Ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл ба вакилони маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кардааст, ки як русто ва як мактаб ба номи генерал Абдулло Назаров номгузорӣ шавад.
Хабарнигори "Озодӣ" дар Қӯрғонтеппа гуфт, ки Маҳмадраҳим Исмоилов раиси ноҳияи Ҷилликӯл дар як нишасти матбуотӢ гуфтааст, ки ба эҳтироми хотираи неки Абдулло Назаров ба вакилони маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кардаанд, ки яке аз як мактабҳо ва деҳаҳо ба номи Абдулло Назаров гузошта шавад.
Абдулло Назаров худ зодаи деҳаи Лоҳутии ҳамин ноҳия буда, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби онҷо фаро гирифтааст.
Генерал Абдулло Назаров шоми 21-уми июл дар роҳи бозгашт аз Ишкошим ба Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, аз зарби корд кушта шуд.
ХОТИРОТИ ДӮСТОН ВА НАЗДИКОНИ НАЗАРОВ
Исматулло Муродов, аз дӯстони қарин ва ҳамдеҳаҳои генерал Абдулло Назаров мегӯяд, вай хатмкардаи чаҳор мактаби олӣ ва аз кадрҳои ҳирфаии амнияти миллӣ буд. Ба гуфтаи ҷаноби Муродов, саҳми генерал дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистон беназир будааст.
«Абдулло Назаров 4 диплом дошт, ниҳоят зеҳни қавӣ дошт, донишманд буд. Роҳбаре буд, ки ҳам дониш дошт ва ҳам лаёқати роҳбарӣ. Аз ӯҳдаи ҳама кор мебаромад. Бебок буд. Ёдам ҳаст, ки вақте Назаров дар Комиссияи оштии миллӣ буд, вақти қабули кадрҳо ба кор чанд нафарро ба вай тавсия додам, ки ба кор бигирад. Аммо вай як хислати хуб дошт, ки айби одамро дар рӯяш мегуфт. Мегуфт, ки ин одамон намешаванд. Назаров тамоми кадрҳояшро аз «ғалбер мегузаронид». Дар тасмимгириҳо мустақил буд, бо ақлу фикри худ кор мекард».
Исматулло Муродов ҳамчунин гуфт, дар охирин сӯҳбат бо дӯсташ Абдулло Назаров ахирӣ гуфтааст, ки азм дорад имсол ба нафақа баромада, боқии умрашро барои тарбияи фарзандону набераҳо ва зиндагии орому осоишта бубахшад.
Саид Мӯъминов,сокини 90-сола ва омӯзгори собиқадори забону адабиёти тоҷик, ки аввалин устоди генерал Абдулло Назаров будааст, мегӯяд шогирдаш аз дасти душманони амнияти миллии кишвар ба қатл расидааст:
«Мо аз ин воқеа бисёр ғамгин шудем. Яке аз шинохтатарин шогирдонам, ки хизмати бисёре барои осоиштагии халқи кишварамон анҷом додааст, номардона кушта шуд. Пеш аз Абдуллоро ба амният ба вазифаи нав қабул кардан, омада аз ман низ дар бораи хислати ӯ пурсон шуданд. Гуфтам, ки асаби мустаҳкам дорад, боодобу донишманд аст. қобилиятнок аст, гуфтам. Ҳамин тавр, вай корманди амният шуд», - афзуд С. Мӯъминов.
Соли гузашта аз даргузашти яке аз бародарони генерал Назаров хабар расида буд ва ду сол қабл модари генерал даргузашта буд. Ҷанозаи Абдулло Назарови 56-соларо дар қабристони маҳаллӣ, дар ноҳияи Ҷиликӯл, дар канори мазори модараш дафн карданд.