Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳо ҳаворо олуда месозанд


Идораи ҳифзи муҳити зисти Хатлон даъво дорад, ки се ширкати чинии оҳангудозӣ дар Қӯрғонтеппа ва Бохтар, ҳаворо барқасдона олуда месозанд.

Бар асоси арзёбиҳои муқаддамотӣ, дар натиҷаи тавлидоти оҳан дар ин корхонаҳо, дастикам 83 ҳазор сомонӣ ба муҳити зист зиёни молӣ расидааст.

"ЧИНИҲО ҚОИДАҲОИ ЭКОЛОГИРО РИОЯ НАМЕКУНАНД"

Саъдулло Бобоҷонов, мудири бахши ташхиси экологии идораи мазкур, бо тасдиқи ин хабар, ба радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои «Хонг-да-1», «Хонг-да-2» ва «Тенг-Хун», ки мутааллиқ ба соҳибкорони чинӣ будааст, ҳанӯз дар солҳои 2008-2009-ум таъсис дода шуда, то имрӯз бидуни риояти қоидаҳои экологӣ ва ҳуҷҷатгузории марбут ба бехатарии муҳити зист фаъолият кардаанд.

Раҳматулло Сафаров, раиси идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон
Раҳматулло Сафаров, раиси идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар ин иртибот гуфт: «Зарари расонидаи ин корхонаҳо ҳисобида шуда, санадҳои тартибдодашуда ба прокуратураи вилояти Хатлон пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он шахсоне, ки имрӯз қонунро оид ба ҳавои атмосферӣ вайрон карданд, хулосаи коршиносонро дарёфт накарданд, ҳуҷҷатҳояшонро оид ба ҳифзи табиат дуруст накардаанд, бояд чораҷӯӣ шавад. Фикр мекунам, рӯзҳои наздик маводҳо ба суд мераванд ва ин корхонаҳо ҷаримаҳои калон хоҳанд супурд…»

Ҷаноби Сафаров афзуд, ин коргоҳҳои оҳангудозӣ масолеҳи корношоями оҳаниро аз навоҳии атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъоварӣ намуда, баъди гудохтан, оҳани тозаро ба корхонаҳои арматурии шаҳрҳои Душанбе ва Ёвон пешниҳод мекунанд.

ФАЪОЛИЯТ БИДУНИ ИҶОЗАТНОМА!!!

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Ҳайитов, коргузори ширкати «Хонг-да-2», дар шарҳи даъвои идораи ҳифзи муҳити зисти Хатлон, ки ҳаҷми зиёни ин корхона ба муҳити зистро наздик ба 60 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст, гуфт: «Раҳбарони корхона, ки хитоиҳо ҳастанд, соли гузашта иҷозатномаи махсуси идораи ҳифзи муҳити зистро дарёфт накардаанд.

Сабаб ин аст, ки намефаҳманд ҳуҷҷатгузориро, барои ҳамин имрӯз корашон ба додситонию додгоҳ расидааст…»

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳайитов, то ҳанӯз мақомоти додситонӣ ё додгоҳ оид ба ҷаримабандии ширкати «Хонг-да-2» барои олудасозии ҳаво тасмиме нагирифтаанд.

ЧИНИҲО ҲАРФ НАМЕЗАНАНД...

Аммо худи раҳбарони чинии ширкатҳои оҳангудозӣ бо ишора ба надонистани забони тоҷикӣ аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Умед Солиев, коргузори ширкати «Хонг-да-1», ки ҳаҷми зиёни расидааш ба муҳити зист қариб 25 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст, низ мегӯяд, кордеҳони чинии ӯ дар таҳияи асноди корхона бо мушкил рӯ ба рӯ гардида, сабаби аслии сар задани қазияи мазкур ҳам саривақт таҳия нашудани аснод будааст: «Аз мушкилоти вобаста ба экология ва ҷаримабандии корхона чандон маълумот зиёд надорам, чунки тоза ба кор омадаам. Аммо ба ман гуфтанд, ки раҳбарияти корхонаро қаблан ягон ниҳод огоҳӣ надодааст. Масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва молиявиро раҳбарони чинӣ худашон ҳал мекунанд, аз ин рӯ, намедонам, ки қазия бо чӣ меанҷомад…»

ОҲАНИ АРЗОНИ ТОҶИК

Чунин ба назар мерасад, ки хариду фурӯши оҳану симу алюминиум феълан ба як бизнеси роиҷ, ҳатто дар миёни кӯдакону наврасони Вахшонзамин, табдил ёфта, мисли

солҳои Шӯравӣ ҳамагон дар талоши гирдоварии маҳсулоти оҳанӣ ҳастанд. Корхонаҳои чинӣ, маъмулан, 1 кг оҳанро ба арзиши то 1 сомонӣ ва симу алюминиумро ба арзиши гаронтар харидорӣ мекунанд. Зимнан, чандин мавриди дуздии сарпӯшҳои оҳании чоҳҳои шаҳру панҷараҳои мазорҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ба тахмини соҳибназарон, кори дасти онҳоест, ки ба тиҷорати оҳан машғул ҳастанд.

Вале, ба иддаои коршиносони зистмуҳитӣ, оҳангудозӣ дар корхонаҳои чинӣ дар шароите сурат мегирад, ки маълум нест, партовҳои саноатии он дар куҷо ва чигуна безарар карда мешавад. Биноан, ҳаҷми аслии зиён ба муҳити зистро таҳлилгарон ба садҳо ҳазор сомонӣ баробар мешуморанд.

ҲАВОИ ХАТЛОНРО КӢ ОЛУДА МЕКУНАД?

Зимнан, идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ширкатҳои чинии оҳангудозиро ҳушдор додааст, ки дар сурати рафъ нашудани мушкили партовҳои саноатӣ ва олудасозии ҳаво, имкони бастани онҳо пеш хоҳад омад.

Идораи ҳифзи муҳити зисти Хатлон ҳамчунин 63 корхонаю ширкати хурдро барои риоят накардани талаботҳои зистмуҳитӣ ба андозаи наздики 100 ҳазор сомонӣ ҷарима андохтааст. Дар иртибот ба қонуншиканиҳои экологӣ ҳамчунин ба додгоҳи иқтисодӣ, додгоҳҳо ва додситонӣ 2 парванда ва зиёда аз 20 мавод ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG