Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардҳо дар раҳбари мактабҳо занонро иваз мекунанд


Дар пайи як санҷиши вазорати маориф аксар роҳбарони макотиби миёнаи кишвар, ки зан буданд, аз вазифа барканор шуда ва ҷойи худро ба мардҳо додаанд.

Ба иттилои бархе аз омӯзгорон, ин иқдом дар пайи афзоиши "ҷангҳои байнимактабӣ" ва "кордзаниҳои хонандагон" дар мактабҳои Душанбе амалӣ мешавад.

Барои мисол, роҳбарии мактаби рақами 88-и пойтахтро то чанд рӯзи пеш роҳбари зан ӯҳда мекард, ҳоло он зери сарварии роҳбари мард қарор гирифтааст. Яке аз омӯзгорони ин мактаб, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, аз ин тағйирот чандон розӣ нест.

"Дар тӯли фаъолияти омӯзгории худ ду дафъа бо роҳбарони мард кор кардам. Фикр мекунам, роҳбарии зан дар мактаб беҳтар аст. Зеро баъзан мардон бо чашми шаҳват ба занон нигоҳ мекунанд ва муносибаташон ҳам чандон хуб нест. Ҳатто дар як мактабе, ки кор мекардам, муаллимае маҷбур шуд бо ин сабаб корашро тарк кунад",-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, то имрӯз ҳудуди 70 дарсади раҳбарии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанберо занҳо бар ӯҳда доштанд. Аммо дар пайи санҷише, ки бо супориши вазири маориф сурат гирифт, роҳбарони ҳудуди 8 мактаби шаҳр, ба вижа мактабҳое, ки дар онҷо муноқишаву фасод бештар ба назар мерасид, аз вазифа барканор шудаанд. Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло аксари роҳбарони ҷадиди ин муассисаҳо, ки муваққатан дар ин маснад ифои вазифа мекунанд, мардҳоянд ва ба гуфтаи масъулони Раёстаи маорифи Душанбе онҳо дар пайи озмун интихоб шудаанд.

Ҳамза Наврӯзов, як масъули вазорати маорифи кишвар, ҳадафи аслии санҷишу барканории роҳбарони мактабҳоро боло бурдани сифати таълим ва сари кор омадани роҳбарони кордон арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, муаллимони зану мард ҳуқуқи баробар доранд ва дар инҷо масъалаи тарафгирӣ ё поин бурдани мақоми зан матраҳ нест.
“Дар тамоми ҷаҳон 70 дарсади соҳаи маорифро занон дар даст доранд. Бинобар ин, ҳадафи аслии мо дуруст ҷо ба ҷогузорӣ кардани роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти малакаву дониши онҳост. Муҳим нест, ки ӯ зан ё мард бошад, муҳим ин аст, ки ӯ бояд салиқаи хуби роҳбарӣ дошта бошад”,-таъкид намуд ӯ.

Толибшоҳи Сайидзода, рӯзноманигор ва акнун роҳбари тозатаъйини мактаби рақами 11-и пойтахт мегӯяд, таҷрибаи беш аз даҳсолаи омӯзгорӣ дорад ва кори худро дар мактаб аз сӯҳбат бо писарони синфҳои болоӣ дар бораи ахлоқу рафтор шурӯъ кардааст. Ҷаноби Сайидзода гуфт, хонандагони ин мактаб, ки солҳо ба он зан раҳбарӣ кардааст, ӯро ҳамчун роҳбар хуб истиқбол намудаанд. Ба андешаи ин роҳбари тозатаъйин, дар шароити феълӣ, ки дар тарбия ва одобу ахлоқи кӯдакону наврасон як каме костагӣ ба назар мерасад, роҳбарии мактаб ҳам як вазифаи мушкил буда, ба ӯҳдаи мард вогузоштани он ба манфиати кор аст.

Вай илова кард, "сано ба он бонувоне, ки ҳамин вазифаро солҳо боз бар дӯш доранд, чун имрӯз воқеан дар шаҳри Душанбе раҳбарии мактабро ба ӯҳда гирифтан, кори ниҳоят сангину душвор аст. Аммо дар сӯҳбати мардонае, ки дар рӯзи аввали кориам бо писарон доштам, эҳсос кардам, ки хонандаҳо чун дар муқобили худ мардро медиданду сухани мардро мешуниданд, зери таассуроти амиқ қарор гирифтанд ва ҳатто як хонандаи синфи 11 ба ман гуфт, ки мо солҳо орзу мекардем, ки як марде роҳбари мактабамон бошад."

Аммо ҳуқуқдонҳои тоҷик ин тағйиротро дар соҳаи маориф чун нақзи ҳуқуқи занон арзёбӣ мекунанд. Қиматгул Ризоева, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, соҳаи моариф ягона соҳае буд, ки дар он камубеш занон ба маснади роҳбарӣ таъйин мешуданд ва акнун ба мардон додани курсии занҳо, ки онҳоро тарбиятгари наслҳо мегӯянд, чандон дуруст нест. "Ба фикри ман, барои кам кардани ҷангу муноқиша дар мактабҳо ин роҳи ҳал нест, бояд мақомоти интизомии мо кори худро хуб ба роҳ монанд. Роҳи ҳалро мо бояд дар роҳбарони мактабҳо не, дар дигар ҷой ҷустуҷӯ кунем",-мегӯяд ин ҳуқуқдони тоҷик.

Баъзе аз хонандагони мактабҳои пойтахт дар ин бора чунин назар доранд:

"Барои ман, рости гап, фарқ надорад, ки роҳбари мактабамон зан мешавад ё мард..."

"Ба фикрам, мард бошад беҳтар аст, чун бачаҳо гӯш медиҳанд ва метарсанд каму беш."


Ин гуфтугузору тағйирот дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аксаран дар мулоқотҳояш аз нақшу ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва ҳузури онҳо дар мақомоти идории кишвар ёдрас шудаву таъкидҳо мекунад. Ҳамчунин бо ҳадафи боло бурдани мақоми зани тоҷик дар арсаи сиёсат 8 соли қабл барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шуда буд. Аммо бо ин ҳама гуфта меашавад, занҳо дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд ва мақомҳои раҳбарӣ ҳам ба онҳо чандон бовар карда намешавад.
XS
SM
MD
LG