Дар воқеъ ин мақол аз куҷо реша гирифтааст ва муллоҳо чӣ гуноҳ кардаанд, ки мардум рафтори онҳоро шоистаи пайравӣ намедонанд?
Мусоҳибони Радиои Озодӣ инро мисол меоварданд, ки муллоҳо мардумро ба накӯкориву қаноатпешагиву хоксорӣ даъват мекунанд, аммо рафтори эшон хилофи фармудаҳояшон аст. Масалан ду-се зан мегиранд, тӯморҳои росту дурӯғ менависанд ва гармиву хунукӣ мекунанд: “Он андешаву афкоре, ки муллоҳои мо дар масҷидҳо ташвиқу тарғиб мекунанд, албатта мувофиқ аст ба гуфтаҳои Қуръон, аммо худи эшон амалеро содир мекунад дар ҷомеа, ки ҳеҷ бовари кас намеояд, ин ҳамон шахсе буд, ки ҳамон гапро гуфта буд.”
"НА ҲАМА МУЛЛОҲО ЧУНИНАНД..."
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, ин масалро наметавон ба ҳама рӯҳониён раво донист, зеро муллоҳои парҳезгору ботақво ва мавриди эътимоди мардум кам нестанд: “На ҳамаи муллоҳо ба ин чиз сазовор ҳастанд, муллоҳои хуб ҳам ҳастанд, ки гуфтору рафторашон як аст. Баъзе сохтамуллоҳое ҳастанд, ки барои мардум як ақидаро мегӯянд, лекин худашон рафтори дигар мекунанд, ки онҳо муллои ҳақиқӣ нестанд.”
Гуфтаҳои тӯлонии мусоҳибони дигарро метавон бо порае аз як ҳикояте доир ба бадгӯии як фақир дар васфи “муллои соҳибдил” аз китоби “Роҳе ба сӯи Бӯстон”-и Саъдӣ хулоса кард, ки чунин аст. “Ин фирқа ҷомаҳои жанда ва бо рангҳои сафеду сиёҳ порадӯзишуда мепўшанд ва дар хилват ба ҷамъоварии пулу мол машғуланд. Инҳо ҷавро ба номи гандум мефурўшанд ва ҷаҳонро мегарданд ва аз хирмани мардум мисли гадоҳо мехўранд. Инҳо на парҳезгоранд, на донишманд, ба ғайр аз динфурўшӣ ва дунёхарӣ кори дигар надоранд.»
Интиқоди рӯҳониён ба гуфтаи Абдуллои Раҳнамо, пажӯҳишгари тоҷик, аз қадим буд ва ҳадафи интиқод ҳамеша, рӯҳониёни каззобе буданд, ки ҳамеша дар канори пайравону пешвоёни ростини дин вуҷуд доштанд:
“Ҳатто дар давраи пайғамбарҳо ҳамеша дар канорашон пайғамбарони сохта мебаромаданд. Ҳамеша дар канори олимону рӯҳониёну муллоҳои ростӣ, олимону рӯҳониёну муллоҳои сохта каззоб ҳамеша буданд. Дар адабиёти гузаштаи мо ин мавзӯъ ҳамеша матраҳ буд. Имом Ғаззолӣ, уламоро дастабандӣ мекунад, уламои ростин ва уламои сӯъ. (онҳое, ки сӯистифода мекунанд). Худи Мавлоноро бинед дар “Маснавӣ” чӣ қадар ҳикоят дар маззамати мулоҳое, ки аз дин сӯистифода мекунанд, навиштааст. ”
Ба гуфтаи Абдуллои Раҳнамо, дигар аз сабабҳо, тарғиби густурдаи зиддидинии замони шӯравист, ки муносибат ба рӯҳониёнро тағйир дод. Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, бардошти манфӣ аз масали “Ба гуфтаи мулло амал кунеду ба кардааш не” низ дуруст нест.
Абдулбасир Саидов, рӯҳонӣ ва муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд: “Ончӣ ки мулло хондаст, аз шариъат гирифтаст, аз илм ҳосил кардааст, аз ҳамон илм амал кун. Чунки мулло худ инсон аст ва дар инсон камбудӣ мешавад, аммо кардаи ӯ эътибор надорад, аммо ончӣ ки мегӯяд, аз илм мегӯяд ба ҳамин хотир фармудаи илмро гирифтан зарур аст. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки муллоро ба гуфтааш бикун ба кардааш не.”
ҲОСИЛИ МУШОҲИДАҲОИ МАРДУМ...
Дилшод Раҳимов, фолклоршиноси тоҷик мегӯяд, мақоли мазкур ҳосили мушоҳидаҳои тӯлонии мардум аст:“Зарбулмасалу мақолаҳо одатан таҷрибаҳои рӯзгорро ифода мекунанд ва халқ мушоҳида кардааст, ки баъзе аз муллоҳо, баъзе аз қоидаро муайян мекунанд, аммо худашон риоят намекунанд. Аз ин хотир мардум ҳаминро мушоҳида карда ва ин масалро эҷод кардааст. Аз тарафи дигар дар мақолу зарбулмасал як навъ танқиди муллоҳое дида мешавад, ки хилофи гуфтаи худ кор мекунанд.“
Яке аз донишмандони дигар исломӣ, ки аз тариқи “Фейсбук” бо ӯ гуфтӯгу доштам, гуфт, ин мақоли мардумӣ, ки танҳо дар Тоҷикистон мешунавед, бемантиқ аст. Фаридуни Ислом, хонандаи дигаре аз портали иҷтимоии Мой Мир чунин назар дорад ва навиштааст, ин масал “фалсафаи каҷи шикаста дорад, ки инсонро аз идеали гармибахш, ба реализми хунук оварда мерасонад.”
Фирдавс Сафиев, яке аз дигар корбарони торнамои Радиои Озодӣ мегӯяд, “муллоҳо дар баробари амалкардҳои шайтон назар ба мардуми оммӣ бештар осебпазиранд, аз ин рӯ беҳтар аст, танҳо ба гуфтаҳои муллоҳо пайравӣ кунед.” Фирдавс менависад: “Мулло одами намозхону ботақво аст ва шайтон бештар аз қафои одами ботақво, намозхону худотарс мегардад ва кӯшиш мекунад, ки ингуна одамҳоро аз роҳ занад. “