Дар Тоҷикистон аудитор ё бозраси экологии мустақил ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Аудитори экологӣ бо ҳадафи санҷиши фаъолияти муассиса, корхона, нуқтаҳои савдову тиҷорат ва риояти меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ташкил карда мешавад.
Ба ин манзур Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, дар иҷлоси ахири худ шароити ҳуқуқии фаъолияти бозраси экологӣ дар қаламрави кишварро зимни ворид кардани ислоҳот ба қонуни низоми иҷозатдиҳӣ мушаххас кард.
Рустам Латифов, раиси Кумиссюни экологӣ дар Маҷлиси Намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мурооти меъёри қонунҳо вобаста ба экология сол то сол мушкилтар мешавад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, барои ҳифзи тозагии фазову муҳити зист ва таҳти назорати доимӣ қарор додани корхонаву муассиса ва дигар воҳидҳои хоҷагидорӣ зарурат ба фаъолияти аудитори экологӣ ба миён омадааст.
Ҷаноби Латифов афзуд, дар солҳои пеш дар корхонаву муассисаҳо шӯъбаҳои ҳифзи муҳити зист амал мекарданд. Аммо бо тағйир хӯрдани низоми иқтисодӣ аксарияти корхонаҳо чунин шӯъбаҳоро аз сохтори худ лағв кардаанд.
Ҳамакнун аудиторҳои мустақил, ки баъд аз дарёфти шаҳодатномаи махсус аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба кор шурӯъ мекунанд, метавонанд фаъолияти корхонаву муассисаҳоро вобаста ба экология мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Натиҷаи санҷиши онҳо аз ҷониби мақомоти масъул ҳатман ба эътибор гирифта шуда ва дар асоси он тадбирҳо андешида мешавад.
Рустам Латифов, раиси Кумиссюни экологӣ гуфт, қаблан дар қонунгузории кишвар ба чунин навъи фаъолият иҷозат дода нашуда буд. Аммо ҳоло ин камбуд дар қонун бартараф шуд ва баробари ба фаъолият пардохтани аудитори экологӣ ҳифзи муҳити зист дар кишвар беҳтар мешавад.
Фаъолияти аудитор ё бозраси мустақили экологӣ дар ҳоле дар Тоҷикистон имконпазир шуд, ки корхонаҳои саноатии кишвар ба далели нарасидани гази табиӣ ба истифодаи ангишт мегузаранд. Дар ҳоле ки гуфта мешавад партоб аз ангишт ба муҳити зист асари манфӣ хоҳад дошт.