Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон зимн, як нишасти хабарӣ дар Кобул умедворӣ кардааст, ки бо анҷоми амалиёти низомӣ дар Бадахшони Тоҷикистон, марзи ду кишвар дубора боз хоҳад шуд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон бо ишора ба сафари ахири Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматуллоҳ Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Кобул ба Душанбе дар амри истиқрори сулҳ ва тақвияти марзҳо кӯмак хоҳад кард. Ба дунболи амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон ҳама гузаргоҳҳои наздисарҳадии худ бо Афғонистонро дар вилояти Бадахшон баст.
Дар маҷмӯъ дар Бадахшон се гузаргоҳи давлатӣ бо Афғонистон - дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз, Теми шаҳри Хоруғ ва гузаргоҳи Ишкошим дар ноҳияи Ишкошим фаъолият менамоянд. Ҳоло як гузаргоҳи дигар дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бунёд мешавад, вале то кунун ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Ёдовар мешавем, дар миёни боздоштшудаҳо дар амалиёти Хоруғ 8 шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд. Ба ғайр аз ин, тибқи хабарҳои расида Толиб Айёмбеков, ки муттаҳами аслӣ дар қазияи куштори генерал Абдулло Назаров дониста мешавад, ба Афғонистон фирор кардааст.
Баъд аз шурӯи амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд.
Инчунин рӯзи 25-уми июл президент, Эмомалӣ Раҳмон бо Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон сӯҳбате анҷом дод. Дар ин дидор таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи амниятӣ ва ҳаводиси Хоруғ зоҳир шуда, масъалаи тақвияти ҳифзи марзи ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Раҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд.