Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодири Қосим: "Вазъро хиради мардуми Бадахшон ором кард"


Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон
Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон

Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон розӣ шуд, ки ба саволҳои радиои Озодӣ аз тариқи телефон посух диҳад.

Саволи аввали мо ин буд, ки ҷараёни музокирот бо гурӯҳҳои силоҳбадаст чӣ гуна идома дорад.

Қодири Қосим: Аз оғоз мақсади ҳукумат ва сохторҳои қудратӣ ин буд, ки бо роҳи сулҳомез, маслиҳат ва гуфтушуд ҳамин масъалаҳо ҳалли худро пайдо кунанд. Аз ҳама масъалаи муҳим дар Бадахшон ҷамъоварии силоҳ аст. Барои ин кор зиёиён, мардуми маҳаллӣ ва одамони солимфикр кӯмак мекунанд.

Озодӣ: То ҳозир чӣ теъдод силоҳ ҷамъоварӣ шудааст?

Қодири Қосим: Ин иттилоъро сохторҳои қудратӣ дақиқ медонанд. Протсесс (ҷараёни)-и ҷамъоварии яроқ давом дорад.

Озодӣ: Оё силоҳ дар дасти мардум зиёд аст?

Қодири Қосим: Аз будаш камтар ҷамъ кардаем. Амалиёте, ки шуд, маълум кард, ки яроқ бисёр будааст. Бояд то охирин силоҳ ҷамъ карда шавад. Куҷое силоҳ аст, маълум аст, ки он ҷо амният намешавад.

Озодӣ: Силоҳ чӣ тавр ба Бадахшон роҳ ёфт?

Қодири Қосим: Ин силоҳ ҳам аз замони ҷанги шаҳрвандӣ монда буд ва ҳам ба таври қочоқӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ҳам ворид шуд. Силоҳе, ки дар дасти баъзе гурӯҳҳо монду то соли 2008-2009 ҷамъоварии яроқ идома дошт, лекин бо ин вуҷуд натиҷаи хуб надод. Ҳоло мо бо мардум кор карда истодаем, ки бо роҳи хубӣ ва на бо роҳи зӯрӣ силоҳҳоро супоранд.

Озодӣ: Шумо дар як марҳилаи хеле душвор раҳбарии вилояти Бадахшонро ба дӯш доштед. Ин амалиёте, ки гузашт, барои шумо чӣ таҷрибае буд?

Қодири Қосим: Рӯзҳои аввал бисёр рӯзҳои душвор буд, чунки дар миёни мардум як нофаҳмиву нобоварӣ пайдо шуд. Вақте мардум мақсаду маромро фаҳмиданд, фаҳмиданд, ки ба хотири ҳаёти осоиштаву ба хотири тинҷиву амонии Бадахшону якпорчагии Тоҷикистон, баъд осонтар шуд. Ин ҷо пеш аз ҳама хизмати мардум аст, ки бо ақли солими худ, бо донишу тафаккури худ, вазъро ором карданд. Ташаккур ба президенти мамлакат, ки ин гапҳоро фаҳмида, истифодаи силоҳро манъ кард ва ба сохторҳои қудратӣ гуфт, ки кӯшиш кунед, бо роҳи осоиштаву маслиҳатомез корро ҳал кунед, кӯшиш кунед, ки мардум дар раванди бозгашт ба ҳаёти осоишта иштирок кунанд.

Озодӣ: Нақши Оғохон чӣ гуна буд?

Қодири Қосим: Оғохон ҳам як паёми хуб барои мардуми Бадахшон, ба муридонаш фиристод, ки дар масъалаи сулҳу салоҳ кӯмак кард.

Озодӣ: Баъзеҳо дар ҳамин шабу рӯз мегуфтанд, ки мардуми Бадахшон бештар ба ҳарфи Имоми ҳозир Оғохон гӯш медод, то ба ҳарфи мақомоти баланди ҳукумати марказӣ?

Қодири Қосим: Оғохон пешвои мазҳабии аксар мардуми Бадахшон аст, ки мазҳаби исмоилия доранд. Вақте садо аз он ҷо омад, онҳо ба ин садо гӯш доданд. Баъд аз тарафи роҳбари давлат ба мардуми Бадахшон садо омад, ки фирефта нашавед, ба дасисабозӣ роҳ надиҳед. Баъд супориши роҳбари давлат шуд дар масъалаи қатъ кардани амалиёти низомӣ. Ҳамин чизҳо баъд ба мардумро ба ҳам овард ва мардум фаҳмиданд. Мардум ба ҳарду садо гӯш доданд.

Озодӣ: Шумо кай шунидед, ки ҳукумат ингуна як амалиёти вижа барпо карданист. Пеш ё баъд аз кушта шудани генерал Абдулло Назаров?

Қодири Қосим: Генерал кушта шуд ва қувваҳои ҳукуматӣ ворид шуданд. Воҳима карданд, ки се ҳазор нерӯ ворид шуд, аз ин камтар буд. Гуфтугӯҳо сар шуд дар масъалаи супурдани яроқ. Гуфтанд, ки шахсони ҷавобгар биёянд, тафтишот, пурсиш сар шавад. Гуфтушунид ду рӯз рафт. Гурӯҳҳо на ба супурдани яроқ ва на ба додани одамгони гумонбар розӣ шуданд. Кор то ҷое расид, ки ҳамон шабе, ки гуфтушунид мерафт, онҳо панҷ корманди прокуратураро гаравгон гирифтанд. Баъд сохторҳои қудратӣ дигар роҳе наёфтанд, чунки роҳҳои дигари ҳалли масъала намонд. Агар амалиёти пурраи ҳарбӣ мешуд, ин кор ранги дигар мегирифт. Лекин қувваҳои қудратӣ бисёртар ба кӯҳу пушта парронданд, ки ҳамон гурӯҳҳои фаҳманду омада ҷинояткорҳоро супоранд. Агар ин як амалиёти ҳарбии пурра мешуд, рости гап, бо чӣ анҷом меёфт, маълум набуд.

Озодӣ: Бисёриҳо мегуфтанд, ки ҳукумати Хоруғ бояд аввал сокинони осоиштаро аз дохили шаҳр берун карда баъд амалиётро сар мекарданд...

Қодири Қосим: Дар ду рӯзе, ки гуфтушунид мерафт, ман шаш бор дар аудиторияи 350-нафараи шаҳрдории Хоруғ бо мардум вохӯрдам. Ба мардум гуфтем, ки биёед, тамошобин нашавед ва бетарафӣ накунед. Ҳама якҷоя шуда ба супурдани яроқ сар кунанд. Ҳамон як-ду нафари гумонбарро ҳам супоранд ва суду тафтишот маълум кунанд, ки онҳо гунаҳгор ҳастанд ё на. Гап дар масъалаи ҳозир шудан ба пурсиши прокурор буд, дар масъалаи кӣ гунаҳгор будан набуд. Ҳатто мақсад ин буд, ки ҳабси пешакӣ нашаванд, биёянду фақат баёнот диҳанд.

Озодӣ: Дар чашми шахсан шумо чаҳор нафаре, ки аз ҷониби додситонии кулли Тоҷикистон дар як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешаванд, яъне Толиб Аёмбеков, Имумназар Имумназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгоршо Мамадасламов, кистанд?

Қодири Қосим: Ин нафарон соли 2006 Раёсати корҳои дохилии шаҳрро заданд, судяҳоро лат карданд, прокурори вилоят, прокурори ноҳияи Роштқалъаро лат карданд, чандин ҷинояти дигар карданд. То кадом андоза даст доштани ин шахсонро дар ҷиноят тафтиш маълум мекард, лекин гарданшахӣ карданд, қонунро риоя накарданд, итоат накарданд, ба дараҷае расид, ки ҷавонҳоро гумроҳ карда, силоҳ дода бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ҷанг карданд.

Озодӣ: Тарафдоронашон зиёд ҳастанд?

Қодири Қосим: 100-150 нафаре, ки гумроҳ кардаанд, дар атрофашон ҳастанд.

Озодӣ: Онҳое, ки вазъи Хоруғро аз дохил медонистанд, мегуфтанд, ки дар асл ин гурӯҳҳо ҳукумати дуюм буданд ва нафароне, ки ҳарфашон ба суду додситонӣ намегузашт, омада аз ин гурӯҳҳои адолатхоҳӣ мекарданд. Зӯри ҳукумат ба онҳо намерасад, мегуфтанд. То кадом андоза ин суханҳо рост аст?

Қодири Қосим: То андозае, ки сохторҳои қудратиро кор кардан намемонданд, ин дуруст аст. Асосан ҷиноятҳо аз дасти ин гурӯҳҳо мешуд. Ҷавонҳоро раҳгум занонданд, “понятияҳои тюремний” қати ҷавонҳоро саргарм карда мегаштанд дар шаҳр.

Озодӣ: Яъне воқеан ҳам зӯри ҳукумат ба онҳо намерасид, ки сари вақт онҳоро безарар ё боздошт кунанд?

Қодири Қосим: Онҳоро чанд бор, аз ҷумла соли 2008 афв карданд.

Озодӣ: Чаро он замон онҳоро афв карданд?

Қодири Қосим: Онҳо ваъда доданд, ки дигар ба даст яроқ намегиранд ва дигар тинҷӣ мешавад.

Озодӣ: Ҳоло музокироти рӯ ба рӯи ҳукумат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад. Яке аз натиҷаҳои муҳими он худро ба мақомот супурдани Толиб Аёмбеков шуд. Мегӯянд, ки яке аз шартҳои асосии онҳо афв шудан аст. Оё Муҳаммадбоқиру фармондеҳони дигар ҳам афв мешаванд?

Қодири Қосим: Ҳоло ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Сохторҳои қудратӣ сари ин кор карда истодаанд, ки кор бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳал шавад ва то ба истифодабарии силоҳ наравад. Боқӣ тафсилотро сохторҳои қудратӣ медонанд. Раҳбарии тафтишотро муовини аввали додситони кулл ба ӯҳда дорад.

Озодӣ: Дар сӯҳбат бо Озодӣ Толиб Аёмбеков ва дар мусоҳиба бо Азия-Плюс Имум Имумназаров гуфтанд, ки баъзе қувваҳои сеюм ба онҳо барои сарнагун кардани давлат 7 миллион доллар ваъда кардаанд, вале онҳо ин даъватро напазируфтанд. Шумо дар ин бора иттило доред?

Қодири Қосим: Хабардор ҳастем, ки ҳамин хел маблағ ҳаст.

Озодӣ: Яъне ин пул ба вилоят ворид шуда буд?

Қодири Қосим: Аниқ гуфта наметавонам, ки ин пул ворид шудааст ё на.

Озодӣ: Пеши роҳи ин барномаҳо гирифта шуд?

Қодири Қосим: Инро ман намедонам, аммо сабаби саргардон кардани ҷавонон дар чӣ бошад. Ин ҷо бачаҳои синфи 11, ҷавонҳои 20-22-сола гумроҳ шуданд. Онҳо 100-150 нафаранд, ҳоло аксарияти онҳо яроқро супурда истодаанд, аз ин гурӯҳҳо баромада истодаанд.

Озодӣ: Пас ҷалби ин ҷавонҳо дар атрофашон ба чӣ мақсад будааст? Ҳадафи ниҳоии онҳо чӣ будааст?

Қодири Қосим: Аз худ лидер сохтан. Барои ин гурӯҳҳо тинҷиву волоияти қонун лозим нест, чунки бояд дар пеши қонун ҳама баробар бошанд.

Озодӣ: Мегӯянд, ки бар пояи созиш, нирӯҳо бояд дар ниҳоят аз хоки Хоруғ ва нуқоти дигари вилоят берун карда шаванд.

Қодири Қосим: Баровардани қувваҳо сар шуд. Се рӯз пеш қариб 160 нирӯро аз вилоят бурданд. Бо ором шудани вазъ, қувваҳо аз рӯи нақша берун шудан мегиранд. Ин ҷо фақат як бахши нирӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятии даруни шаҳр мемонад. Қувваҳоро дар як рӯзу ду рӯз баровардан душвор аст.

Озодӣ: Шуморашон чанд аст?

Қодири Қосим: Ман ин маълумоти ҳарбиро намедонам, фақат медонам, ки се ҳазор мегӯянд, ин як воҳима аст.

Озодӣ: Ҳоло шаҳрро нирӯҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд?

Қодири Қосим: Шаҳрро органҳои ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ назорат мекунанд. Дар баромаду даромади шаҳр постҳои мустаҳкам истодаанд, барои он ки ягон қувва дохил нашавад. Тафтиши мошинҳо давом дорад. Масалан дар ҳафт рӯзи охир 276 мошини берақам, ё бо шумораҳои қалбакӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, мошинҳои дар ҷустуҷӯ бударо дастгир кардаанд.

Озодӣ: Ҳамингуна тасаввуре ҳосил мешавад, ки мардуми оддии Бадахшон аз ин ҳама ҷараёнҳои охир хеле хаставу рӯҳафтода шудаанд ва бисёри онҳо аз ҳукумати марказӣ дилмонда ҳастанд. Рӯҳияи мардумро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Қодири Қосим: Рӯҳияи мардум ором аст. Албатта, баъди амалиёте, ки гузашт, дар рӯҳияи мардум як стресс пайдо мешавад. Баъзеҳое, ки аз шаҳр баромада рафта буданд, дубора баргаштаанд. Ҳоло барои пӯшиши зараре, ки манзилу хоҷагиҳои мардум дидаанд, 1,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби захираи президент ҷудо шуд. Мардум хонаҳои зарардидаро таъмир карда истодаанд. Воҳимае, ки 200 хона сӯхтаву нобуд шудааст, бофта аст. Зараре, ки 576 хоҷагӣ дидааст, ҳар якаш дар ҳудуди 700-1000 сомонӣ зарар дидаанд. Он хонаҳое, ки аз 10 ҳазор сомонӣ бештар зарар дидаанд, 10-12 адад ҳастанд.

Озодӣ: Аз рӯи иттилои шумо, шумори ниҳоии қурбониҳо чанд аст?

Қодири Қосим: Дар миёни низомиҳо намедонам, аммо дар миёни мардум 18 нафар кушта шуданд, аз ин миён – се нафар мардуми осоишта ва боқӣ аъзои ҳамон гурӯҳҳои мусаллаҳ. Ин шуморро аз рӯи ҷанозае, ки барпо шуд, мегӯям. Барои гӯру чӯби онҳо кӯмак кардем.

Озодӣ: Шумо ояндаи ин ҷараёнҳоро чӣ гуна мебинед?

Қодири Қосим: Дар ҷомеа бояд ақл доварӣ кунад, на гурӯҳ, на яроқ, на зӯроварӣ. Бадтарин чиз ин бетарафӣ ва тамошобин будан дар чунин вазъият аст. Мардум дарк карданд, ки тамоми ин солҳо бетарафӣ карданд, тамошобинӣ карданд, ба ҳамин рӯз расидем. Агар ҳар шахс ба тинҷиву оромии ҷамъият саҳм гузорад, корҳо ба хубӣ меанҷомад. Мардуми шаҳр таи 17 сол дар азоб буданд. Аз соли 1997 то соли 2012 аз тири автомат дар вилоят 37 кас кушта шудааст. Вале бояд гӯям, ки дар муқоиса бо даврони шӯравӣ, ҳоло хеле масъалаҳои коммуникатсионӣ ҳал шудаанд. Мо ҳоло ба ҳамаи чаҳор шабакаи телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунем, ҳафт ширкати мобилӣ 95 % ҳудуди Бадахшонро бо телефони мобил таъмин кардаанд, дар давоми 10 сол 360 объект бо маблағгузории 2,5 миллион сомонӣ сохта шуд. Бадахшон хеле обод шуд. Лекин як садои нооромӣ ҷалби сармояро ба Бадахшон кам кард.

Озодӣ: Дар рӯзҳои амалиёт аммо дар даҳони баъзе мухолифони хуну хунрезӣ дар Бадахшон даъват ба ҷудоихоҳӣ ё сепаратизм баланд шуд ва баъзеҳо тарсиданд, гуфтанд, ки Бадахшон дар муддати 20 соли охир шояд ки аз чашми Душанбе чунон дур мондааст, ки ҳукумати Раҳмон дар ғафлат монд ва аз ҳамин сабаб ҳам ин ҳодисаҳо рӯй дод.

Қодири Қосим: Ин қадар кӯмаке, ки дар солҳои истиқлолият дар Бадахшон ворид шуд, вилоят дар давоми сад сол надида буд. Дар мардуми оддӣ калимаи сепаратизм аслан нест, ин калима дар даҳони баъзе сиёсатмадорон, манфиатҷӯён ва мансабпарастон аст. Забони тоҷикие, ки аз даҳони талабаи синфи 5 Бадахшон мешунавӣ, дар минтақаи дигари Тоҷикистон намешунавӣ. Дар давоми 15 сол роҳбари давлат 45 маротиба ба Бадахшон омадааст.

Озодӣ: Зимнан, шумо аз назари ахлоқӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар охири моҳи август чӣ баҳо медиҳед? Дар шароите, ки чунин ноамнӣ, дилозурдагӣ, хушунат буд, раисиҷумҳурӣ меравад ва ҷашн мегирад.

Қодири Қосим: Ҳанӯз омадани ҷаноби олӣ аниқ нест. Аммо омадани вай як дилпурии мардум мешавад, агар ҷаноби олӣ биёяд, бисёр хуб мешавад ва ӯ нуқтаи охирро дар ин ҳама мегузорад. Чун соли 2008 ҳамингуна нофаҳмиҳо буданд. Чӣ хел ин 100 нафар аз номи 45 ҳазор аҳолӣ гап мезананд? Ҳаминҳо бо маводи мухаддир даст доштанд. Ақаллан як меҳмонхона барои мардум сохтанд? Онҳо худро ҳомӣ мегӯянд, аммо чаро вақте ҳодисаҳо сар шуд, зану кӯдаконро пешандоз карданд. Масалан, рӯзи шанбе митинг шуд, Боқир гуфт, ки мо ҷанг мекунем, то ҳозир кӯдакони мо ҷанг карданд. Ҳоло мо нав ҷангро сар мекунем.

Озодӣ: Шояд баъзе мунаққидон гӯянд, ки шумо панҷ соли охир раҳбарии ин вилоятро ба ӯҳда доред, чаро натавонистед онҳоро безарар кунед, аз фаъолияти ғайриқонунии онҳо ҷилавгирӣ накардед?

Қодири Қосим: Ин ҷо сохторҳои қудратии маҳаллӣ суст кор карданд. Ислоҳи вазъ аз дасти онҳо пурра наомад, ҷиноят паи ҷиноят содир шудан гирифт. Ҳукумати марказ ҳам маҷбур мешавад барои ба эътидол овардани як гӯшаи давлат баъзе чораҳоро бубинад. Лекин ягон роҳи дигар набуд. Ҳама дар ташвиш будем. Ҷиноятро содир карданд, яроқро, гунаҳгоронро насупорданд, дар даруни мардум пинҳон шуданд. Пас ҳукумат чӣ кор кунад?
XS
SM
MD
LG