Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 11-уми апрел гуфт, музокироти ҳастаии Эрон бо гурӯҳи '5+1' дар Истанбул як фурсати зарурӣ барои Эрон аст. Вай гуфт, ин кишвар ба нигарониҳои байнуламилалӣ дар бораи барномаи ҳастаияш посух бидиҳад.
Хонум Клинтон гуфт, “ҳарчанд мо бар дипломатия таъкид дорем ва онро ба унвони авлавияти аслӣ дунбол мекунем, вале Эрон бояд ба шакли фаврӣ ва изтирорӣ нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳониро бартарф карда, ҳамкориҳои созанда нишон диҳад."
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҳилларӣ Клинтон дар ҷамъи вазирони умури хориҷии кишварҳои мавсум ба Ҷӣ-8 гуфт, "музокироти пеши рӯ миёни кишварҳои панҷ бар иловаи як ва Эрон фурсат ва шонси муносибе барои ҷумҳурии исломист, ки ба таври ҷиддӣ ба нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ посух диҳад."
Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, “барои Эрон изтирорӣ ва фаврист, ки ба мизи музокирот баргардад ва фазои созанда ва мушаххас ва ҷиддӣ эҷод кунад, ки битавон бар асоси он натиҷа гирифт ва пешрафти мушаххас дошт.”
Қарор аст, даври тозаи музокироти ҳастаии Эрон бо Амрико, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия ба ҳамроҳии Олмон рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ дар Истанбул (Туркия) баргузор шавад. Қаблан баъзе аз мақомҳои Эрон гуфта буданд, ки ин музокирот ё дар Сурия ва ё дар Бағдод доир гардад. Ин баёнияи онҳо хашми нахуствазири Туркияро баарнгехт ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон мақомоти Эронро ба "бесадоқатӣ" муттаҳам кард.
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Ҷумҳурии исломии Эрон мехоҳад зери пардаи барномаҳои сулоҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоҳоро борҳо рад намудааст.