Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаи салафиҳо дар Тоҷикистон


Гуфтумоне бо коршиноси фиқҳ ва шариати исломӣ Меҳдии Халаҷӣ

Меҳдии Халаҷӣ, таҳлилгари аршад дар Пажӯҳишгоҳи сиёсати Ховари Миёна дар Вошингтон хатмкардаи Мадрасаи Қуми Эрон ва доктори фиқҳ, муҳаққиқи афкори фалсафӣ ва мазҳабӣ дар Эрон бо рисолаҳояш дар бораи шариат ва ҳуқуқи исломӣ, рушди афкори динӣ дар кишварҳои мусулмон ном баровардааст. Китобҳои ӯ "Нотанӣ" (Берлин, 2004), "Рӯшанфикрони ҷаҳони араб" (Теҳрон, 2000), "Муҳаммад Аркоун ва ақоиди ӯ" (Теҳрон, 1998) дар байни исломшиносон баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Форсӣ забони модарии ӯст ва ба арабӣ, фаронсавӣ ва англисӣ озод сӯҳбат мекунад, мақолаҳояш ба ин забонҳо ба нашр мерасанд.

Пурсиш: Дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар аз таъсири равияҳои гуногуни исломӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Масалан, аз салафия. Аз нигоҳи Шумо ин чӣ ҷумбишест ва дар навбати аввал барои як кишвари суннимазҳаб мусбат метавонад ё манфӣ?

Посух: Ҷунбишҳои салафӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ва ҳамин тавр дар Ховари Миёна ҳузур доранд, ба таври мустақим ва ғайримустақим аз сӯи ҳукумат ва созмонҳои маҳзабии Арабистони Саудӣ ҳимоят мешаванд. Cабаб дар он аст, ки Арабистони Саудӣ барои таблиғи мазҳаби расмии худ -- ваҳҳобия дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаи густардае дорад. Салафия ба ғайр аз ин як шакли муҳими эътироз ва муқовимат дар баробари ғарбигароӣ, таҷаддуд ва модернита аст. Метавон гуфт, яке аз нерӯмандтарин шакл. Салафия ва ваҳҳобия на мазҳаб, балки идеолужиҳои исломиянд ва дар ҳақиқат аз сахтгиронатарин мавзеъ дар баробари таҷаддуд ва арзишҳои ғарбӣ намояндагӣ мекунанд.

Пурсиш: Аммо ҷомеъае мисли Тоҷикистон, ки ҳоло танҳо дар садади бозгашт ба суннатҳои мазҳабии худ аст ва маърифати исломӣ дар ин ҷо ба андозаи кофӣ қавӣ нашудааст, чӣ сипаре дорад дар баробари чунин ҷумбишҳои нерӯманд?

Посух: Муҳимтарин сипаре, ки дар баробари ҷумбишҳои салафигаро дар ҷомеъа метавон эҷод кард, дар ҳақиқат рӯшангароӣ дар мавриди худи ислом аст. Яъне инки мешавад, ҷавонҳоро ташвиқ кард, ба инки шинохти илмӣ ва таърихӣ аз ислом ва мазоҳиби мухталифи исломӣ пайдо бикунанд ва дар ҳақиқат бипазиранд, ки он тафсире ки ваҳҳобият аз ислом ба даст медиҳад, беҳтарин тафсир нест ва мешавад тафсирҳои дигаре аз ислом дошт, ки бо дунёи ҷадид, бо муқтазиёти зиндагии ҷадид ва бо арзишҳое, ки аз Эъломияи ҳуқуқи башар нашъат гирифтаанд, бо ин ҷур чизҳо созгории бештаре дорад. Беҳтарин роҳ додани рӯшангарист роҷеъ ба худи ислом, кӯмак гирифтан аз рӯшанфикрони ҷаҳон ислом аст. кӯмак гирифтан аз донишгоҳҳои ғарбӣ -- дар ҷоҳое ки ислом ба таври илмӣ ва таърихӣ тадрис мешавад ва дар ҳақиқат набояд арсаро комилан барои идеолужиҳои тундравонаи салафӣ чӣ дар Тоҷикистон ва чи дар кишварҳои дигар холӣ гузошт.

Пурсиш: Барои намуна, чанде пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам Абӯҳанифа эълон кард ва бархе аз коршиносон мегӯянд, ин яке аз ташаббусҳоест дар муқобили гурӯҳҳои тундрави маҳзабӣ.

Посух: Табъан мешавад, ки равишу фирқаҳои исломиро тарвиҷ кард ва ба мардум гуфт, ки ин салафигароӣ беҳтарин фирқа ё танҳо тафсири мумкин аз ислом нест. Аммо ба назари ман, паноҳ бурдан ба суннат барои мубориза бо салафигароӣ чандон муассир нест. Ончӣ ки бештар метавонад таъсир дошта бошад, паноҳ бурдан ба тафсири таърихӣ, тафсири илмӣ ва тафсири мудерни ислом ҳаст. Мо бояд ба кӯмаки улуми инсонии ҷадид ба кӯмаки донишҳои забоншинохтии донишҳое, ки кӯмак мекунанд ба тафсири мутуни мазҳабӣ ба кӯмаки ин донишҳо саъй кунем, ки исломро бишиносем. Ин кор аз тарафи рӯшанфикрони мусулмон дар кишварҳои ғарбӣ анҷом шудааст ва танҳо чизе ки идеолужиро халъи силоҳ мекунад, нигариши таърихӣ ба ислом ҳаст.

Нигариши таърихӣ яъне чӣ? Яъне мо бидонем, ки ислом як динест таърихӣ дар даруни таърих падид омада ва дар гузари таърих таҳаввулоти фаровоне аз сар гузаронида ва ончи ки мо имрӯза фикр мекунем, ки исломи асил ва дуруст аст як маҷмӯъае аз мафоҳимест, ки тайи раванди таърих шакл гирифтааст. Ончи ки дар замонҳои қадми вуҷуд дошта лузуман ҳамон чизе нест, ки мо имрӯза эътиқод дорем, ки ислмо аст. Салафигароӣ ҳам як идеолужист, ки дар садаи 19-ум дар бистари як таҳаввулотии сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ба вуҷуд омадааст ва бинобар ин чизе нест, ки лузуман хостаи бунёнгузори мазҳаби ислом бошад. Бино бар ин ҳамаи инҳоро мо бояд бигузорем дар бистари таърихӣ. Худи исломро Қуронро мафоҳим ва фирқаҳои исломиро чи онҳое ки қадимӣ ҳастанд ва чи онҳое ки нав ҳастанд.

То замоне ки нигариши таърихӣ надошта бошем, бо мушкилот рӯбарӯ хоҳем буд. нигариши таърихӣ ба мо ёд медиҳад, ки чизҳо он тавр ки алъон ҳастанд, дар гузашта набуданд ва бинобар ин авомили мухталифҳе метавонад дар шаклгирии ақоиди мо таъсир бигузорад ин нигариши таърихӣ зидди идеолужӣ ҳаст идеолужӣ мехоҳад ба мо бигӯяд, ки ин чизҳо, гузораҳо, эътиқодот ҳақиқати мутлақанд ва инҳо ҳақиқати мутлақ будаанд ва ҳақиқати мутлақ хоҳанд буд. Аммо нигариши таърихӣ ба мо нисбият мудорогарӣ ва таҳаммули афкори дигаронро ёд медиҳад.
XS
SM
MD
LG