Дар муроҷиатномаи ин рӯшанфикорон, ки рӯзи 28-уми июл нашр шуд ва ба зери он Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР, Ҳайдаршоҳи Акбар, собиқ вазири кишоварзӣ ва вакили мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Азизи Хошок, сардабири нашрияи "Ҳамватан" дар шаҳри Маскав ва собиқ вакили мардумӣ, Абдулқодири Алавӣ, профессор аз шаҳри Маскав ва журналистон Наҷмиддини Шоҳинбод ва Толибшоҳи Сайидзода имзо гузоштаанд, изҳори боварӣ шудааст, "ҳанӯз ҳам фурсати бо роҳи мусолиматомез ва бидуни истифода аз нерӯи низомӣ ҳал кардани масъалаи боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров вуҷуд дорад."
Ин гурӯҳи зиёиён бар инанд, ки "ҳама гуна сулҳи бадтарин аз ҷангу хунрезӣ беҳтар аст."
Онҳо ҳама гуна хушунат дар боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаровро ба шиддат маҳкум карда, хостори боздошти бидуни шаки гунаҳкорони ин куштор ва дар асоси қонунҳои мавҷуда муҷозот шудани омилини қазия шуданд ва гуфтаанд, "ба ҳеҷ ваҷҳ бе ҷазо гузоштани ин афрод қобили қабул нест".
Аммо нигаронӣ аз он аст, ки "ҳодисаҳои чанд рӯзи охир маълум кард, ки бо роҳи истифода аз артиш ва хушунат ин кор имконпазир нест. Идомаи хушунатҳо метавонад боис ба густариш пайдо намудани бенизомӣ ва эътирозҳо дар манотиқи дигар шавад".
Ба ин далел, гурӯҳи зиёиёни тоҷик хатми низоъ ва даргириро ҳатмӣ дониста ва афзудаанд, "идома пайдо кардани ин бархӯрдҳо метавонад боис ба он гардад, ки дастҳои хориҷӣ дар қазия дароз шаванд ва гурӯҳҳои муқовиматгар пуштибонони хориҷӣ пайдо намоянд."
Дар ҳоле, ки ба таъкиди рӯшанфикрон, "бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳассосиятҳои хоси Бадахшон ин кор аз имкон берун нест. Он гоҳ якпорчагии Тоҷикистон мавриди таҳдид қарор хоҳад гирифт. Қарзи фарзандӣ ва хамдиёрии мо тоҷикон ҳифзи Истиқлол ва якпорчагии Ватани маҳбубамон –Тоҷикистони азиз аст. Ба ин далел, бояд бо ҳар роҳу васила аз густариши хушунат ва бархӯрдҳои бештар ҷилавгирӣ карда шавад."
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин зиёиён, ҳамакнун, ки "расонаҳои хабарӣ аз имкони шурӯи дубораи даргириҳо ва амалиёти низомӣ иттилоъ медиҳанд, умед аст, ки раҳбарияти Тоҷикистон ба баргузории дубораи амалиёти низомӣ иҷоза надиҳад."
Ин зиёиён, роҳи аслии берун рафт аз ин вазъият ва ҳалли бӯҳрони пешомадаро бозгашт ба масири мусолиматомез ва хориҷ намудани воҳидҳои низомӣ аз ҳудуди Бадахшон донистанд.