеро ҳам ошкор карда буд, ки одамон наздикони худро кушта, баъдан мурдаи онҳоро дар ҳалқаи дор задаанд.
Моҳира Раҳимзода, рӯзноманигори нашрияи «Сухани халқ», ки дар мавзӯи худкушии занҳову духтарон мақолаҳои пажӯҳишие таълиф кардааст, мегӯяд, аксари занҳои суғдии худкушикарда бекору бемаълумот ва аз оилаҳои нодоранд. Онҳо аз сӯи шавҳарони худ ё волидайни шавҳар мавриди хушунат қарор мегиранд ва дар вартаи яъсу ноумедӣ афтода, роҳи халос шуданро дар худкушӣ мебинанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи хонум Раҳимзода, духтарони бо роҳи худкушӣ тарки зиндагӣ намуда аз оилаҳои нодор ва гирифтори мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ҳастанд ва аз равзане нури умед ба ояндаи неки зиндагӣ бар рӯи онҳо намедурахшад. Гоҳе ҳам онҳо ба роҳи хато рафта, бо роҳи ғайришаръӣ ҳомила мешаванд ва зери таънаву маломати атрофиёни худ даст ба худкушӣ мезананд.
Бархе аз рӯҳониёни Суғд мегӯянд, костани эътиқоди динии қисмате аз мардум боиси беранг шудани мафҳуми зиндагӣ барои онҳо ва осебпазир шудани онҳо дар баробари садамаҳои зиндагӣ шудааст. Ин гуна одамон дар зиндагӣ фаъол нестанд ва роҳи халосиро дар худкушӣ мебинанд.
Аммо ба гуфтаи хонум Раҳимзода, ғамхориву дастгирии атрофиён ва талқини муҳаббат ба зиндагӣ чизест, ки ҳар кас аз ҳама беш ба он ниёз доранд ва нафари дар вартаи ноумедӣ дар хаёли худкуширо ба зиндагӣ бармегардонад.