Катрин Аштон паз аз музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 эълом кард, даври баъдии гуфтугӯҳо 23-юми май дар Бағдод анҷом мешавад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ изҳор дошт, Эрон ҳаққи истифода аз энержии ҳастаии сулҳомезро дорад. Аштон ҳадаф аз гуфтугӯро «даст ёфтан ба як роҳи фарогир ва бар асоси гуфтугӯ унвон кард."
Хонум Аштон ҳамчунон изҳор дошт, ки «мо мехостем бидонем, ки оё Эрон барои як раванди идомадор аз ҷиддият бархӯрдор аст ё на. Мо имрӯз ин музокиротро оғоз кардем то аз ин амр итминон ҳосил кунем.»
Вай афзуд, «музокироти мо дар бораи ин буд, ки чигуна ин роҳро идома диҳед ва чигуна як чаҳорчӯб барои корамон таъйин кунем. Ва чӣ ҳангом бояд бо якдигар дидор дошта бошем, ки ин иқдомотро оғоз кунем ва ин, ки чигуна коршиносони ин ҳавза метавонанд нишастҳои муқаддамотӣ дошта бошанд.»
Аштон таъкид кард, ки "ҳадафи музокироти Истанбул ин буд, ки бубинем чигуна бояд ин масирро идома диҳем ва меъёри муваффақияти ин музокирот ҳам ин аст, ки ман метавонам замон ва макони даври баъдии музокиротро эълон кунам."
Аштон баён дошт, ки дар марҳалаи аввал, паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ меҳвари аслии кор аст. Дуввум, ба дунболи ин ҳастем, ки Эрон ба ҳама тааҳҳудоти байналмилалии худ амал кунад. Саввум ин, ки қадам ба қадам корро идома диҳем. Мо ҳамчунин ошкор гуфтем, ки Эрон бояд ҳаққи бархӯрдорӣ аз барномаи ҳастаии ғайри низомиро дошта бошад.
Ба гуфтаи Аштон, аз ҳамин рӯ ду тараф тасмим гирифтанд, ки барои ноил шуданд ба ин ҳадаф, даври баъдии музокирот моҳи майи соли ҷорӣ дар Бағдод анҷом шавад.
Дар ҳамин ҳол Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон дар як нишасти хабарии ҷудогона ширкат кард ва изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо "муваффақ" буд.
Саид Ҷалилӣ гуфт, пас аз таъйиди пешнависи ҳамкориҳои нишасти саввуми моҳи май дар Бағдод, ҳамкориҳои дуҷониба шурӯъ хоҳад шуд ва мо шоҳиди гомҳое аз ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф хоҳем буд.
Оқои Ҷалилӣ афзуд, «Ман фикр мекунам дар маҷмӯъ он чӣ, ки имрӯз сурат гирифт, тавонист муваффақ бошад. Пойбандӣ ба он чӣ, ки дар ин музокирот баҳс шуд, метавонад ба гуфтугӯҳои оянда шакл бидиҳад ва муваффақияти онҳоро ҳам тазмин кунад.»
Вай афзуд: «Дар ҳамкориҳои ҳастаӣ тавофуқ кардем, ҳаргуна ҳамкории ҳастаӣ бояд бар пояи муоҳидаи NPT бошад ва ба намояндагони ду ҷониб маъмурият дода шуд барои нишасти моҳи май дар Бағдод, пешнависе таҳия кунанд.»
Ҷалилӣ дар бораи таҳримҳо гуфт: ”Дар раванди ҳамкориҳо бояд эътимоди миллати Эрон ҷалб шавад ва бардоштани таҳримҳо яке аз роҳҳои ҷалби эътимоди Эрон аст.»
Ҷалилӣ изҳор дошт, гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби NTP буд ва ғанисозӣи уранюм ҳам дар чаҳорчӯби NTP ҷузъи ҳуқуқи Эрон аст.