Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Истанбул


Мулоқоти Кетрин Эштон - раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлӯ дар арафаи музокирот бо Эрон
Мулоқоти Кетрин Эштон - раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлӯ дар арафаи музокирот бо Эрон

Намояндагони Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмонро дар бар мегирад, дар Истанбул ба баҳси барномаи ҳастаии Теҳрон шурӯъ карданд.

Ин мулоқот барои Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон як шонси бурунрафт аз бунбасте шумурда мешавад, ки солҳост, идома дорад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели ҳамкории нокофии Эрон бо СММ, ки дар бораи табиати барномаҳои ҳастаии Теҳрон иттилои бештар мехоҳад, алакай алайҳи Эрон таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Хабаргузории "Форс"-и ҷумҳурии исломӣ навиштааст, раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Эрон дар нишасти Истанбулро Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар бар ӯҳда дорад. Дар остонаи баргузории ин музокироти муҳим Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар ёддоште, ки “Вошингтон-Пост” мунташир кардааст, гуфта, ки кишвараш мухолифи силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Аз ин пеш, вазирони хориҷии 8 кишвари саноатии ҷаҳон, маъруф ба Ҷӣ-8 аз Эрон хостанд, “бидуни ҳеҷ шарту шароит дар музокироти созандаву ҷиддӣ” ширкат намояд. Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон дар поёни мулоқоти худ дар Вошинтгтон эъломияе ба тасвиб расонданд ва дар он аз ҷумла таъкид шудааст, “саркашии пайдарпайи Эрон аз иҷрои ӯҳдадориҳояш, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ нишон дода шудааст ва саркашиҳои Эрон аз дархостҳои Шӯрои мудирони Оҷонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ, сабаби нигарониҳои фаврӣ шудааст.”

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико, рӯзи панҷшанбеи 12-уми апрел дар поёни мулоқоти Вошингтон гуфт, “музокироти Истанбул ба Эрон имкон медиҳад, ки ба нигарониҳои маҳофили байнулмилалӣ посух диҳад.” Хонум Клинтон, ки музокироти Истанбулро "шонси дигар"-е барои Эрон хондааст, дар хитоб ба мақомоти ҷумҳурии исломӣ гуфт, “мехоҳем, онҳо ба таври равшан дар амал ҳадафҳои худро нишон диҳанд, ки воқеан ҳам аз барномаҳои ҷоҳталабонаи аслиҳаи ҳастаии худ даст мекашанд.”

Эрон мегӯяд, бо пешниҳодҳои “нав” бар сари мизи музокирот баргаштааст, то мухолифатҳо бар сари барномаҳои ҳастаиаш бартараф шавад. То ҳол Эрон иддао мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад, вале маҳофили байнулмилалӣ шак доранд ва мегӯянд, Эрон барномаҳои эҷоди аслиҳаи ҳастаии худро пинҳон медорад. Эрон то ҳол дар бораи пешниҳодҳои “нав”-и худ чизе нагуфтааст.

Маҳофили байнулмилалӣ аз музокироти ҳастаии Эрон дар Истанбул умеди зиёд доранд. Аз сӯи дигар Исроил мегӯяд, агар Эрон ҳамчунон ба такмили барномаҳои ҳастаиаш идома диҳад, таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод. Дар ҷавоб ба ин таҳдиди Исроил, Эрон таҳдид кардааст, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро мебандад. Ҳурмуз роҳи аслии обист, ки нафти Халиҷи Форс ба ҷаҳони хориҷ тавассути он интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG