Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014


Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ
Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ

Намояндаи аршади ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бо хуруҷ аз Афғонистон Вашингтон аз минтақа нахоҳад рафт.

Дар робита ба рисолати байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир дар сархатти сиёсати берунаи Вашингтон қарор ёфтаанд. Ҳоло, вақте ки хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар соли 2014 дар уфуқ намоён мегардад, ҳукуматҳои минтақа дар андешаи онанд, ки ин хуруҷ ба онҳо чӣ таъсир хоҳад дошт ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ акнун аз чиҳо иборат хоҳад буд. Дар ин бора ва ҳам масъалаҳои дигар, аз ҳуқуқи башар дар минтақа гирифта, то нақшаҳои Русия ба ташкили “Иттиҳоди Авруосиё” гуфтугӯе доштем бо ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Роберт Блейк


Радиои Озодӣ: “Баъзе мунаққидон гуфтаанд, ки аҳамияти нави стратегии Осиёи Марказӣ бар нигарониҳои Иёлоти Муттаҳида сари нақзи ҳуқуқи башар бартарӣ ёфтааст. Ҳангоми сухан дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс рӯзи 25-уми январ, Шумо дар посух гуфтед, “мо равобити худро бо Осиёи Марказӣ интихобе байни ҳамкориҳои рушдёбандаи амниятӣ ё арзишҳои меҳварие мисли ҳуқуқи башар намедонем. Рушди як ҷанбаъ ба таҳкими дигарӣ ё эҷоди майл ба пешрафтро эҷод мекунад.” Пас оё афзоиши ҳамкориҳои амниятӣ рушди ҳуқуқи башарро бештар кард?

Роберт Блейк: “Метавонам, бигӯям, ки афзоиши ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ дар ҳамаи масъалаҳо, на фақат дар риштаи амният ва чораҳои марбут ба Шабакаи Шимолии Икмолот (NDN) густариш ёфта ва воқеан ба боло рафтани дараҷаи бовар ва эътимод байни Иёлоти Муттаҳида ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кард. Дар баъзе мавридҳо пешрафтҳои маҳдуде дар мурооти ҳуқуқи башар ба миён омад, вале ман онро аз будаш зиёд ситоиш намекунам. Ман фикр мекунам, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дараҷаҳои гуногун аз вазъ дар Афғонистон нигаронанд ва чашм ба он доранд, ки оё таъсири исломгароӣ дар минтақа боло меравад ва ба ҳамин далел онҳо, воқеан, на бо суръате низомҳои худро боз мекунанд, ки мо умедворем. Аммо бо вуҷуди ин, ҳақиқат аст, ки равобити густаришёбандаи мо бо ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муколамаи хеле беҳтаре сари ин масъалаҳо боз кард. Мо бо онҳо хеле ва хеле ошкоро ва равшан сӯҳбат мекунем ва мегӯем, ки чаро роҳ додан ба озодиҳои бештари динӣ ё матбуот ба фоидаи худи онҳост ва чаро иҷоза надодан ба озодиҳои бештари инсонӣ бар зарари суботи онҳост. Яке аз риштаҳое, ки мо сараш воқеан сахт кор мекунем, мубориза бо қочоқи инсон аст. Дар ин бахш, барои намуна, дар Тоҷикистон хеле пешравиҳо мешавад ва Вазорати умури хориҷӣ Тоҷикистонро аз феҳрасти 2-и мавриди нигаронӣ ба феҳрасти 2 поин овард. Мо бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ сари кор дорем ва махсусан сари ин масъаали мушаххас. Ба фикрам, дар ҷоҳое монанди Узбакистон дигарандешон озод шуданд. Инҳо афроде буданд, ки мо дар бораашон бо ҳукумат бе сарусадо сӯҳбат кардем. Хуллас, чунин намунаҳое ҳастанд, вале ман намехоҳам, онҳоро аз будаш бештар нишон диҳам. Пешрафти азим дар мурооти ҳуқуқи инсон рӯй надодааст. Баръакс, дар бисёр мавридҳо вазъи ҳуқуқ бадтар шудааст. Биноан, ин як бахши муҳими барномаи мо бо ҳамаи ин кишварҳост.”

Радиои Озодӣ: “Бисёриҳо дар Осиёи Марказӣ ҳоло нигаронанд, ки муносибати Иёлоти Муттаҳида бо минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар соли 2014 чӣ гуна хоҳад буд. Шумо ин ояндаро чӣ гуна мебинед?

Роберт Блейк: “Дар бораи муносибатҳо пас аз ду сол сӯҳбат кардан ҳамеша каме риск дорад, вале ман фикр мекунам, мешавад гуфт, Иёлоти Муттаҳида пас аз 2014 низ ба равобиташ бо Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург қойил хоҳад буд, ҳамон гуна ки ба робитаҳо бо Афғонистон аҳамияти бузург хоҳад дод. Як таассуроти нодурусте дар бисёре аз бахшҳои минтақа ҷой атфодааст, ки бино бар хуруҷи қисми зиёди нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар натиҷаи тарҳи гузариши охири соли 2014 Иёлоти Муттаҳида мехоҳад Афғонистонро тарк кунад ва дар танҳоӣ гузорад. Ин ҳеҷ ҳақиқате надорад. Иёлоти Муттаҳида бо Афғонистон коршарикии дарозмуддат хоҳад дошт, махсусан дар соҳаи иқтисодиёт. Мо ҳамчунин дар он ҷо як ҳузури маҳдуди низомӣ ҳам хоҳем дошт, дастикам барои тамрин ва ҷалб ба талошҳои зидди терроризм. Таъиноти дақиқ мавриди гуфтушунид бо ҳукумати афғон аст. Мисли ин мо ҳамоно бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории қавӣ хоҳем дошт, зеро ин барои эътидоли минтақа ва таъмини имкониятҳои иқтисодӣ хеле ва хеел муҳим аст ва ба ҳамгироии минтақаӣ мусоадат мекунад. Мо ҳоло инро як имконияти воқеан муҳим мешуморем ва амалан ин равандро шурӯъ кардаем. Он баъд аз соли 2014 низ идома хоҳад кард.”

Радиои Озодӣ: “Бузургтарин хатар пас аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон кадом хоҳад буд? Кишварҳои минтақа ба сари кор бо ин хатар омодаанд?”

Роберт Блейк: “Боз мегӯям, ки намехоҳам, вазъи баъд аз соли 2014-ро аз ҳоло пешгӯӣ кунам. Мо намедонем. Аммо, албатта, ҳама гуна талошеро, ки ҳоло дар тавони мост, барои ҳимоят аз гузариши муҳими амниятӣ, ки дар Афғонистон иттифоқ хоҳад афтод, мекунем. Аммо ҳамзамон ва ба ҳамон дараҷа бунёди бахши хусусӣ дар Афғонистон бо эҷоди пайвандҳои минтақаӣ, ки қаблан зикар кардам, муҳим аст. Ва ҳамчунин ҳамкории наздик бо дӯстонамон дар Осиёи Марказӣ, ки ба ин биниши минтақаӣ эътимоди қавӣ доранд ва мехоҳанд дар эътидоли Афғонистон саҳм бигиранд.”

Радиои Озодӣ: “Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев гуфт, то нимаҳои соли 2014, бо итмоми мӯҳлати иҷораи Иёлоти Муттаҳида дар пойгоҳи ҳавоии Манаси кишвараш бояд ягон нерӯҳои хориҷӣ боқӣ намонад. Ин ба икмоли нерӯҳо дар Афғонистон халал нахоҳад расонд?

Роберт Блейк: “Пеш аз ҳама, бояд аз ҳукумати Қирғизистон барои мизбонии Маркази транзитии Манас сипосгузорӣ кунам. Он бино бар аҳамияти ҳаётан муҳими икмолотияш барои тамоми талошҳо дар Афғонистон ҳалкунанда боқӣ мемонад. Ин як марказест, ки ҳамаи нерӯҳои мо дар роҳ ба Афғонистон аз он мегузаранд. Мо танҳо ҳоло амалан гуфтушуниди ояндаи онро сар кардаем. Тавре медонед, мо баъзе сӯҳбатҳои ибтидоие бо президент Отамбоев ва аъзои тими ӯ доштем. Музокироти бештар бо тамаркуз рӯи масъалаҳои техникӣ хоҳем дошт ва ман намехоҳем, пештозӣ кунам, ки идомаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд. Такрор мекунам, мо ба он рағбати хеле зиёд дорем ва бисёр мехоҳем, андешаҳои президент Отамбоев ва ҳукумати ӯро дар бораи оянда бишнавем. Мо ба гунаи хеле шарикона беҳтарин талоши худро мекунем, то роҳе ёбем, ки мо ва Қирғизистонро қонеъ кунад ва ягон нигаронии шарики муҳими мо Русияро ба бор наорад.

Радиои Озодӣ: “Дар бораи масирҳои хуруҷ аз Афғонистон дар матбуоти Русия хабарҳои зиддиҳам нашр шудааст. Оё дуруст аст, ки нерӯҳо ва муҳимот ба воситаи Узбакистон берун хоҳанд рафт? Ин ишора ҳам шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида қисме аз аслиҳаашро дар Узбакистон боқӣ хоҳад гузошт? Баъзеҳо бо назардошти табиати саркӯбгаронаи ҳукумати Узбакистон инро як дурнамои изтиробангез меноманд. Ин хабарҳо дурустанд?

Роберт Блейк: “Бо назардошти сабабҳои рӯшани амниятӣ ман ягон масири муайян ё шеваи хуруҷро шарҳ намедиҳам. Нерӯҳои Амрико бо навбат дар Афғонистон хидмат мекунанд ва ҳар куҷое, ки рафтанд, таҷҳизоти хешро мебаранд. Ин як меъёри муқаррарист. Баъзе аз таҷҳизот дар Афғонистон боқӣ мемонад, вале рӯшан аст, ки Афғонистон ба ҳамаи он таҷҳизоте, ки ҳоло он ҷо ҳаст, ниёз надорад. Бархе аз ин таҷҳизот берун оварда хоҳад шуд ва аз ҷумла ба воситаи Шабакаи Шимолии Икмолот. Эҳтимол дорад, ки бархе аз он тибқи барномаи “колои изофагии дифоӣ” барои дигарон дастрас гардад, вале ин як фароянди хеле муфассале байни Пентагон ва ин кишварҳо хоҳад буд. Ин абзор зери шартҳое хоҳад афтод, ки мо дар мавриди интиқоли силоҳ ба Узбакистон ё ҳар кишвари дигаре дорем. Намехоҳам, шунавандагони Шумо ё дигаронро водор ба ин фикр кунам, ки мудирияти таслиҳоти зиёдатӣ як раванди истисноӣ хоҳад буд. Як раванди одӣ хоҳад буд, аммо то ҳоло мо омодагие надорем, ки ҳеҷ гуна силоҳи марговарро ба Узбакистон бидиҳем. Бахши аксари кӯмаки мо истисноӣ ва марбут ба таҷҳизоти дифоии ғайриқатл хоҳад буд, то онҳо битавонанд, дар ивази ҳимояташон аз Иёлоти Муттаҳида тавонанд, аз худ дифоъ кунанд.”

Радиои Озодӣ: Дар Туркманистон моҳи феврал раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов гӯё 97 дарсади раъйҳоро ба даст овард. Назари Иёлоти Муттаҳида ба ин интихобот чист ва оё Вашингтон аломате аз плюрализми сиёсиро дар ояндаи ин кишвар мебиинад?

Роберт Блейк: “Ба фикрам, дастикам хуб буд, ки баъзе номзадҳои дигар ҳам ширкат доштанд, вале фикр намекунам, ин ба маънои мусобиқа буд. Қариб ҳамаи номзадҳо, ба назарам, аз худи президент ҳимоят мекарданд, биноан гумон надорам, ин як талоши ҷидди демократӣ буд. Вале мо Туркманистон ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ташвиқ мекунем, ки ба сабқат ва демократияи бештарро таҷриба кунанд, аз ҷумла дар интихоботҳои президентӣ. Мо як каме аз инро дар Қазоқистон мебинем, ки барои намуна, акнун ҳизбҳои наве дар порлумони он намояндагӣ мекунанд ва мо, албатта, аз ин истиқбол мекунем. Аммо дар нисбати ҳамин Қазоқистон ҳам Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сари интихобботи порлумонӣ суолҳои зиёдеро ба миён гузошт. Ин як раванди тадриҷӣ хоҳад буд, вале, ба фикри мо, бисёру бисёр муҳим аст, ки ин пешрафт нишон дода шавад ва ҳукуматҳо ба мардуми худ бояд нишон диҳанд, ки пешрафтҳо дар ҳоли иттифоқ афтодан аст. Аммо дар мавриди Туркманистон метавон гуфт, ин интихобот баёнгари пешрафти наву муҳим набуд.”

Радиои Озодӣ: “Ниҳоят, пурсиши охирин. Дар бораи раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия Владимир Путин ва андешаи бунёди “Иттиҳоди Авруосиё”, ки ӯ дар мақолааш дар “Известия” ба миён гузошт. Вай навишт, он бояд мисли Иттиҳоди Шӯравӣ “системаи тақсими минтақаии кор ва фазои муштараки забон, илм ва фарҳанг” дошта бошад. Бисёриҳо инро ҳаракате ба таҳкими нуфузи Русия меноманд. Назари Шумо чист?

Роберт Блейк: “Пеш аз ҳама мо ҳаракати амалие ба сӯи ин Иттиҳоди Авруосиё надидаем, ки дида шавад, Русия то куҷо дар ин тасмим ҷиддӣ аст. Манфиати асосии мо ин аст, ки бо ҳар мақсаде минтақаҳои мамнӯъ ё истисно сохта нашаванд. Баръакс, мо фикр мекунем, даъват ба ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамоиши иқтисодии минтақаӣ зарур аст. Ва барои ҳамин бояд роҳҳои тиҷорат боз шаванд ва имконияти тиҷорат ҳам дар дохили Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Осиёи Марказӣ бо ҳамаи шарикони минтақаии он фароҳам ояд, махсусан дар ҷануб, то Ҳиндустон, ки қарор аст, дар 50 соли оянда ба бузургтарин бозори минтақа табдил ёбад. Бисёре аз кишварҳо ва раҳбарони минтақа инро меҳвари имкониятҳо мешуморанд ва биноан, ба манфиати ҳеҷ кадоми онҳо нест, ки ҳеҷ як аз ин имкониятҳои тиҷорати минтақаиро дар Иттиҳоди Авруосиё қуфл зананд. Баръакс, мо бояд ин роҳҳои тиҷоратиро боз ва имкониятҳоро фароҳам нигоҳ дорем. Ин дарвоқеъ паёмест, ки мо ба дӯстони худ дар Русия ва ҳамаи дигарондар минтақа мерасонем.”
XS
SM
MD
LG