Кӯлоб. Ташхиси тиббии хонандагон дар макотиб

Акс аз бойгонӣ

Дар беш аз 60 мактаби таҳсилоти ҳамагонии Кӯлоб муоинаи умумии тиббии хонандагону омӯзгорон шурӯъ шудааст.
Ин санҷиши тиббӣ, ки то охири моҳи май бояд давом кунад, ҳолати рӯҳиву равонӣ ва ба кадом навъи беморӣ гирифтор будани хонандагону омӯзгоронро маълум мекунад.

Абдулатиф Нозимов, мудири шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, давоми бист соли ахир чунин муоинаи умумӣ сурат нагирифтааст ва сиҳатии аксари хонандагону омӯзгорон маълум нест. Ба гуфтаи Нозимов, дар баъзе ҳолатҳо худкушии хонандагон мушоҳида мешавад, ки танҳо пас аз марг бемории рӯҳӣ доштани ӯ рӯшан мешавад. Аммо дар сурати гузаронидани чунин муоина, хонандаи бемор ба табобат фаро гирифта шуда, аз аҳволи ӯ ба хонаводаву мактаб хабар дода мешавад.

Ӯ афзуд, «Ҳадафи мо огаҳӣ аз сиҳатии хонандагон аст. Шояд ягон хонанда ё омӯзгор бемории сироятӣ дошта бошад, ки ба чанд синф хонанда таъсири бад мегузорад. Инро бояд муайяну пешгирӣ кард. Ҳоло ҳукумат ба ин паҳлӯи масъала аҳмият медиҳад, ки аз манфиат холӣ нест.»

Ин амали Идораи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки барои хонандагону омӯзгорон ҳангоми ба кору таҳсил омадан гувоҳномаи тиббӣ дода мешавад. Аммо на ҳама ба ин гувоҳномаҳои тиббӣ, ки гуё солимии онҳоро тасдиқ мекунад, бовар доранд.

Мунавара Ҷалилова, як сокини ин шаҳр мегӯяд, ҳоло бо пардохти панҷ сомонӣ аз ҳар бунгоҳи тиббӣ ин гуна гувоҳномаро дастрас кардан мумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми дастрас кардани чунин гувоҳнома, касе солимии муроҷиаткунандаро намепурсад.

Аммо хонум Мунаввара мегӯяд, агар санҷиши навбатии Идораи тандурустӣ аз гувоҳномаҳо фарқкунанда бошанд, ба манфиатаи кор аст ва сокинон аз солими фарзандонашон хавотир намешаванд: «Кори хуб аст, агар ҳамон ҳамсинфҳои беморашонро ҷудо кунанд. Мо чӣ медонем, ки кадом ҳамсинфи фарзанди мо бемор аст.»

Дар ҳамин ҳол, Пайрав Саидов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, анҷоми ин кор хеле ҳассос аст ва аз пизишкони касбияти баландро талаб мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, аз рӯи қонунгузорӣ намешавад, масалан, гирифтори бемории ВИЧ/ СПИД-ро аз дигарон ҷудо кард ва ҳамчунин намешавад, ки онро ба дигарон фош кард: «Агар хонандае дар бораи кадом як беморӣ доштани ҳамсабақаш донад, ҳарчанд, ӯ табобат гирад ҳам минбаъд таҳқир мешунавад. Барои ҳамин агар ин кор эҳтиёткорона сурат гирад, хуб аст.»

Аммо масъулини Идораи тандурустӣ ва Идораи маориф мегӯянд, ин амали худро бо касбияти баланд ва ба хотири сиҳатии хонандагон анҷом хоҳанд дод. Дар шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз 60 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 50 ҳазор хонанда таҳсил менамояд.