Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занги охир" имсол дар охири моҳи май садо медиҳад


Маросими “Занги охир» дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон имсол рӯзи 25-уми май доир мешавад.

Абдусамад Муллоев, раиси Раёсати мактабҳои ҳамагонии вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23-юми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки соли равон тибқи фармони вазири маорифи Тоҷикистон хатми таҳсил 25-уми май эълон дошта мешавад ва занги ахир дар ҳамин рӯз садо хоҳад дод.

Ба қавли ҷаноби Муллоев, ду сол инҷониб вазорати маорифи Тоҷикистон бо назардошти ба дарозо кашидани фасли сармо ва таъхир дар марҳилаи таҳсили талабагон, занги охирро ба 30-юми июн оварда буд.

Соли гузашта занги охир дар таърихи 30-юми июн - як моҳ баъд аз рӯзи маъмулӣ садо дод, ки ин низоми таътили талабгонро то андозае ба ҳам зада буд.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охир» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.

Дар соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.

Фармони вазорати маориф дар пайи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли 2009 баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ шуд.

Занги камолот (навор аз бойгонӣ)

Занги камолот дар макотиби Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
XS
SM
MD
LG