Струан Стивенсон
Камина ба сифати намояндаи вижаи дафтари Раиси феълии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (Қазоқистон) оид ба масъалаҳои экология ва муҳити зист, нимаи моҳи сентябри соли равон ба мақсади дидор бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул аз Тоҷикистони зебоманзар боздид ба амал овардам.
Зимни сафар, ба ман муяссар гардид, ки бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров ва муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои об Султон Раҳимов мулоқотҳо анҷом диҳам. Ҳамзамон, аз мавзеъҳои таасурбахши дилнишин ба мисли нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ва пружаи энергетикии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар болооби дарёи Вахш дидан намудам.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқолият, ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, сохти давлатдории демократии муассирро бунёд намуд, ки он барои давлатҳои минтақа ҳамчун намунаи барҷаста маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи башар ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва новобаста аз он, ки он ҳамоно кишвари нисбатан камбизоат аст, дорои иқтидори безаволи истихроҷ ва коркарди канданиҳои зеризаминӣ ва захираҳои обӣ мебошад, ки сармояи бузургро талаб мекунанд.
Бо мавқеи ҷуғрофии худ, аз ҷумла бо кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи Помир – боми ҷаҳон, ҳамҷаворӣ бо Афғонистон, Эрон ва дигар мамолики Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон барои Ғарб кишвари муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад. Ин мавзеъ минтақаи ҳассос ба ҳисоб меравад.
Бо фаъол гаштани ҳаракати тахрибкоронаи Толибон дар кишвари ҳамсоя, даргириву хунрезиҳо дар Афғонистон то ҳол идома доранд ва террористон дар минтақаи кӯҳсори Покистон паноҳ меёбанд. Эрон сайъ бар он дорад, то ки таъсири мафкуравии худро дар минтақа паҳн созад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир падидаи маъмул гаштааст, аммо яқин аст, ки ба шарофати роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон зери болҳои амну субот қарор дорад. Бинобар дар сафи пеши мубориза алайҳи маводи мухаддир ва терроризм қарор доштани Тоҷикистон, он ҳампаймони калидии стратегии Ғарб гаштааст.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар таъмини суботи сартосарӣ дар ин минтақаи ноором нақши бориз дорад. Дар натиҷаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги обҳои дохилӣ, Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад талаботи дохилии қувваи барқро пурра таъмин намуда, ҳамзамон содироти онро ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монад.
Хатти интиқоли барқи 500 кВт, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, дар ҳоли эъмор қарор дорад. Интиқоли қувваи барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ба гирдоби ҷанг фурӯрафта, дар барқарор намудани сулҳи пойдор ва бозсозии иқтисодиёти харобгаштаи Афғонистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Масъалаҳои марбут ба об сарчашмаи низои шадид дар муносибатҳои давлатҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ гаштаанд. Дар ин замина, бунёди обанбори Роғун дар болои дарёи Вахш дар меҳвари ихтилоф қарор гирифтааст. Иқтидори тавлиди қувваи барқ дар нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун баъди пурра ба истифода додани он 3600 МВт-ро ташкил хоҳад кард.
Зиёда аз 45 мил нақбҳои зеризаминии ин иншоот дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд ва айни замон, барои васли гидротурбинаҳо қариб 5000 сохтмончӣ шабу рӯз ба сохтмони майдони зеризаминии фарох машғуланд.
Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун бо сарбанди баландиаш 335 метр дар водии нишеби танги дарёи Вахш аз сангу гил сохта мешавад. Ман аз Роғун боздид намудам ва аз дидани он таасуроти хеле нек пайдо кардам.
Алалхусус, узбекҳо изҳори нигаронӣ бар он мекунанд, ки гӯё ин сарбанд дар ҳолати заминларзаи шадид ноустувор буда, барои кишварҳои поёноб ба мисли Ӯзбекистон оқибати садамавӣ ба вуҷуд меорад. Коршиносони олмонӣ ва покистонӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ барои омӯзиш ва тадқиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун ҷалб шудаанд. Натиҷаи тадқиқи ниҳоии ин лоиҳа соли 2011 муайян карда мешавад. Пас аз ташриф овардан ба Тоҷикистон, ман итминон пайдо намудам, ки сохтмони лоиҳаи номбурда бехавф буда, аҳамияти муҳими минтақавӣ дорад.
95%-и қувваи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ истеҳсол мешавад. Хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ барои содироти он ба кишварҳои ҳамҷавор, аз қабили Афғонистон ва Покистон аллакай дар ҳоли сохтмон қарор доранд.
Пуршавии обанбори нави нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун барои фаъолияти пурраи он дар давоми даҳ сол ба нақша гирифта шудааст, аммо Тоҷикистон ба ҳамсояҳои дар поёноб ҷойгиршуда кафолат медиҳад, ки ҳамон миқдори оберо, ки онҳо аз Амударё ва Сирдарё айни замон истифода мебаранд, таъмин хоҳад намуд. Тоҷикон таъкид менамоянд, ки низоми нави сарбандҳо идоракунии самараноки захираҳои обиро ба нафъи ҳамагон фароҳам меорад. 60%-и оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Точикон иброз медоранд, ки ҳеҷ гоҳ маҷрои обро ба ҳамсоягони поёноб маҳдуд нахоҳанд кард.
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун сарчашмаи нерӯи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза аст, ки ҳам талаботи Тоҷикистон ва ҳам талаботи кишварҳои ҳамҷаворро аз қабили Афғонистону Покистон бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур барои кулли Осиёи Марказӣ, ки эҳтиёҷи рӯзафзун ба қувваи барқ дорад, василаи муассири ҳалли ин мушкилот хоҳад шуд.
Дар ҳамгироӣ истиқрор намудани истифодаи стратегии захираҳои обӣ дар кишварҳои поёноб бо истифода аз обанборҳо ва низоми обёрикунии каммасрафи қатрагӣ сабаби тақсимоти ноодилонаи захираҳои бебаҳои оби Осиёи Марказиро рафъ намуда, на тавлиди таҳдид, балки ояндаи дурахшони водии Фарғонаро таъмин мекунад.
Бо назардошти иқтидори таъмин намудани аҳолии худ ва давлатҳои ҳамҷавор бо обу нерӯ, Тоҷикистон дар ҷодаи идоракунии захираҳои обии Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Иқдом ва талошҳои Тоҷикистон лоиқи истеҳсон ва дастгирии Ғарб мебошанд.
Струан Стивенсон (Struan Stevenson) – Вакили Парлумони Аврупо, намояндаи шахсии Раиси феълии САҲА (Қазоқистон) оид ба масъалаҳои экология ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ, узви гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Президенти Гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, гуногуннавъии биологӣ ва рушди устувор.