Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На танҳо мағзҳо, сармояҳо низ "фирор" мекунанд


Дар ҳоле ки ҳукумат мекӯшад, сармояи хориҷиро ба кишвар орад, раванди "фирори сармоя" аз ҷумҳурӣ идома дорад.

Бино бар омори Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар соли 2011-ум аз кишвар ба хориҷа 41,5 миллион доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст.

Дар як мусоҳибаи катбӣ (хаттӣ) хадамоти матбуотии Бонки миллӣ иттилоъ дод, ки се соли охир бурунрафти маблағ аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Яъне, агар дар соли 2008-ум аз Тоҷикистон 22,2 миллион доллар ба хориҷа интиқол ёфта бошад, соли 2010-ум ин рақам ба 40,6 миллион доллар баробар шудааст. Дар шарҳи ин мавзӯъ Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, аз нисф зиёди ин сармоя ба кишварҳои, ба истилоҳ, “хориҷаи наздик” интиқол дода мешаванд. Аммо аз ин кишварҳо ном бурда нашудааст.

Даҳҳо миллион доллар дар ҳоле аз Тоҷикистон берун меравад, ки иқтисоди ин кишвар ба сармоягузорӣ, эҳё ва рушд эҳтиёҷ дорад. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз тоҷирону соҳибкорони кишвар хостааст, пули худро аз бонкҳои хориҷӣ ба кишвар интиқол диҳанд ва дар густариши иқтисод саҳм бигиранд. Пас, чаро дар ивази сарозер шудани сармоя ба Тоҷикистон баръакс пул аз кишвар бе берун меравад?

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров
Иқтисоддони тоҷик Масъуд Собиров мегӯяд, сармоягузорон ба ҳамон минтақае майл мекунанд, ки дар он ҷо субот ва амнияти худашон ва сармояашон таъмин бошад: "Дар шароити кунунии Тоҷикистон дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ ҳарф задан бемантиқ аст. Чунки сармоядорони дохили кишвар пулҳояшонро ба хориҷа интиқол медиҳанд, чунки дар Тоҷикистон амнияти сармоя таъмин нест. Бубинед, дар минтақаҳои Тоҷикистон амалиёти низомӣ гузаронда шуд, пас, аз куҷо сармоягузорон боварӣ пайдо кунанд ба ояндаи ин кишвар?"

Ҷаноби Масъуд афзуд, коррупсия ва адами мустақилияти судӣ низ дар Тоҷикистон аз омилҳоест, ки боиси "фирори сармояҳо" аз Тоҷикистон шудааст. Аммо ба ақидаи коршиносони дигар на танҳо амнияти сармоя дар ин раванд аҳамият дорад, балки шароити корбурд ва гирифтани даромади бештар низ нақш мебозад.

Сармоядорони тоҷик на танҳо ба он мекӯшанд, ки сармояашонро ба кишварҳои амн интиқол диҳанд, ки маъмулан таърихи сарчашмаи сармояро суроғ намекунанд, балки ҳамчунин барои он ки дар ин кишварҳо имконияти хуби пешбурди соҳибкорӣ вуҷуд дорад, мисоли Қазоқистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб.

Як соҳибкорӣ тоҷик, ки дар Тоҷикистон ба тавлиди масолеҳи бинокорӣ, коркарди пахта ва чорводорӣ машғул буд, мегӯяд, дар се соли охир нисфе аз сармояҳояшоро ба хориҷи кишвар интиқол додаст: "Як қисми сармояаамро ба Дубай ва қисми дигарашро ба Қазоқистон интиқол додам. Дар Дубай онро ба бизнеси меҳмонхонаҳо ва дар Қазоқистон бошад, онро ба соҳаи кишоварзӣ равона кардам. Чунки дар ин кишварҳо пешбурди соҳибкорӣ ба маротиб осон аст, иҷозатномаҳои зиёд гирифтан зарур нест, мисли Тоҷикистон. Инчунин дар Тоҷикистон бевосита метавонанд, бизнеси солҳо сохтаи туро дар як они воҳид ғасб карда, аз они худ кунанд."

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, моҷароҳои пурсарусадои марбут ба ширкатҳои “Орима”, “Мовароуннаҳр” ва чандеи дигар бисёре аз соҳибкоронро, ки бо вуҷуди ҳамаи мушкилот мехостанд дар ватан кор кунанд, водор кард, ки сармояҳо ва минбаъд ширкати худро низ ба кишварҳои дигар "кӯчонанд".

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши солонаи Doing business-2012 ё "Пешбурди тиҷорат-2012" мавқеи Тоҷикистонро аз рӯи риштаи "Ҳифзи сармоягузорон" панҷ нуқта нисбат ба соли қабл поён бурдааст. Акнун Тоҷикистон дар байни 183 кишвари ҷаҳон аз ҷиҳати ҳифзи сармоягузорон дар ҷои 65-ум қарор дорад.

Як далели дигари “фирори сармоя” аз Тоҷикистон дар он аст, ки бархе аз содиркунандагон даромадеро, ки аз фурӯши моли худ дар хориҷа ба даст меоранд, ба кишвар ворид намекунанд, балки дар минтақаҳои бидуни андоз ва тафтиш, яъне оффшор нигоҳ медоранд. Созмони бритониёии Tax Justice Network ду ҳафта пеш гуфт, ба тахмини он аз Тоҷикистон то соли гузашта 2 миллиарду 300 миллион доллар ба минтақаҳои оффшорӣ рафтааст, ки ин маблағ баробар бо 82 дарсади қарзи хориҷии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG