Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи вазири нақлиёти Тоҷикистон ба саволҳои Шумо


Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҳама саволи хонандагони торнамои "Озодӣ" посух гуфт.

Ӯ моҳи феврали соли 2011-ум бо фармони раисиҷумҳур вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуда, дар ин мақом Олим Бобоевро иваз кард.

Ҷаноби Ҳакимов дар ҳоле ба ин вазифа омад, ки вазорати нақлиёту мухобирот ба "вазорати нақлиёт" ва "Хадамоти алоқа" тақсим шуд.

Низом Ҳакимов рӯзи чаҳоруми октябри соли 1962 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Вай соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо тахассуси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст.

Фаъолияти кории Низом Ҳакимов дар даврони Шӯравии пешин дар вазорати роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон оғоз шуда, то соли 2001 дар вазифаҳои мухталиф дар ин вазорат ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2001 то 2011 дар симмати директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ифои вазифа намудааст.
XS
SM
MD
LG