Роберт Блейк Тоҷикистонро тарафи ҳамкори ИМА хонд

Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико.

Амрико мегӯяд, бо Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ин матлабро Роберт Блейк - ёвари вазири умури хориҷии Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар нишасти хабарие дар Алмаатои Қазоқистон изҳор дошта ва гуфтааст, Тоҷикистон низ мисли Амрико хостори ҳамгироии минтақаӣ дар Афғонистон аст ва бо вуҷуди камбизоатӣ мехоҳад дар ин кор ба Афғонистон кӯмак кунад.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ба ҳамин далел Вошингтон дар симои Душанбе ҳамкореро мебинад ва мехоҳад ҳар чӣ бештар бо он кор кунад.

Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико, дар доираи сафарии минтақаии худ рӯзи панҷшанбе дар Тошканд бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар баъди такмили ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки Роберт Блейк аз Узбакистон мехоҳад, таъсисоти низомиашро барои истифода дар ихтиёри артиши Иёлоти Муттаҳида бигузорад.

Cафари оқои Блейк ба Осиёи Миёна дар ҳоле итифоқ афтод, ки моҳи гузашта
ӯ дар нишасте роҷеъ ба нақши Осиёи Марказӣ дар Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи Карнегӣ дар Вашингтон гуфта буд, кишварҳои Осиёи Миёна дар талошҳо барои барқарории субот дар Афғонистон, нақши муҳимеро ифо мекунанд.

“Суботу амнияти бештар ва шукуфоӣ дар Афғонистон замоне ба даст меояд, ки кишварҳои ин минтақа бар асоси тааҳудоти худ дар заминаи мудохила накардан ва ҳамсоядории хуб, ихтилофоти назари худро канор гузошта, барои ҳамгироӣ ва як минтақаи пешрафтаи иқтисодӣ ҳамроҳ кор кунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо, нақши бисёр муҳиме ифо мекунанд.“

Роберт Блейк аз ҷумла тарҳҳои муштараки энержӣ дар минтақа, бунёди роҳҳои оҳан ба сӯи Афғонистон ва кашидани хатҳои нерӯи барқ ба он кишварро ёдовар шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати камтар шудани муқаррароти расми боҷу хироҷситонӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, суръати рушди иқтисоди ин кишварҳо то 2 дар сад бештар хоҳад шуд.

Амрико ба ин назар аст, ки рушди иқтисодӣ бе сулҳу субот дар Афғонистон ба даст намеояд ва ин кишвар аҳд додааст, ки баъди тарки нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 низ он кишварро танҳо намегузорад ва ҳамчунон ба Афғонистон кӯмакҳои иқтисодӣ хоҳад кард. Роберт Блейк мӯътақид аст, ки ба ҳамин хотир Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро идома медиҳад:

“Аксари ҳампаймонҳои мо дар Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки баъди ба дасти нерӯҳои афғон додани масъулияти таъмини амният дар Афғонистон то охири соли 2014, чӣ иттифоқ хоҳад афтод ва оё Амрико ҳамчунон ҳамкориро идома хоҳад дод? Посухи ин суол возеҳ аст. Бале.”

Амрико мегӯяд, ин кишвар барои муқобила бо ҳаргуна таҳдидҳои амниятӣ, сар аз терроризм то тундгароиву қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа кӯмак хоҳад кард. Барои намуна Амрико дар маҷмӯъ барои муқобила бо қочоқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон барои посбонии муносиби марзҳо садҳо миллион доллар кӯмак кардааст