Ва бо онки зери 70 куштаи амалиёти Хоруғ хисороте ба сари худ ҷуброннопазир аст, чӣ бояд кард, ки озурдагии мардуми Бадахшон рафъ шуда, вазъ ҳадди ақал ба ҳолати қаблиаш, яъне ба статус-кво, баргардад?
Чизе ба даст омаду чизе – не
Амалиёти Хоруғ, ки як талаби эълоншудааш супурдани қотилони раҳбари амнияти Бадахшон Абдулло Назаров буд, Бадахшонро ба Душанбе наздиктар накард, вале зоҳиран ба чанд ҳадаф даст ёфт. Толиб Айёмбеков боздошт нашуд, вале ба ҳар сурат, бо бародар ва ронандаш ҳозир шуд, то ба суолҳои муфаттишони парвандаи қатли генерал Назаров посух диҳад. Аз гурӯҳҳои силоҳбадасти маҳаллӣ бо амри имоми исмоилиҳо Карим Оғохони 4, ҳудуди 600 мил силоҳ ҳам мусодира шуд.
Сарҳанги мустаъфӣ Зафар Икромов даровардани нирӯ ба Бадахшонро ба сурати умум як иштибоҳ медонад, вале мегӯяд, ҳукумат тавонист дар ниҳоят ба ҳадди аксари хостаҳояш бирасад: “Бо баровардани қувваҳо таҳкими сулҳ ҳам мешаваду таҳкими ваҳдат ҳам. Чизе ки мехостанд, яъне ҳамон мувозинат, барқарор шуд. Қотилон акнун дар назди қонун ва дар назди миллат ҷавоб медиҳанд ва дар Помир ҳам сулҳ хоҳад омад. Вале дар оянда барои таҳкими сулҳу ваҳдат бояд кори зиёдеро анҷом дод, чунки асоси ин ҳама норозигиҳо дар онҷо маводи мухаддир аст. Агар ин масъала ҳал нашавад, чунин воқеъаҳо шояд дар як вазъи дигару шакли дигар, лекин бо ҳамин мазмун, дар оянда боз такрор хоҳанд шуд.”
Аммо Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилии “Бозтоб” мегӯяд, бӯҳрони Хоруғ барои ҳукумат бештар натиҷаи манфӣ овард, то мусбат: “Агар ба қазияи Хоруғ аз нигоҳи паҳлӯҳои мусбату манфиаш барои ҳукумат ва давлатдории тоҷикон нигоҳ кунем, мешавад гуфт, ки ҳукумат аз ин бардошти мусбате надошт. Ва ҳатто ба ҳамон натиҷаҳое ки умед дошту ҳамчун ҳадаф байрақ карда буд, ноил шуда натавонист. Аз ҷумла то ҳол натавонистааст қумандонҳои Бадахшонро ҷазо диҳад. Баръакс ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки онҳо ҳамчун нирӯҳои қурбоншудаи сиёсӣ муаррифӣ шуданд ва ин боз ҳам ба нафъи ҳукумат набуд.”
Аммо ҳадаф чӣ буд? Боздошти Толиб? Ё куштани Имум?
Ба назари аксари таҳлилгарон, аҳдофи аслии амалиёти низомӣ дар Хоруғ то ҳол бозношуда боқӣ монд, ки оё фақат ба хотири боздошти гумонбарони қатли Абдулло Назаров буд ё аҳдофи бузургтари сиёсиро ҳам дунбол мекард? Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ, барои мисол, ин амалиётро оғози омодагии доираҳои ҳоким ба интихоботи соли 2013 ва талоши аз пеш холӣ кардани майдони ин интихобот аз рақибони эҳтимолӣ ҳам унвон кард.
Таҳлилгари масоили амниятӣ Султони Ҳамад мегӯяд, амалиёти Хоруғ як иштибоҳи ҷиддии мақомоти қудратии Тоҷикистон буд, ки ҳукуматро дар муқобили чолиши аз замони ҷанги шаҳрвандӣ барояш бесобиқа қарор дод: “Як амалиёте буд, ки аз қабл болояш амиқ андеша накарданд ва натиҷааш, албатта, фоҷиабор буд. Ҳам барои мардуми мулкӣ ва ҳам метавон гуфт, ки барои ҳукумат ҳам. Фикр накунам, ки аз ин амалиёт ягон тараф манфиате ҳосил карда бошад, ё тарафе хостаҳояшро бароварда карда бошад.”
Дастҳои хориҷӣ дар Боми ҷаҳон
Зафар Икромов иддаои фармондеҳони бадахширо, ки гӯё аз хориҷ барои ошӯби зидди давлат ваъдаи 7 миллион доллар кӯмак гирифтаанд, муболиғаомез хонд ва гуфт, Бадахшон барои қудратҳои бозигар дар минтақа он қадар муҳим нест, ки тасвир мешавад.
Аммо Раҷаби Мирзо мӯътақид аст, ки пулти “бозии Бадахшон” бештар аз хориҷ идора мешуд, то аз Душанбе. Ба назари ӯ, бозигарони хориҷӣ амдан рӯи Бадахшон ҳамчун заифтарин ҳалқаи занҷир дар минтақа тамаркуз карданд, вале ин боз ҳам тақсири кӯтоҳбиниҳои Душанбест, ки ба хотири аҳдофи норӯшане худро дар ин дом афтонд: “Гӯшзад ё подсказка, ба ҳар сурат, аз хориҷ буд. Албатта, ҳукумат ҳам мехост хостҳои худашро барорад, вале азбаски бозӣ аз берун идора мешуд, талоши ҳукумат натиҷае надод. Талотуми ҳодисот ҳатто нишон дод, ки кушта ё боздошт шудани яке аз қумандонҳое, ки ҷиноятпеша унвон мешуданд, вазъи норӯшанеро метавонад аз нав ба вуҷуд биорад. Яъне идораи бозӣ берун аз ихтиёри Душанбе монда буд ва агар аҳдофи сиёсиеро ҳам дунбол мекард, ба он расидан барояш хеле мушкил буд дар чунин шароит.”
Ҳоло чӣ бояд кард?
Ба ақидаи Султони Ҳамад, дар ниҳояти амр коре шуд, ки Душанбе ҳатто барои бозгашт ба шароити қабл аз буҳрон, яъне ба статус-кво дар Бадахшон бояд роҳи тӯлониеро аз нав тай кунад: “Коре шуд, ки бояд намешуд. Акнун иқдомҳое зарур аст, то мардум бовар кунад, ки ҳукумат аз ин хатоҳо хулосаҳои дурусте баровардааст. Ҳам дар сиёсати кадрҳо, ҳам дар масъалаи фасод ва ҳам дар мавзӯъи ваҳдат, ки аз ин амалиёт латма дид. Мардум бояд бовар ҳосил кунад, ки сиёсат тағйир мехӯрад. Алалхусус дар қиболи муносибат ба ин мардум, ки қаблан ҳам дар мухолифат бо ҳукумат қарор дошту баъд сулҳ кард ва ҳоло фикр мекунад, ки ин ҳама шояд ба хотири таъқиби ҳамон мухолифони қаблист.”
Сарҳанги мустаъфӣ Зафар Икромов мегӯяд, Душанбе бояд акнун барои мардуми Бадахшон имтиёзҳои қобили мулоҳизаеро қоил шавад, то озурдагии ин ақалияти ҳам забонӣ ва ҳам мазҳабиро рафъ ва ин мардумро нисбат ба ҳукумати марказӣ дубора дилгарм кунад: “Ҳатману ҳатман бояд ин корро кард. Дар даврони шӯравӣ то моҳи сентябр тамоми мавод интиқол мешуд ба инҷо аз захираҳои давлатӣ. Ин як минтақаи дуру кӯҳистонист ва ба дастгирии ҳукумат бештар ниёз дорад. Хусусан ба дастгирии иқтисодиву иҷтимоӣ.”
Бо ин ҳол, бӯҳрони Хоруғ дар мисоли миёнҷиҳои асосии байни ҷонибҳои даргир – гурӯҳи 20-нафарӣ ва ду намояндаи аршади сандуқҳои Оғохони 4 - ғайрати то ҳол диданошудаи ҷомиаи шаҳрвандии дар Бадахшон каме шаклгирифтаро низ ба намоиш гузошт ва ҳамин тавр, бо гирдиҳамоиҳои давомдораш табуи солҳо боз дар Тоҷикистон мустақари эътирозҳоро шикаст, ки ин ҳам, ба назари таҳлилгарон, аз сабақҳои тобистони гарми Бадахшон аст.