Ин манбаи баландмақом рӯзи ҷумъаи 10-уми август ба РО гуфт, ки таслими Оқил Айёмбеков, бародари Толиб Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар, ронандаи Толиб Айёмбеков дар пайи музокироти намояндагони давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ бо миёнҷигарии гурӯҳи 20-нафарӣ ба даст омадааст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки музокирот барои таслим кардани ду тани дигар аз афроди гумонбар дар қатли генерал Абдулло Назаров ҷараён дорад ва имкони таслими онҳо низ вуҷуд дорад.
Аммо бо ин ҳам, манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон гуфт, ки музокирот миёни намояндагони давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба таври мустақим анҷом намешавад, балки аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ дар баргузории ин гуна музокирот саҳм доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ин манбаъ мегӯяд, маҳалли будубоши Толиб Айёмбеков мушаххас нест, аммо ду фармондеҳи дигар - Имумназар Имумназаров ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар шаҳри Хоруғ ба сар мебаранд.
Таслими ду тан аз гумонбарон дар қатли генерал Абдулло Назаров дар ҳолест, ки то кунун сӯҳбат аз даст доштани чор тан, ба хусус бародари Толиб Айёмбеков дар ҳодисаи куштори ин мақоми Кумитаи амнияти миллӣ дар таърихи 21-уми июл аст.