Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк минтақаро ба худдорӣ аз тиҷорат бо Эрон даъват кард


Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Ёвари вазири умури хориҷаи Амрико натиҷаҳои нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе мусбат арзёбӣ кард.

Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Роберт Блейк аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват кард, бо мурооти таҳримҳои зидди Эрон аз тиҷорат бо ин кишвар худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, то замоне Эрон аз барномаи силоҳи ҳастаӣ даст накашад, Амрико таҳримҳоро бо дигар кишварҳо афзоиш хоҳад дод. Вай илова кард, ки барои ҳалли дипломатии баҳси ҳастаии Эрон фурсат ҳаст, аммо хеле кам.

Изҳороти Блейк дар Душанбе, дар ҳошияи конфронси панҷуми RECCA дар Душанбе садо дод ва дар робита ба ин ҳамоиш мақоми аршади Амрико гуфт, дар ин нишаст 15 лоиҳа барои пешрафти арсаҳои мухталифи Афғонистон пешниҳод шуд, ки татбиқи онҳо барои ин кишвар хеле муҳим аст. Нуктаи дигаре, ки ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди ин конфронс таъкид кард, ин буд, ки ҳамаи ширкатдорон алоқамандии зиёди худро барои идомаи ҳамгироии минтақаӣ изҳор доштанд.

Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико таъйид кард, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 як қисмат аз силоҳу муҳиммот ба ихтиёри кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон вогузошта мешавад. Ӯ гуфт, бархе аз ин кишварҳо таваҷҷӯҳи худро ба ин масъала зоҳир кардаанд. Ёвари вазири хориҷаи Амрико афзуд, ин мавзӯъ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Аммо, гуфт ӯ, мо он навъи таҷҳизоти низомии худро вогузор хоҳем кард, ки барои дар ихтиёри дигарон гузоштани онҳо қонунгузории Амрико мухолиф набошад.

Ёвари вазири умури хориҷии Амрико бархе аз маълумоти мунташира аз тарафи ниҳодҳои дигари ин кишварро дар бораи имкони бурузи ноамнӣ ва эҳтимоли сар задани низоъҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ такзиб накард. Ҳарчанд ошкоро изҳор надошт, ки ноамнӣ ва низои эҳтимолӣ миёни кадоме аз кишварҳои минтақа рух медиҳад, аммо гуфт, мушкили ҳалношуда бар сари истифода аз захоири об ва танқисии энержӣ барои субот ва амнияти минтақа таҳдид боқӣ мемонад.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе
Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе
Ёвари вазири хориҷаи Амрико иллати тарки ҳайати амрикоӣ аз толори конфронси бахшида ба вазъи Афғонистонро дар ҷараёни сӯҳбатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон шарҳ дода гуфт, ки суханронии ноҷо ва сӯиистифода аз минбари ин нишаст онҳоро ба ин амал водор кардааст: "Мо хеле озурда шудем аз ин, ки президент Аҳмадинажод имкони сӯҳбат дар Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки ҳадафаш ҳамгироии минтақавӣ буд, барои танқиди Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳамсафаш истифода кард. Ӯ бархе иттиҳомотро дар баробари сиёсатҳои мо дар Афғонистон баён намуд. Мо ҳам дар посух ба ин иттиҳомот маҷбур шудем, ки вокуниш нишон диҳем."

Дар робита ба идомаи ҳузури низомиёни Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон баъд аз соли 2014, ки нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ихроҷ мешванд, Блейк гуфт, Амрико ҳеҷ вақт барои ташкили пойгоҳҳои ҳарбӣ дар ин минтақа талош накардааст. Аммо аз раисиҷумҳури Қирғизистон изҳори ташакккур кард, ки қарордоди ҳузури низомиёни Амрикоро то соли 2014 тамдид кардааст. Вай афзуд, барои идомаи фаъолияти Маркази тронзитии нерӯҳои амрикоӣ ва шароити буду боши он барои баъд, ният доранд, ки бо мақомоти ин кишвар музокира намоянд.
XS
SM
MD
LG