Тоҷикистон: Аслиҳаи Русия беҳтар ё аз Чину Амрико?

Солҳои ахир дар ҷаҳон раванди боло рафтани тавлид ва фурӯши аcлиҳа ба назар мерасад.
Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти сулҳ дар Стокҳолм гузориши худро барои нашр омода кардааст.

Ба навиштаи ин пажӯҳишгоҳ, ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи аслиҳа аз соли 2002 то соли 2009 шаст дарсад фурӯши аслиҳа ва хадамоти низомиро афзоиш додаанд. Вале танҳо фурӯши аслиҳа аз соли 2002 то соли 2010 беш аз 140 дарсад боло рафтааст.

Масалан, агар фурӯши аслиҳаи ширкатҳои муҳим дар соли 2002-юм 22,5 миллиард долларро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2010-ум ба 55 миллиард доллар расидааст. Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан аз Русия аслиҳа харидорӣ мекунанд. Ба дараҷаи рекордӣ расидани фурӯши аслиҳаи Русия дар соли 2011 дар ҳолест, ки ба сабаби таҳримҳои Созмони Милал дар бораи фурӯши аслиҳа бар зидди Либия, Русия миллиардҳо долларро аз даст дод.

Артишҳои кишварҳои Шӯравии собиқ, ба вижа кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо аслиҳаи Русия муҷаҳҳаз мебошанд ва ин минтақа низ бозори муносиби фурӯши аслиҳаи Русия ба шумор меравад. Аммо генерал Саидамир Зуҳуров, раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар гузашта вазири амният ва вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ буд, мегӯяд, ки Тоҷикистон танҳо бо хариди аслиҳаи Русия маҳдуд нахоҳад шуд: “Агар аслиҳаву муҳимоту баъзе техникаи ҷангиро аз бозори Русия харидорӣ кунем, дар баробари ин баъзе воситаҳои техникии дигарро аз давлатҳои ғарбӣ, масалан аз Амрико ва ё аз Чин ҳам оварда истодаанд. Инро мо инкор намекунем. Лекин низомиёни мо бештар ба аслиҳаи сохти Русия одат кардаанд. Барои ҳамин истифода аз онҳо барои мо муносибтар аст.”

Саидамири Зуҳуров

Тоҷикистон бо доштани тӯлонитарин марз бо Афғонистон, кишваре, ки аз даҳсолаҳо ба ин сӯ ноором аст, ба сабаби камбуди таҷҳизот ва техникаи марзбонӣ ба мушкил рӯ ба рӯст. Ба ин далел шояд дар оянда Тоҷикистон ба аслиҳаи бештар ниёз пайдо кунад.

Саидамир Зуҳуров мегӯяд, доштани воҳидҳои ҳавоӣ, аз қабили чархбол ва ҳавопаймоҳо барои ҳифзи ин қисмати марз ҳатмист: “Ҳатман, ҳатман. Лекин ҳамаи ин кор маблағ мехоҳад, маблағи ҳангуфт. Ин корро яку якбора ҳалу фасл карда намешавад. Пеш аз ҳама мо ба чархболҳои ҷангӣ, чархболҳои нақлиётӣ ниёз дорем. Ба ҳавопаймоҳое, ки қобилияти истифодаи радарро дошта бошанд. Насби дастгоҳҳои радар низ барои назорати хати сарҳад барои мо заруранд. Ҳукумат низ аз паси ин кор аст ва дар ин бора барномаҳо дорад. Ҷустуҷӯ мекунад, дар ҳар ҷое, ки пайдо мекунад, ба қадри имкон гирифта истодаанд”.

Аммо Александр Голтc, коршиноси низомии рус дар бораи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ақидаи дигар дорад ва мегӯяд, Русия дар Бишкек пойгоҳи ҳавоӣ дорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин нируҳои ҳавоӣ дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд ба ҳифзи марзи Тоҷикистон сафарбар шаванд.
Бо вуҷуди ин, суоли матраҳ ин аст, ки оё дар оянда кишварҳори ғарбӣ низ ба бозори фурӯши аслиҳа дар Осиёи Марказӣ сар хоҳанд даровард ё Русия ин бозорро аз даст нахоҳад дод?

Ҷаноби Голтс чунин ақида дорад: “Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд. Барои кишварҳои узви ин созмон Русия аслиҳаи худро бо нархҳои бозори дохилии худ мефурӯшад. Ба ҳамин сабаб шаке вуҷуд надорад ва Русия дар оянда низ содироти аслиҳаи худро ба ин минтақа идома медиҳад.”

Александр Голтс барои исботи ин ақидаи худ чанд сабаб меорад: Аввал ин, ки аслиҳаи Русия чанд баробар аз аслиҳаи кишварҳои ғарбӣ арзонтар аст. Дуввум, нируҳои мусаллаҳи ин кишварҳо истифода аз аслиҳа Русияро медонанд ва бо он одат кардаанд. Барои ҳамин гузариш ба аслиҳаи кишварҳои дигар маблағи зиёд мехоҳад.

Вай мегӯяд, ҳоло сару садоҳое дар гардиш аст, ки гӯё Амрико мехоҳад ҳангоми хуруҷи нируҳояш аз Афғонистон бахше аз аслиҳаи худро дар Осиёи Марказӣ гузорад. Вале мо медонем, ки Узбакистон аз ин пешниҳод даст кашидааст.

Александр Голтс, коршиноси низомии рус

Голтс меафзояд, барои иқтисоди ақибмондаи Тоҷикистон пайдо кардани муштарии дигар, ки арзонтар ва беҳтар аз Русия бошад, кори душвор аст. Гузашта аз ин, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гузинаи беҳтаре барои истифодаи аслиҳаи Русия дар артиши Тоҷикистон аст.

Вале Саидамир Зуҳуров мегӯяд, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз эълон кардааст ва дар ҳар ҷо, ки барои худ бозори муносиб пайдо кард, аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҷангии худро харидорӣ мекунад: “Ҳоло Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз эълон кардааст, Ҳар ҷо, ки барои мо осонтару муносибтару хуб бошад, фикр мекунам, ки ҳукумати мо омода аст, ки аз ҳамон ҷо харидорӣ кунад ё дарёфт кунад.”

Мақомоти расмии машғули фурӯши аслиҳаи Русия мегӯянд, ки ин кишвар дар соли 2011 дар судури аслиҳа ба хориҷ рекорд гузоштааст, бо вуҷуди ин, ки баъзе аз муштариёни худро дар ҷаҳони араб аз даст додааст.

Михаил Димитриев-раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои техникиву низомии Русия ба матбуот гуфт, ки соли гузашта кишвараш ба муштариёни хориҷӣ ба арзиши 13, 2 миллиард доллар аслиҳа фурӯхтааст. Ҳиндустону Алҷазоир ва Ветнам муштариёни аслӣ будаанд.

Русия баъд аз Амрико, дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи аслиҳа дар ҷаҳон ба шумор меравад.