Эътирози муштариёни "Мовароуннаҳр" аз тасмими додгоҳ

Ба таъхир мондани баррасии шикояти Ҷӯрабек Охунов дар Додгоҳи олӣ, боиси хашми муштариёни "Мовароуннаҳр" шудааст.
Ҳудуди 150 муштарии ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" баъд аз он, ки Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионии Ҷӯрабек Охуновро ба таъхир гузошт, ба нишони эътироз роҳ ба сӯи Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гирифтаанд. Додгоҳи олӣ гуфтааст, шикояти Охуновро рӯзи чоруми сентябр ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Тӯрабек Охунов, раиси кунунии ширкати "Мовароуннаҳр" ва бародари Ҷӯрабек Охунов рӯзи сешанбе, 14-уми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, муштариён мунтазир буданд, ки Додгоҳи олӣ шикояти раиси пешини ин ширкатро баррасӣ ва ба он посухи муносиб хоҳад дод. Ба қавли ӯ, муштариёни ширкат мехоҳанд, ки додгоҳ манфиати онҳоро низ ба назар гирад, то тавонанд ҷуброни зарари молии худро бигиранд.

Дар робита ба ҳозир шудани муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр" дар назди Қасри президент аз дафтари матуботи раисиҷумҳур суол кардем. Онҳо гуфтанд, ки то кунун ҳеҷ нафаре аз намоянадагии ин ширкат дар назди Қасри президент ҷамъ наомадааст.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.

Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010-ум ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.