НАТО ва Тоҷикистон доир ба лоиҳаи Бунёди эътимод шартнома имзо намуданд, ки дар доираи он ба Тоҷикистон барои нест ва ё безарар гардонидани аслиҳаву лавозимоти кӯҳнаи ҷангӣ кӯмак ироа мешавад.
Маблағи умумии ин ёриҳо, ки ҳудуди як сол идома хоҳад ёфт, бештар аз 500 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Бритониё ҳамчун кишвари масъули ин лоиҳа ба миқдори 100 ҳазор фунт-стерлинг, яъне муодили тақрибан 745 ҳазор сомонӣ саҳм дорад.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳазорон тонна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро боқӣ гузоштааст, ки дар анборҳои муваққатӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Бархе аз ин анборҳо таҳти назорат қарор дошта, баъзеи дигар аз назорат дур мондаанд ва барои сокинони одии кишвар хатар доранд.
Дар варақаи иттилоотие, ки сафорати Бритониё дар Душанбе мунташир кард, гуфта шудааст, ки "бо гузашти вақт аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ корношоям ва ноустувор гардида, метавонанд боис ба рух додани сӯхтору таркишҳо гарданд."
Дар идомаи ин баёния омадааст, "дар чорчӯбаи лоиҳа коршиносони НАТО муҳандисони низомӣ ва хизматчиёни тоҷикро меомӯзонанд ва барои таъсиси гурӯҳи корӣ доир ба истифодаи партобҳои аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ (WAD) мусоидат мекунанд. Яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, ки то ҳол қобили истифода аст, ҳифз ва ба ҷойҳои мувофиқ кӯчонида мешавад."
Сафири Бритониё дар НАТО Мариот Лесли ҳам дар ин маврид назари худро чунин баён кардааст: "Ин кори мо бояд муҳити зисти тоҷикистониёнро низ беҳтар намояд, то онҳо тавонанд дар муҳити амну осоишта зиндагӣ намоянд."
Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон тарҳи иловаҳо ба қонун "Дар бораи яроқ"-ро баррасӣ кард. Гуфта шуд, ҳадаф аз пешниҳоди тарҳи иловаҳо ба ин қонун таъмини амнияти давлатӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва ба низом даровардани қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба харид, гирифтан, нигоҳ доштани яроқҳои пневматикӣ аз сӯи сокинон дар қаламрави кишвар мебошад.