Мақомоти Русия бар ин назаранд, ки кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур аст, ки ба хотири такрор нашудани инқилобҳои кишварҳои арабӣ дар ин мамолик даст ба ислоҳот бизананд.
Ин мавзӯъ дар Думаи давлатии Русия матраҳ шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Амрико низ мегӯяндҳукумати кишварҳои Осиёи Марказиро лозим аст, то ниёзҳои мардумонашонро бароварда созанд, ки омили суботу оромӣ хоҳад буд.
Аммо барои нахустин бор аз тарафи қонунгузорон ва сиёсатмадорони Русия садо додани даъватҳо ба ислоҳот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ суолбарангез будааст.
Георгий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия дар ҷаласаи мизи мудавваре дар Думаи давлатӣ ё худ маҷлиси поёнии парламенти Русия гуфт, ки кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур аст, барои истиқрори суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ ислоҳотҳои ҷиддиеро дар бахшҳои мухталиф пиёда кунанд, то ба гуфтаи ӯ, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум беҳтар шавад.
Монанди ӯ Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ, ки ахиран аз Тоҷикистон дидан кард, низ вазъи иҷтимоӣ ва бароварда сохтани ниёзҳои мардум дар ин минтақа аз сӯи раҳбарони ин кишварҳоро дар истиқрори субот омили аслӣ хонда буд.
Ҳушдори мақомоти ду кишвари абарқудрат, ки субот дар ҷаҳон бештар ба сиёсати онҳо рабт дорад, кадом ҳадаферо дар пай дорад ва ё воқеан ин кишварҳо аз сар задани нооромиву бесуботӣ нигаронанд?
Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нигаронии вакилони Думаи давлатии Русияро марбут ба ҳадафҳои ин кишвар медонад ва мегӯяд, «албатта, онҳо манфиатҳои худро ҳимоя мекунанд. Лекин худи вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомии Русия ноором аст. Дар Қафқоз ҷанг рафта истодааст. Худи системаи сиёсӣ мушкил аст. Пахш кардани опозитсия вуҷуд дорад, ксенофобия ва миллатгароӣ, алкоголизм ва проблемаҳои зиёде дорад, ки бояд худ нигарон бошад.»
Ҷаноби Шарипов мӯътақид аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти худро худашон ҳал мекунанд.
Абулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон низ изҳори назарҳои мақомоти Русия ва Амрикоро маншаъ аз сиёсати хориҷии ду кишвар донист.
Ба гуфтаи вай, Русия, ки дар амалиёти НАТО дар Либия бетарафӣ ва баъдан аз ин иқдом интиқод кард, аз он нигарон аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар хиттаи сиёсати ин кишвар қарор доранд, рӯ ба Ғарб наоранд. Ва агар дар кишваре, ки хоҳанд раҳбари он нав шавад, бояд дастнишондаи Маскав бошад.
Ҷаноби Маҳмадазимов меафзояд: “Ман дар ин изҳорот талош барои равандҳои демократиро намебинам. Ва Русия бо матраҳ кардани арзишҳои демократӣ ҳадафҳои геополитикии худ дар ин минтақаро дунбол мекунад. Аз сӯи дигар, Русия ба ҷаҳониён элон мекунад, ки ба тақдири мардуми ин минтақа бетараф нест. Дуруст аст, ки дар кишвари мо ислоҳот эҳсос намешавад. Ба ақидаи ман, ин ислоҳот бояд аз сӯи раҳбари Тоҷикистон ба нафъи мардуми ин ҷумҳурӣ сурат бигирад, на балки бо дархости Русия.”
Вале Юрий Биалӣ, коршиноси Русия, мегӯяд, ки нигарониҳои ин кишвар дар робита ба хатароти ношӣ аз сӯи Афғонистон ва Покистон ба минтақа, бахусус, водии Фарғона воқеият дорад.
Вай гуфт, “ман намедонам, ки муовини вазири умури хориҷии Русия бо ироаи калимаи “ислоҳот” чиро дар назар дорад. Вале воқеият ин аст, ки ислоҳот метавонад аз ошӯбу нооромиҳо дар миёни табақаи камбизоати ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, то андозае ҷилавгирӣ кунад.”
Ҷаноби Биалӣ афзуд, “ҳама гуна ҷомеа аз роҳбарии тӯлонии як шахс хаста мешавад ва дар ин ҷо масъалаи асосӣ он аст, ки ин роҳбарро кӣ иваз мекунад. Ба ин далел ин равандҳои демократиконӣ ва ислоҳот метавонад ин рискро коҳиш диҳад.”
Саволи аслии матруҳа ин аст, ки чаро маҳз Русия мавзӯъи нигаронӣ аз пайомадҳои таҳаввулот дар кишварҳои араб дар Осиёи Марказиро дар миён гузоштааст.
Семён Богдасарян, вакили Думаи давлатӣ ин нигарониро ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва конроли он рабт дод. Аммо Борис Кагарлитский, аз Пажӯҳишгоҳи глобализатсия ва умури иҷтимоӣ ин нигарониро ба имкони дар оянда сар задани нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ ва густариши муҳоҷирати иҷборӣ ба Русия хонд.
Вай меафзояд, «ба назари ман ин нооромиҳо метавонад, ба заифии идораи давлат ва сарозер шудани теъдоди зиёди муҳоҷирон ба Русия мунҷар шавад, ки Русия аз он нигаронии шадид дорад.»
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти федеролии муҳоҷират ва назорат ба маводи мухаддири Русия барои ҷилавгирӣ аз қочоқи он, ба парлумон роҳандозии раводид ё виза миёни Русия, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистонро дар миён гузоштаанд.
Ин мавзӯъ дар Думаи давлатии Русия матраҳ шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Амрико низ мегӯянд
Русия бо матраҳ кардани арзишҳои демократӣ ҳадафҳои геополитикии худ дар ин минтақаро дунбол мекунад ва эълом медорад, ки ба тақдири мардуми ин минтақа бетараф нест...