Дар мурофиа навбатӣ, ки рӯз 25-уми май баргузор шуд, ба ҷуз ин, додситонӣ пешниҳод кардааст, ки баъд аз анҷоми ин баҳс чанд сохтмоне, ки ба "Мовароуннаҳр" тааалуқ дорад, фурӯхта шуда ва маблағи он ба муштариёни ин ширкат дода шавад. Дар оғози ҳафтаи оянда ва баъд аз шунидани назари ҷонибҳо, қарори додгоҳ содир хоҳад шуд.
Мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст. Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бо айбномаи қаллобӣ ва сирқати маблағҳо дар ҳоле идома дорад, ки беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд. Зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад, дар Тоҷикистон нест.
Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳмдорон будааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст