Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Охунов: "Рақобати бозор маро паси панҷара овард"


Назди толори Додгоҳи олии Тоҷикистон. 4-уми июни 2012.
Назди толори Додгоҳи олии Тоҷикистон. 4-уми июни 2012.

Ҷӯрабек Охунов дар сухани охиринаш дар толори Додгоҳи олӣ мақомоти додситониро ба фасодкорӣ муттаҳам намуд.

Раиси ширкати "Мовароуннаҳр" дар нутқи охирини худ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мақомоти додситонии кишварро ба фасодкорӣ муттаҳам донист ва аз додрасҳо тақозо намуд, то фаъолияти бозрасони парвандааш тафтиш шавад. Дар ҳоле ки ӯ аз паси панҷара сухан мегуфт, хеле лоғар, аммо солим ба назар мерасид. Ҳарчанд садояш хеле паст ба гӯш меомад, вале андешаҳояшро комил баён мекард.

Ҷӯрабек Охунов дар нутқи охирини худ, ки дар назди муштариёни бешумори ширкати "Мовароуннаҳр" баён медошт, парвандаашро сохта донист ва гуфт, он замоне ба миён омад, ки рақобат дар бозори бунёди манзил зиёд гашт ва ширкати ӯ бо қарзҳои арзони ипотекӣ муштариёни бештарро ҷалб ва рақибонашро нороҳат кардааст.

Дар ҳоле ки айни иттиҳомот дар матбуот низ нашр шудаанд, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ҳоло ба ин гуфтаҳои Охунов ва тарафдорони ӯ посухи расмӣ омода мешавад. Муовини сардори Раёсати ҷиноятҳои махсусан вазнин дар Додситонии кулли Тоҷикистон Баҳриддин Бозоров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳоми Охуновро беасос номид.

Тӯрабек Охунов
Тӯрабек Охунов
Тӯрабек Охунов, бародари Ҷӯрабек Охунов ва иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки дар муҳокима ширкат дошт, суханони бародарашро дар марвиди иртиботи додистонӣ бо фасод тасдиқ кард ва ин гуна шарҳ дод: "Ҳамон муфаттишҳо нафаронеро ки барои "Мовароуннаҳр" масолеҳ меоварданд ва онҳоеро, ки барои ширкати мо замин дода буданд, даъват карда, "андоз пардохт накардед" гуфта тарсониданд. Аммо баъд нисбати онҳо ягон парванда боз накарда ҷавоб доданд. Ҳамаи мардум медонанд, ки ҳамин корҳо шуд. Мо ба Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кардем. Ҳамаи он чизе, ки мо ба раисҷумҳур ва ВАО навиштем, гашта боз ба додситонӣ меояд. Байни худашон ҳал мекунанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим


Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ барои ин иттиҳомот далел дар даст надорад. Парвандаи Ҷӯрабек Охунов аз он лиҳоз сару садои зиёд дорад, ки ба сармояи зиёда аз 600 муштарии ширкати "Мовароуннаҳр" рабт мегирад. Онҳо борҳо талаб кардаанд, ки Охунов озод шавад ва бунёди манзилҳои ваъдашударо ба поён расонад. Барои пешбурди талабҳои худ муштариён як кумитаи шаҳрвандиро низ таъсис додаанд.

Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим


Узви ин кумита Маҳбуба Давлатова мегӯяд, се сол пеш маблағҳои аз муҳоҷират овардаашонро барои харидории манзил ба ин ширкат дод ва акнун на пул дораду на манзил: "Ҳозир ҳамин одам ваъда додаст, ки ҷавоб диҳед, сохта медиҳам. Инҷо ҳама пулҳои аз муҳоҷиарт бо азоб ҷамъ кардаашонро оварда додаанд, ки соҳиби хона шаванд. Якуним сол боз комиссияи шаҳрвандӣ кор карда истодааст. Коррупсия тафтиш кард, ягон мушкил наёфтанд. Охуновро озод кунанд ва ба ӯ муҳлат диҳанд, ин қадар таҳаммул кардем, интизор шуда хонаҳоямонро гирем. Лекин бехона, ки шудам, шахсан ба ягон роҳи бад меравам."

Хонум Шарифа, ҳамсари Ҷӯрабек Охунов, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи нӯҳ моҳ аст, ки шавҳарашро аз наздик надидааст. Дидори ӯ барояш танҳо дар толори додгоҳ муяссар мешавад: "Дар 40 рӯз ду бор хонаамон сӯхт, сабабашро намедонам. Ҳоло ман на хона дораму на дар. Дар ошёнаи 8-ум иҷора мешинам. Хешу таборам маро нигоҳубин мекунанд."

Рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ додситонӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон тақозо карда буд, то Ҷӯрабек Охуновро ба 17 соли зиндон маҳкум намояд. Ба ҷуз ин, додситонӣ пешниҳод кард, ки баъд аз анҷоми ин баҳс чанд иморате, ки ба "Мовароуннаҳр" тааллуқ дорад, фурӯхта шуда ва маблағи он ба муштариёни ширкат дода шавад. Эҳтимол меравад, қазия баъд аз як ҳафта бо эълони ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯшан шавад.
XS
SM
MD
LG