Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳи сербӣ ва булғорӣ дар Тоҷикистон?


Дафтари халъи силоҳи СММ мегӯяд, Тоҷикистон аз Сербистон ва Булғориcтон силоҳи сабук харидорӣ кардааст.

Бино ба ин манбаъ, соли 2010 Тоҷикистон аз Булғористон ҳудуди 700 ва аз Сербистон беш аз 300, дар кул беш аз 1000 мил силоҳи мухталиф, аз қабили туфанг, таппонча - мусалсал, мусалсали дастӣ, норинҷакандоз ва ғайраҳо ба даст овардааст.

ОЁ АЗ БУЛҒОРИСТОН ВА СЕРБИСТОН СИЛОҲ ХАРИДОРӢ ШУДААСТ?

Феҳристи Дафтари халъи силоҳи СММ ё UNODA бар пояи иттилооти расмие, ки кишварҳо пешниҳод мекунанд, омода мешавад. Аммо соли 2010 Тоҷикистон дар ин маврид ба ин дафтари СММ иттилое пешниҳод накардааст ва маълумот дар бораи аслиҳаи сабук аз сӯи Булғористон ва Сербистон пешниҳод шудаанд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфт, ин кишвар умуман аз Булғористон ва Сербистон силоҳ харидорӣ накардааст.

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад ин силоҳ соли 2010 ҳангоми амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон тӯҳфа шуда

бошад, ки мантиқан ба харидуфурӯш рабте надорад. Аммо бо ишора ба мавҷудияти бозори расмиву ғайрирасмии силоҳ, онҳо ба қочоқ шудани ин миқдор аз номи Тоҷикистон ба ягон кишвари дигар низ ишора мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҷаҳон се таҷрибаи фурӯши силоҳ вуҷуд дорад-расмӣ тариқи шартномаи миёни давлатҳо, қочоқ - «бозори сиёҳ» ва гурӯҳӣ - бозори «хокистарӣ».

ТОҶИКИСТОН АЗ КӢ АСЛИҲА МЕХАРАД?

Амруллои Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, азбаски ду бозори ғайрирасмӣ аз сӯи созмонҳо ва кишварҳои бонуфуз таҳти назорат ҳастанд, гурӯҳҳои махсус аз кишварҳои хурде ба монанди Сербистону Булғористон эҳтимолан силоҳи зиёдатии худро ба фурӯш баровардаанд, зеро акнун замонати амнияти онҳо бар дӯши Иттиҳодияи Аврупост: «Соли гузашта, ки дар Тоҷикистон вазъ ноором буд, бо баҳонаи ин ва бо номи Тоҷикистон шояд силоҳро ба кишвари дигар фурӯхтаанд ё қочоқ кардаанд. Ин корро онҳо рӯйрост карда наметавонанд. Зеро давлатҳое, ки силоҳ мефурӯшанд ё мехаранд, таҳти назорати шадид ҳастанд ва ба табъи дили худ кор карда наметавонанд. Силоҳфурӯшӣ ҳам қоидаҳои худро дорад.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим


Қаблан Тоҷикистон умдатан аз Русия силоҳ мехарид ва солҳои ахир аз Чину Эрон низ кӯмаки низомӣ, аз ҷумла силоҳу дигар муҳимоти ҷангӣ мегирад. Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта хароҷоти буҷаи низомиашро ба 12% ва соли 2011 дар қиёс бо соли 2010 беш аз 25% афзуд.

Коршиносон ин рақамро беш аз 100 миллион доллар ҳадс мезананд. Ба гуфтаи ҳамсӯхбати мо, хароҷот ва харидҳои низомӣ қабл аз ҳама дар ниҳодҳои зидахл ва Шӯрои амнияти кишвар таҳия мешаванд ва ин иттилоест, ки ба сирри давлатӣ рабт дорад.

ТАҶҲИЗОТИ НОҚИС ВА МИНТАҚАИ НОАМН

Аммо коршиносон мегӯянд, таҷҳизоти низомие, ки аз сӯи нерӯҳои
Абдулло Ҳабибов, коршиноси масоили низомӣ
мусаллаҳ ва дигар мақомоти амниятии Тоҷикистон истифода мешаванд, хеле ноқис ҳастанд. Ба қавли онҳо, ба далоили иқтисодӣ Тоҷикистон ҳанӯз силоҳе харидорӣ накардааст, ки қобили таваҷҷӯҳ бошад.

Абдулло Ҳабибов, коршиноси дигар дар масоили амниятӣ мегӯяд, таҷрибаи аз кишварҳои дигар харидорӣ шудани таҷҳизоти низомӣ бо нархи арзон шояд вуҷуд дорад, зеро масъулин мекӯшанд бо ин силоҳҳои кӯҳнашуда холигоҳҳоро пур кунанд ва навъе эътимод ба вуҷуд оранд.

Вай афзуд, аммо бо ин ҳол намешавад худро фиреб кард: «Тоҷикистон бояд як мақоли инглисиро сармашқи фаъолияти худ кунад, ки мегӯяд: «Ман он қадар бой нестам, ки чизи арзон харам», яъне як бор чизеро бояд харид, ки арзиш дошта бошад ва хизмат кунад, на аз ҷое чизи кӯҳнаеро гирад, ки пагоҳ аз кор монад.»

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба далели ҳамсоягӣ бо Афғонистон, ноамнтарин кишвари Авруосиё ба нерӯҳои хуб таҷҳизонидашудаи низомӣ эҳтиёҷ дорад ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ ба кишварро бо туфангу таппонча наметавон пешгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG