Фирқаи исломии "зеризаминӣ" қонунҳои Русияро қабул надорад ва раҳбарони мазҳабии Тотористонро низ эътироф намекунад.
Ҳадди ақал чаҳор узви фирқаи мазҳабии “зеризаминӣ” дар Тотористон барои худсарона қариб даҳ сол дар зери замин, дар ҳавои буғранҷ ва бидуни гармиву рӯшноӣ нигаҳ доштани кӯдакон муттаҳам шуданд. Гуфта мешавад, раҳбари 83-солаи ин гурӯҳи мазҳабӣ, Файзраҳмон Сатторов, яке аз муттаҳамони ин ҷиноят будааст.
Мақомоти Тотористон 70 нафарро бо шумули 27 кӯдак дар бункери поёнтар аз таҳхонаи Сатторов ошкор карданд. “Бункер” аз хоначаҳои тангу тор иборат буд, ки дар жарфҳо ва қабатҳои мухталифи зеризаминӣ сохта шудаанд.
Дар зоҳир ин бино сеқабатаи хиштӣ аст, ки манораи кӯчак ва ҳилол дорад ва дар масоҳати 700 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Мақомоти пулис мегӯянд, сохтмон ғайриқонунӣ бунёд шудааст ва бояд тахриб шавад.
Баъзе кӯдакон дар ҳамин бункер ё пинҳонгоҳи зеризаминӣ ба дунё омадаанд ва ҳеҷ гоҳ рӯшноии офтобро надидаанд. Хурдтарини онҳо 18 моҳ дорад. Муоинаи тиббии кӯдакон нишон дод, ки бузургтарини онҳо, духтари 17-сола ҳомиладор аст. Додситонии Тотористон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард ва гуфт, агар ин гурӯҳи мазҳабӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ ба мисли ҷилавгирӣ аз кӯмаки тиббӣ ва таҳсили пайравонаш идома диҳад, пароканда хоҳад шуд. Пулис ҳамчунин мавридҳои дигари хушунат алайҳи кӯдаконро бозҷӯӣ мекунад.
Бар пояи гузоришҳои ибтидоӣ додгоҳ бар сари тасмиме андеша дорад, ки оё ба будубоши якҷояи баъзе кӯдакон бо волидайн иҷозат бидиҳад ё не. Зеро волидони баъзе кӯдакон, ки худро “Мӯъмин” муаррифӣ мекунанд, ба хайли муттаҳамони хушунат алайҳи кӯдакон шомил шудаанд.
Ин гурӯҳи мазҳабӣ авоили моҳи август дар канораҳои шаҳри Қазон, дар заминаи бозҷӯии паравандаи ҳуҷум ба рӯҳонниёни Тотористон ошкор шуд. Торнамо (сайт)-и “Islam News”-и Русия навиштааст, ки Файзраҳмон Сатторов миёнаи солҳои 60-ум худро пайғомбар эълон кард ва шарораҳои "кабел" ё сими троллейбусро “нури Худо” хонд.
Шабакаи телевизионии “Вести” дар заминаи пӯшиши ин ҳодиса гуфт, Сатторов хонаи худро "давлати мустақили исломӣ" эълон кардааст. Ин фирқаи мазҳабӣ қавонини Русияро қабул надорад ва ҳамчунин раҳбарони мазҳабии Тотористонро эътироф намекунад. Аммо мақомот мегӯянд, ҳеҷ далеле низ вуҷуд надорад ки аъзои ин фирқа дар ҳуҷум ба руҳониёни Тотористон даст дошта бошанд.