Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳ: Духтарон ба мактаб бармегарданд...


Робиа Амируллоҳзода, хонандаи яке аз мактабҳои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Робиа Амируллоҳзода, хонандаи яке аз мактабҳои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Аъзои форум-театри ҷавонон - "Сулҳ" бо нақшофарӣ алайҳи хушунату зӯроварӣ нисбати духтарон "мубориза" мебаранд.

Робиа Амируллоҳзода, муҳассили мактаби миёна аз деҳаи дурдасти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, тассавуроти аҳли ин ҷамоатро нисбати таҳсили духтарон дигар кардааст.

То ин дам дар ин деҳаи дурдаст танҳо 42 дарсади духтарон пас аз синфи 9 таҳсили худро идома медоданд. Издивоҷи барвақти духтарҳо аз вижагиҳои ин минтақаи кӯҳдоман ва мазҳабии Тоҷикистон аст, ки мардуми он ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам маҳдудият доштанд.

Аммо ахиран Робиа Амируллоҳзода бо нақшофарӣ дар аксар саҳнаҳои форум- театри ҷавонон - “Сулҳ” тавонистааст назари мардумро ба мавзӯи таҳсили духтарон тағйир бидиҳад.

Дилрабо Раҷабова, омӯзгори мактаби рақами 27-и Чоркӯҳ
Дилрабо Раҷабова, омӯзгори мактаби рақами 27-и Чоркӯҳ
Дилрабо Раҷабова, омӯзгори мактаби 27-и ҷамоати Чоркӯҳ ва аъзои форум- театри ҷавонон - “Сулҳ” мегӯяд, нақшҳои иҷрокардаи Робиа дар мавзӯъҳои доғе чун зӯроварӣ ба духтарон, зарурати таҳсили духтарҳо, аҳамияти таълиму тадрис баҳсҳоеро дар миёни волидайн эҷод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “дар мактабе, ки ман дарс мегӯям 60 нафар духтарон ба мактаб баргаштанд. Ҳоло онҳо таҳсили худашонро пас аз синфи 9 идома медиҳанд. Дар мактаби ҷамоати Сурх бошад, пас аз баргаштани духтарон ба мактаб се синфи нав боз шуд.”

Шаҳзод Ортиқов, ҳунарманди дигари ин театр аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, мегӯяд шоҳиди он шудааст, ки дар яке аз саҳнаҳо, ки ба мушкили ришватхорӣ дахл дошт, чанд мансабдор то охир саҳнаро тамошо накарда, толорро тарк намудаанд. Ӯ мегӯяд, “мо дар мавзӯъҳои об, камбуди барқ, азҳампошии хонаводаҳои ҷавон, ришвахорӣ ва саркашӣ кардани ҷавонон аз артиш саҳнаҳо намоиш додем, ки мушкилоти имрӯзи кишвари моро бозгӯӣ мекунанд.”

Дилафрӯз Баротова, як ширкатдори форум-театри ҷавонон - “Сулҳ” аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, мегӯяд ба фарқ аз театрҳои маъмулӣ ин форум–театр мушкилоти имрӯзаи ҷомеаро ба таври сареъ ба тамошобинон пешкаш мекунад. Дилафрӯз, ки худ ду сол аст, дар саҳнаҳои форум-театр нақш меофарад, гуфт, пас аз тамошои саҳнаҳои онҳо одамон сари мушкилоти рӯзмарра андеша карда, бо ҳам онро муҳокима мекунанд.

Аъзои форум-театри ҷавонон - "Сулҳ"
Аъзои форум-театри ҷавонон - "Сулҳ"
Хушунати хонаводагӣ ва муносибати носолим бо духтарону занон аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ бештар аз 400 ҷинояти марбут ба хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла куштору худкушӣ ва таҷовузу лату кӯбро ошкор кардаанд. Феълан ин мақомот бештар аз 2 ҳазор хонаводаи "носолим"-ро таҳти назорат қарор додаанд, ки дар ин хонаводаҳо қариб ҳамарӯза хушунату зӯроварӣ ва муноқиша мушоҳида мешавад.

Форум-театри ҷавонон - “Сулҳ” дар Тоҷикистон аз ҷониби АЙРЕКС бо ҳамроҳии созмонҳои ғайридавлатии “Эҳё” ва “Фидокор” бо ҳимояти молии Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико ё USAID роҳандозӣ мешавад. Ба қавли масъулони ин тарҳ бо ёрии саҳнаҳо метавон низоъҳоро дар минтақаҳо ҳал кард.
XS
SM
MD
LG