Масъули барномаҳои Бунёди Оғохон дар Хоруғ мегӯяд, таъхир сафари Оғохони 4 ба Тоҷикистон ба нотамом мондани ду тарҳ бастагӣ дошт, вале ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон соли оянда ба Бадахшон мераванд.
Як манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, бахше аз ширкаткунандагони нооромиҳои Хоруғ мавриди афв қарор мегиранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, парвандаи онҳое, ки дар ҷиноятҳои сангин даст доранд, қатъ нахоҳад шуд.
Кумиссиюни муштараки таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ба далели нишасти сарони Созмони Шанхай дастикам ду ҳафта танаффус гирифтааст.
Додситонии Бадахшон мегӯяд, расидагӣ ба шикояти волидони ду қурбонии нооромиҳои Хоруғ дар салоҳияти онҳо нест.
19-уми феврал дар шаҳри Хоруғ нахустин баррасии парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров, раҳбари пешини раёсати КДАМ дар Бадахшон, баргузор шуд.
Қодир Қосим-раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд, додситонӣ расидагӣ ба парвандаи раҳбарони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро, ки дар нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ ширкат доштанд, идома медиҳад.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, кормандони собиқадори ниҳоди зертобеашро ба нафақа гусел кардааст.
Ҳайати таҳририяи «Фараж» Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро журналисти сол эълон кардааст.
Дар арафаи сипарӣ шудани соли 2012 «Озодӣ» аз сокинон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки бо чӣ хотироте онро гусел мекунанд.
Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати мансабдороне, ки дар фасодкорӣ муттаҳам мешаванд, гоҳе онҳоро дучори сактаи қалб намуда, бо фавташон анҷом меёбад.
Роҳбарони баландпояи мақомоти қудратии Тоҷикистон айни ҳол дар вилояти Бадахшон қарор доранд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ба идомаи фаъолияти созмони ҷамъиятии «Ампаро», иҷозат бидиҳад.
Ёфтҳои бештар