Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истанбул: Талоши пардабардорӣ аз розҳои ҳастаии Эрон


Мулоқоти Кетрин Эштон - раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлӯ дар арафаи музокирот бо Эрон
Мулоқоти Кетрин Эштон - раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлӯ дар арафаи музокирот бо Эрон

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) мегӯяд, музокироти барномаи ҳастаии Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ рӯзи шанбе дар Истанбул дар “фазои мусбат” оғоз ёфт.

Майкл Манн, сухангӯи Кетрин Эштон - раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА гуфт, “дар инҷо азм барои пешрафти қобили мулоҳиза дида шуда, ҳанӯз сӯъитавофуқе дар байн нест.” Ӯ афзуд, “мо умедвори азми ҳарду ҷониб ва фазои хуб барои музокироти қобили мулоҳиза ҳастем.”

Музокироти Истанбул нахустин баҳси барномаи ҳастаии Эрон бо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар 15 моҳи охир аст. Ин нишаст зоҳиран шонси дигарест барои Эрон ва гурӯҳи 5+1 (иборат аз 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон) барои пайдо кардани як роҳи ҳалли баҳси солҳо боз ҳалношудаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ки ба бовари Ғарб, дар зери ҷомаи барномаи ҳастаӣ дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Иддаое, ки Эрон ҳамеша рад мекунад ва мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нерӯи барқи ҳастаист.
Ин музокирот дар ҳоле оғоз ёфт, ки Амрико ва ИА алакай алайҳи Эрон ба далели ҳамкории нокофиаш бо СММ, ки аз Теҳрон дар бораи табиати барномаҳои ҳастаияш маълумоти бештар мехоҳад,таҳримоти зиёд ҷорӣ кардаанд ва ИА акнун дар садади манъи воридоти нафти Эрон аз моҳи июл аст.

Мақомоти ғарбӣ дар пешорӯи нишасти Истанбул аз Эрон хостанд, ки бо ҳусни ният роҳии ин гуфтугӯ шавад. Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле дар як баёния дар Берлин гуфт, "фурсати бозиҳои тактикӣ кайҳо гузаштааст." Аммо бино бар пешбинии ӯ, баъид аст ки музокироти Истанбул осон анҷом шавад.

Саид Ҷалилӣ
Саид Ҷалилӣ
Майкл Манн, сухангӯи хонум Эштон ҳам дар посух ба ин суол, ки оё аз ин даври музокирот чӣ пешрафтеро метавон умедвор шуд, гуфт, ин вобаста ба ончист ки пушти мизи музокирот хоҳад гузашт. Ӯ афзуд, агар дар инҷо натиҷае дилхоҳ ба даст наояд, қудратҳои ғарбӣ рӯи давраи баъдии гуфтугӯҳо фикр хоҳанд кард. Вале ба ақидаи ӯ “пеш аз ҳама бояд мо рӯи баргузории даври аввал фикр кунем.”

Саид Ҷалилӣ - дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти Истанбул чанд рӯз пеш гуфта буд: “Мо бо ибтикорҳои ҷадид хоҳем рафт. Умедворем ки онҳо ҳам бо рӯйкардҳои созанда ва бо як рӯҳияи ҳамкорӣ вориди ин гуфтугӯҳо бишаванд.” Саид Ҷалилӣ ҷузъиёти ибтикорҳои нави Теҳронро бозгӯ накард. Аммо зоҳиран, Эрон аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар ивази ҳамкории худ хостори тазминҳо ва имтиёзҳое ҳаст. Аммо чӣ тазминҳое?

Ҳушанги Ҳасанёрӣ, устоди донишгоҳ дар Канада мегӯяд, “муҳимтарин тазмине, ки Эрон ба дунболи он аст ва танҳо Амрико қодир аст, ин тазминро ба Эрон бидиҳад, дар заминаи амнияти Ҷумҳурии исломист. Ба ин маъно ки аҳси тағйири режим дар Эрон дигар матраҳ нашавад. Ва ҳам мавқеъияти Эрон ба унвони як бозигари муҳим дар арсаи Ховари Миёна ба ҳисоб гирифта шавад. Ва дар ниҳоят, равобити Эрон бо дунёи хориҷ, бахусус Амрико аз ҳолати таниш хориҷ бишавад.”

Ба назари Ҳасанёрӣ ва таҳлилгарони дигар, Теҳрон боз ҳам ба ҳаққи худ ба таъқиби фанновариҳои сулҳомези ҳастаӣ, аз ҷумла ғанисозии уран, пой хоҳад фишурд ва танҳо мавзӯе ки метавонад гузашт кунад, фисади ҳадди аксари ин ғанисозист. Хабаргузориҳо аз қавли дипломатҳои ҳозир дар музокирот мегӯянд, даври навбатии гуфтугӯи тарафҳо шояд моҳи май доир шавад. Эрон исрор меварзад, ки даври нави музокирот бояд дар Бағдод гузарад.
XS
SM
MD
LG