Зиндониён чӣ ҳол доранд?

Раёсати муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мегӯяд, як комиссияи ҳукуматӣ рӯзи чаҳоршанбе барои ошноии бештар бо вазъи зиндониён вориди маҳбаси №1 шуд.
Комиссия аз 10 нафар ҳуқуқшиносони Дастгоҳи президенти кишвар, ходимони Вазорати адлия ва Додситонии кишвар иборат аст. Аъзои он тасмим гирифтаанд, дар пайи ошноӣ бо вазъи зиндонҳои кишвар, доир ба вазъи маҳбусон гузориши махсус омода намоянд.

Намояндаи Раёсати муасcисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки «Инҳо дар маҳбасҳо мегарданд ва бо камбудию ноқисиҳо ошно шуда, масалан бо хусуси вазъи таъмини хӯроквории маҳбусҳо аз наздик ошно мешаванд ва баъд гузориш хоҳанд дод. Имкон дорад дар асоси ин гузориш буҷаи сарфу харҷи молии маҳбасҳо дар соли 2012 изофа карда шавад.»

Ҳамчунин, намояндагони ин комиссия дар мавриди парвандаҳои маҳбусоне, ки ба Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар мавриди бозбинии парвандаҳояшон муроҷиат кардаанд, сӯҳбату машваратҳо доир хоҳанд кард.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввал Садриддин Тошев, мегӯяд, ки аъзои ин Комиссияи ҳукуматӣ бо баъзе аз зиндониҳо вохӯрданд ва дар масъалаи вазъи парвандаи онҳо машварат кардаанд. Садриддин Тошев, ки дар ҳамкорӣ бо полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор дониста

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ

шуда ба зиндон кашида шудааст, мебоист мувофиқи қонуни афви соли 2011 раҳо мешуд, аммо то кунун дар маҳбас ба сар мебарад.

Маҳбуси дигаре, ки бо аъзои комиссия мулокот доштааст, Баҳриддин Сангов, бародари боҷаи Маҳмуд Худойбердиев аст, ки дар авфи соли гузашта муддате аз зиндон берун шуд, аммо баъди се моҳ ӯро боз зиндонӣ карданд. Вай дар мулоқот бо Комиссияи ҳукуматӣ талаб кардааст, ки парвандааш дубора таҳқиқ карда шавад.

Дар ҳамин ҳол Абдулло Холмуродов, яке маҳбусони зиндони пӯшидаи Қурғонтеппа ба Маҷлиси намояндагон ном ирсол дошта шикоят кардааст, ки дар фасли зимистон дар утоқҳои ин маҳбас барқ нест ва онҳо аз оддитарин шароити гармидиҳӣ маҳрум ҳастанд.

Суннатулло Холмуродов, бародари Абдулло Холмуродов мегӯяд, ки аз аҳволи бародараш бохабар аст ва дар ҳақиқат дар ин рӯзҳои сармо вазъи маҳбусҳо бинобар набудани барқ хеле мушкил аст: «Дар утоқи онҳо 6 нафар маҳбус ба сар мебарад. Чойникҳои барқиашонро коргарони маҳбас гирифтаанд, василаҳои гармидиҳишонро ҳам гирифтаанд, мегӯянд, ки аз хешовандонатон талаб кунед, ки чойҷушонашон биёранд. Дар маҳбас ҳоло барқ нест, ҳафтаҳо нест ва агар бошад ҳам бисёр хира аст. Баъд дар масъалаи хӯрокворӣ консервҳои куҳна медиҳанд. Мо ҳам хӯрдани онҳоро, либосу заруриёташонро меорем. Масъулин ба чӣ кор машғуланд, намедонем. Шикоятҳое, ки ба масъулони маҳбас менависанд, касе гӯш намедиҳад.»

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Вақте, ки мо ба Раёсати муасисаҳои ислоҳии вазорати адлияи кишвар тамос гирифтем, гуфтанд, ки ахиран раиси маҳбаси Қурғонтеппа барканор ва дар ҷои ӯ нафари дигар баргузида шудааст.

Дар ҳамин ҳол раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива плюс" Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки бо Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон машварат кардааст, ки аз ҳамин зиндони Қурғонтеппа ҳамроҳ бо дигар ҳуқуқнишосон дидан кунад: «Албатта омодагии ман ҷиддӣ ҳаст ва хоҳиш мекунам, ки ба ман иҷоза диҳанд, ки бо маҳбусҳо суҳбати як ба як анҷом диҳам. Вазъи иҷтимоии маҳбусҳои як масъалаи ҷиддӣ ба шумор меояд»

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки ба созмонҳои байналмилаии ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмони Салиби сурх иҷозаи ворид шудан ба маҳбасҳо ва мулоқот бо зиндониёнро намедиҳад. Мувофиқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, феълан танҳо мақомоти масъули ҳукумати кишвар ва вакилони парлумони он ҳақ доранд, ки аз зиндонҳои ин кишвар дидан кунанд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Садриддин Тошев