Вазири нақлиёт: "Шикоят аз роҳи пулакӣ камтар шудааст"

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, шикоятҳо аз фаъолияти ширкати IRS камтар шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар чанд соли ахир бо сармояи кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистон садҳо километр роҳҳои мошингарди хуб сохт. Аммо тармаву селҳо ин роҳҳоро ба қадри кофӣ вайрон мекунад ва умуман, бидуни назорати воқеӣ ин роҳҳо дар давоми ду-се сол валангор хоҳанд шуд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Низом Ҳакимов: "Албатта, барои нигоҳдории роҳҳо пеш аз ҳама техникаҳои роҳдории фаровоне бояд дошт. Се сол пеш мо аз ҳисоби Бонки Рушду Таҷдиди Аврупо сад техника харида будем. Аммо ин техникаҳо кофӣ нестанд. Дигар ин ки мошинҳои калонҳаҷм ҳам хеле зиёд шуда ва роҳҳои ҷумҳурӣ хароб мекунанд."

Радиои Озодӣ: Дар Аврупо ва баъзе кишварҳои дигар мошинҳои боркаш маҷбуранд мисли телефони мобил ҷиҳозе дошта бошанду ҳар қадами онҳо тавассути моҳвора назорат шавад ва қабл аз тарки кишвар онҳо мутобиқ ба масофаи тай намуда, пул супоранд. Оё дар Тоҷикистон чунин як ҳаққи хидмат ситонида мешавад?

Низом Ҳакимов: "Он пуле, ки онҳо месупоранд, пули ночиз аст. Дар дигар кишварҳо вақте чунин мошинҳо борашон аз ҳаҷм зиёд бошад, умуман онҳоро даромадан намемонанд. Дар Амрикову Аврупо ҳам як меъёри муайян аст. Мо даҳ тарозуи "мобилний" гирифтем. Афсӯс, кори ин тарозу хуб нест. Барои санҷиши як мошин ним соат лозим меояд. Агар ҳар як мошинро дар марз ин қадар нигоҳ дорем, кор пеш намеравад. Фикр мекунам, сканерҳое бояд дошта бошем, ки бисанҷем, онҳо бояд гузаранд ва ё ин ки маблағи бузург супоранд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазири нақлиёт дар бораи вазъи роҳҳо ва IRS



Радиои Озодӣ: Баъди тармиму бозсохти роҳи Душанбе-Чаноқ ҳукумати Тоҷикистон нигаҳдории ин роҳро ба ширкати IRS супурд. Шикоят аз кори ин ширкат ва ба хусус пулситонӣ зиёд буд. Ҳоло чӣ?

Низом Ҳакимов: "Як-ду сол пеш дар матбуоту интернет танқидҳо дар бораи ширкати IRS пур буд. Яъне, роҳи пулакӣ. Имрӯз ин гуна танқидҳову шикоятҳо аз роҳи пулакӣ ва ширкати IRS аз байн рафтааст. Барои он ки агар пештар як гурӯҳи мардум барои гузаштан аз тарозуҳо се сомонӣ месупориданд, ҳоло 50 дарсад (фоиз)-и онро месупоранд. Дигар ин ки ҳоло маблағ барои мардум муҳим нест. Муҳим ин аст. ки онҳо ҳарчӣ зудтар ва хубтар ба манзилу ҷои худ бирасанд."

Хонандаи азиз, агар Шумо ҳам саволе доред, ки посухи онро аз вазири нақлиёт, Низом Ҳакимов, гирифтан мехоҳед, пас ба ин ҷо биравед:

Суоли Шумо ба вазири нақлиёти Тоҷикистон