Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисосҳои наву бозоргир дар донишгоҳи Хуҷанд


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои аввалин бор ба ихтисосҳои нави геология ва экология қабули донишҷӯёнро эълон кард.

Дар канори боз кардани факултаҳои "кибернетика", "телекоммуникатсия ва технологияҳои интернетӣ", "ҷуғрофия ва экология" ва "тарбияи ҷисмонӣ" кӯҳантарин донишгоҳи Суғд ахиран гомҳое басуръат дар ҷорӣ кардани ихтисосҳои замонавию бозоргир
Ҳарчанд дар
даҳ соли ахир
шумораи донишгоҳ ва донишкадаҳо дар
вилояти Суғд ба 6 адад расидааст, аммо имконоти таълимии онҳо маҳдуд будааст..

мегузорад.

Ваҳҳоб Набиев, ректори Донишгоҳи мазкур, доктори илми таърих гуфт, тасмим гирифтаанд бахшҳоеро барои омӯзиши чанд ихтисоси замонавии дигар боз кунанд. Ба гуфтаи вай, ин иқдом бо талаботи рӯз ва омода кардани мутахассисони барои пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон зарурӣ сурат мегирад.

Вай афзуд: "Бо назардошти он ки кишвари мо аз канданиҳову маъданҳои зеризаминӣ хеле бой ва дар мавқеи муҳими геополитикӣ ҷойгир аст, барои Тоҷикистон мутахассисони ихтисосҳои технологӣ заруранд. Ғайр аз ин, кишвари мо бояд макони туризму саёҳат бошад. Ҳамаи инро дар назар гирифта, мо ду факултаи нав таъсис додем ва бо ёрии ҳукумат нияти ҷорӣ кардани чандин ихтисосҳои нав дорем."

Ваҳҳоб Набиев, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд афзуд, дар ин бора донишгоҳ ба хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҷиҳати роҳандозии таълими се ихтисоси нави дигар дар оянда пешниҳод ироа кардааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд то 15 соли қабл Донишкадаи омузгорӣ унвон ва тӯли тақрибан 80 соли фаъолияти худ танҳо ба омода кардани муаллимон ихтисос дошт. Соли равон донишгоҳи мазкурро беш аз 2 ҳазору 700 нафар хатм карданд.

То замони истиқлолияти Тоҷикистон вилояти Суғд, чун дигар минтақаҳои кишвар ягон мактаби олии омӯзиши ихтисосҳои технологӣ надошт. Омода кардани кадрҳои технологӣ барои Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои миллӣ таҳти назорати шадиди Маскав сурат мегирифт ва теъдоди камшумори донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Маскаву Тошканд барои таҳсил фиристода мешуданд.

Кору вазифаҳои асосӣ дар корхонаҳои муҳими саноатии Тоҷикистонро асосан мутахассисони рустабор ба ӯҳда доштанд. Бо чунин усул Маскав намегузошт, ки ҷумҳуриҳои миллӣ, бахусус Тоҷикистон ҳама мутахассисони техникии барои худ заруриро омода ва худкифо шаванд. Аммо дар замони истиқлолияти Тоҷикистон зарурати омода кардани мутахасссисони зарурӣ, ба хусус технологӣ дар худи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар пеш омад.

Аммо оё Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои таъсиси факултаву бахшҳои нави ихтисосҳои техникӣ то куҷо имконоти фаннӣ ва захираҳои кадрӣ дорад? Дар посух ба ин савол профессор Ваҳҳоб Набиев, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфт: "Донишгоҳ ҳама зербинои моддиву техникии таълимро дар ихтиёр дорад. Ҳамзамон мо заруриёти фанниро ворид карда истодаем. Аммо масъалаи асосӣ доштани устодони касбу ихтисосҳо аст. Ҳадди ақал ду – се доктору номзадҳои илм пайдо кунем, таълими ихтисосҳои навро ҷорӣ кардан мумкин аст."

Ҳарчанд дар даҳ соли ахир шумораи донишгоҳ ва донишкадаҳо дар вилояти Суғд ба 6 адад расидааст, аммо имконоти таълимии онҳо маҳдуд буда, зарфияти омода намудани мутахассисони зарурии ҳама бахшҳои иқтисодиётро надоранд.

Гулафзо Исматова, хатмкардаи донишкадаи политехникии Хуҷанд бо ихтисоси менеҷери иқтисодӣ аст, ки мегӯяд, ният дорад таҳсилашро дар аспирантура идома диҳад. Вай дар сӯҳбат бо барномаи Ояндасоз афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бештар ба мутахассисони баландпоя ва ҳирфаии бахшҳои энергетика, кимиё, коркарди маъдан ва маҳсулоти ғизоӣ ниёз дорад, зеро ин гуна мутахассисон дар Тоҷикистон кам омода мешаванд.

Ба назари хонум Исматова, агар мутахассисони ҳирфаии кимиё сари кор оянд, имкониятҳои зиёди пешбурди ин бахш дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Аммо Фаридун Рофиев, донишҷӯи соли охири факултаи ҳифзи муҳити зисти Донишкадаи коркарди фулузоти кӯҳии шаҳри Чкалов мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикӣ ва саноати коркарди маъдан номида мешавад, аммо дар донишгоҳҳои худ омода кардани мутахассисони баландпояи ин бахшҳо, масалан мутахассисони нерӯгоҳи барқсоз, коркарди фулузоти ранга ва чоҳи нафту газкобро ба роҳ намондааст. Вай афзуд, дар ин замон Тоҷикистон ба мутахассисони бахши электронӣ низ ниёзи бештар дорад.
XS
SM
MD
LG