Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода


Бозсохти шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – Пахтаобод имрӯз 7-уми ноябр оғоз шуд.

Дар маросми оғози бозсохти ин шоҳроҳ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд ширкат намуданд.

Роҳи Душанбе–Турсунзода 61,5 километрро ташкил дода, маблағи умумии ин барнома 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 120 миллион доллараш гранти Бонки Осиёии Рушд, 39 миллион доллараш cаҳми Тоҷикистон ва 27 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа ташкил медиҳад.

Мақомот қаблан гуфта буданд, иллати таъхир дар оғози ин тарҳи муҳим зарурати тахриби 300 манзил дар беш аз 60 километр тӯли ин шоҳроҳ буд, ки акнун ҳалл шуда ва соҳибони ин манзилҳоро ба маконҳои нав кӯчонидаанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё баъди тармим ин шоҳроҳ низ ба мисли роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ мешавад ё хайр.

20-уми январи соли ҷорӣ қарордоди грантӣ ба маблағи 120 миллион доллар миёни вазорати молия ва Бонки Осиёии Рушд дар навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода имзо шуд.

Ҷоҷи Токешӣ, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон замони имзои қарордод дар бораи ироаи грант дар сохтмони ин роҳ гуфта буд, ҳадаф аз навсозии ин роҳ, таъмиру навсозии пулҳо ва қубурҳои обгузар, сохтмони пайроҳаҳои канори роҳ дар деҳаҳо, сохтмони нуқтаҳои савдои сарироҳӣ барои ба тиҷорат ҷалб кардани занон аст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳ сохтмони коридори 57-километриро дар навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзодаро низ дар бар дорад. Вай гуфт, сохтмони ин коридор, ки 7 ҳазор километр тӯл дораду Русияро тавассути Осиёи Марказӣ дар ҷануб бо Халиҷи Форс мепайвандад, як бахши барномаи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ё ЦАРЭС аст.

Роҳи Душанбе-Турсунзода тавассути ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳи Душанбе Қӯрғонтеппа ва Дӯстӣ-Панҷи Поён ба Афғонистон муттасил мешавад, ки дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва коҳиши бекориву мизони камбизоатӣ нақши муҳимро ифо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG