Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни афв дар баробари беш аз 15 000 маҳбусон ва гумонбарону айбдоршавандаҳо татбиқ мешавад. Вале мушаххасан 5 ҳазор нафар аз ин афрод ба озодӣ мебароянд.
Ҳамчунин тақрибан ду ҳазору чорсад нафаре, ки ба ҷазоҳои ҷиноии бидуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, афв карда хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, маризони силу саратону дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афроде, ки аз фоҷиаи Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ маҳбасро тарк хоҳанд гуфт.
Ба феҳрасти ин афрод ҳамчунин маҳбусоне, ки бар асари беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё барои ҷиноятҳои начандон сангин барои то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, низ шомиланд.
Бар пояи тарҳи қонун, аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, ва ҳамин гуна шахсоне, ки ба мӯҳлати беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва аммо аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, тарки зиндон мекунанд. Аммо ба шарте, ки, тавре дар тарҳ омадаст, онҳо ҷиноёти марбут ба қатли одам, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ба ин монанд ҷиноятҳои сангинро содир накарда бошанд.
Маҳбусони барои ширкат дар исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд дар соли 1998 маҳкумшуда, ки аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, низ озод карда мешаванд. Таври маълум дар садри ҳамлаи мусаллаҳона ба Хуҷанд полковники шӯришгар, Маҳмуд Худойберидев меистод.
Ҳоло ангезаи аслии шомили афв шудани тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев аз чӣ иборат аст? Чаро ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ин навбат афроди Маҳмуд Худойбердиевро аз маҳбас озод бикунад?
Муовини раиси Маркази мтадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, чунин мегӯяд: "Ин масъала ду ҷиҳат дорад. Агар инҳо дар одамкушӣ даст дошта бошанд, мусалламан ба озодӣ намебароянд. Вале онҳое, ки вобаста ба мавқеи сиёсии худ мубориза карда бошанду ҷиноятҳои сангин накарда бошанд, метавонанд ба озодӣ бароянд ва дигар даст ба чунин амалҳо назананд."
Дар ҳоли ҳозир теъдоди тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар гуфта мешавад. Хуршед Бобоҷонов, маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе, ки дар соли 1998, пас аз ошӯби Хуҷанд боздошт шудааст, мегӯяд, барои ҳамкорӣ бо Маҳмуд Худойбердиев барои 22 сол маҳкум ба зиндон шудааст.
Мо бо Хуршед Бобоҷонов тақирбан як моҳ қабл дар зиндон
ҳамсӯҳбат шуда будем ва ӯ он вақт гуфта буд: "Ман аз соли 1992 ба ин тараф ҳамроҳи Маҳмуд будам ва дар соли 1998 ҳабс шудам. Аз рӯи ҷавонӣ, нофаҳмӣ ба ӯ ҳамроҳ шудем."
Ғаффор Фармонов, яке дигар аз афроде, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо полковник Худойбердиев ба маҳкама кашида шудааст, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфта буд: "Дар замони рух додани он воқеа 22 сол доштам. Аз ман як силоҳ пайдо карданд ва 22 сол зиндон шудам. Ҳамааш аз руи бачагӣ ва аз рӯи беақлӣ буд."
Бар асоси тарҳи Қонуни афв ин афрод, ки барои ҷиноятҳои содиркардаашон аз озодӣ маҳрум карда шудаан ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон, ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтукоб қарор доштани онҳо боздошта шудаанд ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ қарор доранд, ба истиснои роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, бидуни даъват ба мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ қатъ карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик изҳори норозигӣ мекунанд, ки ҳарчанд нисбат ба тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев як фасли тарҳи қонуни афв бахшида шудааст, аммо дар робита ба собиқ размандаҳои мухолифин, ки теъдодашон дар маҳбасҳо то 300 нафар мерасад, аслан ишора нашудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Сайидумар Ҳусайнӣ, мегӯяд, пас аз муроҷиати чанддафъаина дар робита ба сарнавишти собиқ намояндагони мухолифин посухи мусбат дарёфт накардаанд ва ин навбат ҳам чандон умедвор нестанд.
"Албатта, мо чандон умедвор нестем, ки ба афроди собиқ мухилифин, ки бо ҷурмҳои камтар аз афроди Маҳмуд Худойбердиев тайи даҳсолаҳо дар маҳбасҳо ба сар мебаранд, иқдом сурат гирад. Вале дар порлумон бо пеш омадани имконият мо ин масъаларо пешниҳод хоҳем кард",-афзуд ӯ.
Дар тарҳ омадааст, ки мӯҳлати ҷазои дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мўҳлату тарз ва дараҷаи сангинии ҷинояти содиркардаашон, коҳиш дода мешавад, албатта, ба истиснои онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд,
Маҳбусоне, ки барои ҷиноёти иқтисодӣ, аз ҷумла, ба ҷайб задани маблағ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли қарздодашуда ва азхудсозии кўмакҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд, дар сурати ҷуброн кардани зиёни расондаашон метавонанд умед ба озодӣ бубанданд.
Интизор меравад бо шурӯъи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар таърихи 15-уми августи соли ҷорӣ нахустин тарҳе, ки мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд, ҳамин лоиҳаи Қонуни афв мебошад.
Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ба тасвиб расидани тарҳи Қоунуни афв озод кардани маҳбусҳо оғоз хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна “афви тилоӣ”, моҳи ноябри соли 2009 ба шарафи 15-солагии Қонуни асосии кишвар ва Соли Имоми Аъзам ҳам эълон шуда буд.
Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, ва ҳамин гуна шахсоне, ки ба мўҳлати беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва аммо аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, тарки зиндон мекунанд...