ОҒОЗИ ВАҲҲОБИЯ
Ваҳҳобия як фирқаи мусулмонони суннист, ки ба номи бунёдгузори он, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб номгузорӣ шудаааст. Абдулваҳҳоб дар садаи 18 ба таблиғи ақидаҳои Ибни Таймия пардохт ва сабаб шуд, ки тарафдорони ин ақоид дар нимҷазираи Арабистони Саудӣ афзоиш ёфта, таъсири онҳо дертар ба даҳҳо кишвари дигари мусулмоннишин паҳн шавад.
Меҳвари ғоявии онро тавҳид, афзалияти ислом аз динҳои дигар, бозгашт ба сарчашмаҳои оғозии ислом, радди хурофоту бидъат ва мухолифат ба ҳама гуна ислоҳоту навсозӣ дар дин ташкил медиҳад.
Ваҳҳобия ва сарусадо дар бораи ҳузури пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон барои бори нахуст дар нимаи дуввуми солҳои 80-уми қарни гузашта, дар ҳоле рӯ зад, ки таъсири ин фирқа ба ҳаёти мусулмонон афзоиш ёфт ва талошҳои он то андозае моҳияти сиёсӣ пайдо кард.
ТӮҲМАТ Ё ҲАҚИҚАТ?
Мусулмонони суннатӣ дар кишвар гурӯҳе аз ҷавононеро, ки дар масоили дину оини ислом бо онҳо диди фарқкунанда дошта, омезаи одатҳои маҳаллӣ ва миллиро бо ислом рад мекарданд ва хостори поксозии дин буданд, бо номи “ваҳҳобиҳо” ё “пайравони ваҳҳобия” мешинохтанд.
Дар матбуоти он давр низ роҷеъ ба ваҳҳобия ва пайравони онҳо матолиби мухталифе ба чоп расидааст. Вале гуфта мешавад, нахустин мақола дар ин бора ба қалами Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон, тааллуқ дорад, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо номи “Ваҳҳобия чист ва ваҳҳобӣ кист?” нашр шудааст.
Муҳаммадалии Файзмуҳамад, рӯҳонӣ ва фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, унвони “ваҳҳобӣ”-ро дар баробари номи гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар солҳои ҳаштодум ва навадум “тамға”-е беш намедонад.
“Аз назари банда, он чизе, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон гузашт, як ҳадафҳои хосеро ба дунбол дошт. Ин як навъ “тамға” ё “тӯҳмат”-е буд дар номи ҷавонҳои тоҷик. Ҷавонҳое, ки ба хотири истиқлоли кишвар, ба хотири эътирофи ҳаққ ва ҷойгоҳи мардуми мусулмон дар мақомот ва ҳам дар роҳи Худо қиём карданд. Аммо замоне ки онҳо дар бораи баъзе масоил бо мардум сӯҳбат мекарданд, аксарият онҳоро дарк карда натавонистанд”,- илова кард ӯ.
ФАТВОИ МАВЛАВӢ МУҲАММАДҶОН
Аммо Маъруфулло Раҳимов, муовини Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба далели ин ки баъзе аз ақидаву баҳси ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷараёни ваҳҳобия шабоҳат дошт, Мавлавӣ Муҳаммадҷон, рӯҳонии маъруф ва фориғуттаҳсили мадрасаи “Аҷмил”-и Ҳиндустон дар соли 1927, унвони ваҳҳобиро ба онҳо муносиб донистааст.
Вай мегӯяд, “устоди ҳамаи донишмандони он давр Мавлавӣ Муҳаммадҷон онҳоро ба номи ваҳҳобият номгузорӣ кард. Чунки, ба назари ӯ, бисёрии баҳсе, ки ин ҷавонҳо дар саҳнаи ихтилофи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мекашиданд, ба ҳаракати ваҳҳобият монандӣ дошт. Ба ин хотир онҳоро ваҳҳобӣ номида буд”.
Дар навбати худ оқои Раҳимов мегӯяд, иддао ва баҳсҳои ин гурӯҳи ҷавонон дар Тоҷикистон бештар ба ақидаи “Ихвоният”-и Миср наздикӣ дошт, то ин ки ба ваҳҳобия: “Равиши баъдинаи ин ҷавонон чеҳраи воқеии онҳоро зоҳир кард. Онҳо барои пайдо кардани карйера аввал масоили мазҳабиро пешорӯи халқ кашиданду маосили сиёсиро қафо партофтанд. Пас аз он ки карйера пайдо карданд, масоили сиёсиро матраҳ карданд”.
БАҲСИ “ОШИ САРИ ТАХТА”
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Маҳмудҷон, низ дар як сӯҳбат ба барномаи “Оини мадоро” гуфт, ҷавонони ба ном ваҳҳобӣ дар Тоҷикистон нахустин бор худро бо баҳсҳои марбут ба масоили динӣ, аз ҷумла бо баҳси “оши сари тахта” муаррифӣ кардаанд.
“Дар масъалаи оши сари тахта мешавад гуфт, ки сухани онҳо ҳақ буд. Зеро мазҳаби ҳанафӣ низ дар ин маврид “оши сари тахта”-ро маҳкум кардааст. Дар ҳамаи китобҳои фиқҳии мо дар ин бора таъкидҳо буд. Вале чун расми бидъӣ дар миёни мардум ҷорӣ буд, вақте ин гурӯҳи ҷавонон мухолифи ин нукта баромаданд, бо номи ваҳҳобӣ маъруф шуданд. Онҳо ҳамчунин зидди хайру эҳсоне, ки дар рӯзи ҷаноза ба мардуми ҷанозахон карда мешуд, баромада буданд”,- афзуд ӯ.
НАҲЗАТИҲО “ВОВЧИК” БУДАНД?
Эшони Маҳмудҷон дар ҳузури ваҳҳобиҳо ва ҳамчунин дар ҳузури ҳама гуна мазоҳиби нави исломӣ дар кишвар омилҳои хориҷӣ ва дохилиро сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, ин омилҳо буданд, ки дар гузашта мардумро ба “вовчик”-у “юрчик” тақсим карда, вазъро нооором сохтанд: “Ин баҳс дар охир ба тақсимшавии ду гурӯҳи мардум оварда расонид. Омилҳои хориҷиву дохилӣ аз ин фурсат барои ҷилавгирӣ аз бедории ислом истифода бурданд. Мардумро ба ду даст ё ба истилоҳи он вақта вовчику юрчик ҷудо карданд. Билахира бо ҳамин ҷанги дохилие, ки ба сари мардум бадбахтиҳои зиёдеро овард, гирифтор шуданд. Бисёрии аз ин ҷавонҳо, ки он замон ба ин ҳама иқдом карда буданд, иштибоҳоти худро фаҳмиданд”.
Вовчику юрчик истилоҳи маъруф дар оғози солҳои навадум буд, ки ду гурӯҳ ҳамдигарро бо ин ном мешинохтанд. Ду гурӯҳе, ки аз рӯйи ақида дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Яъне, исломиҳо ва коммунистҳо.
Аксар шоҳидони ҳол низ мегӯянд, ки агар сӯҳбат аз ваҳҳобиҳо мерафт, аксарият ангушти ишораи худро ба сӯйи пайравон ва ҷонибдорони наҳзати исломӣ дароз мекарданд, ки он вақт расман фаъолият надошт. Он замон аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ба унвони “вовчикҳо” низ ном мебурданд.
Вале то кунун ҳич як аз раҳбарони наҳзати исломӣ, на дар гузашта ва на ҳоло, эълом надоштаанд, ки ё онҳо ва ё пайравонашон аз ҷараёни ваҳҳобия пайравӣ кардаанд.
ТАЛОШҲОИ АРАБИСТОН?
Бештари таҳлилгарон мегӯянд, ки баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум иддаи зиёде аз ҷавонони тоҷик дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ омӯзиш дида, бархе аз ин афрод мафкураи “бегонаи мазҳабӣ”-ро ба ватан овардаанд.
Дар натиҷа, дар чанд соли ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷараёнҳо ва гурӯҳҳое чун ваҳҳобия, салафия, аҳмадия ва байъат пайдо шудаанд, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, ин гурӯҳҳо сабаби мухолифатҳо миёни мусалмонон шудаанд.
Аммо бештари ҷавонҳои тоҷике, ки дар мадрасаҳои Арабистони Саудӣ, таҳсил дидаанд, ба шиддат ин назарро рад мекунанд. Фаромарзи Абдувалӣ, фориғуттаҳсили Донишгоҳи исломии шаҳри Мадина, дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки “аввалан мардум дар Арабистони Саудӣ аз мазҳаби ҳанбалӣ, мазҳаби Аҳмади Ҳанбал, пайравӣ мекунанд ва ҳич ихтилофи хосе бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ надоранд”.
Баъдан, ба гуфтаи ӯ, “баръакс, мударрисони донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ даъват мекунад, ки тибқи мазҳаби худ, мазҳаби ҳанафӣ амал намоем”.
САЛАФИЯ ДАВОМИ ВАҲҲОБИЯ
Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло пайравони ақидаи ваҳҳобия дар кишвар ҳузур надоранд ва дар тӯли чанд соли ахир садои онҳо шунида нашудааст. Вале ӯ мегӯяд, шакли муосири ин равия бо номи Салафия зуҳур кардааст, ки дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон фаъол буд ва танҳо дар як соли пеш Додгоҳи олӣ фаъолияти ин ҷараёнро ба далели эҷоди ихтилофҳояш миёни намозгузорон дар кишвар боздошт.
Маъруфулло Раҳимов: “Салафия ин як шакли ба замона мутобиқшудаи ваҳҳобия аст. Фарқ дар байни ин ҳарду ҷузъӣ аст. Яъне, дар асоси таълимот инҳо ягона мебошанд. Танҳо салафия дар масоили иҷтиҳодӣ ақидаи дигаргун дорад”.
Бо ин ҳол, ваҳҳобия аз ҷумлаи ҷараёнҳои тозапайдои исломӣ аст, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон расман мамнӯъ эълон нашудааст. Мақомот низ мегӯянд, аз сӯйи пайравони ваҳҳобия то ҳоло иттифоқот ё ҳодисаҳое, ки боис ба ноамнӣ дар кишвар шуда бошад, сабт нагардидааст.