Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни афвро имзо кард


Ин қонун ба сарнавишти 15 000 нафар рабт гирифта, бино бар он 4 000 нафар ба озодӣ хоҳанд баромад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қонуни афвро имзо кард, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон омода ва аз тарафи порлумон тасвиб шудааст.

Бино бар ин қонун занон ва афроде, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни 18-солагӣ нарасида буданд, мардони аз
Аз ин ҳисоб наздики 4 ҳазор нафар, аз ҷумла 250 зану 107 афроди ноболиғ аз зиндонҳо озод хоҳанд шуд. 2 ҳазору 400 нафар муҷримоне, ки ҷазои ғайриҳабсӣ доранд, онҳо низ озод мешаванд...

55-сола боло, маълулон, беморони сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар, ширкаткунандагони низои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, собиқадорони Чернобил, барандагони ҷоизаҳои давлатӣ, ҳарбиён, хориҷиён, аъзои аҳзоби сиёсӣ ва ҷамъияту иттиҳодияҳои ғайриқонунии динӣ, ки то 5 соли ҳабс ҳукм гирифтаанд, афв хоҳанд шуд.

Ба сурати умум ин қонун ба 15 000 нафар рабт хоҳад гирифт ва 4 ҳазор нафар аз маҳбас хоҳанд баромад. Ҳамчунин тақрибан 2 400 нафаре, ки ба ҷазоҳои ҷиноии бидуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, афв шуданд.

Ба феҳрасти ин афрод ҳамчунин маҳбусоне, ки бар асари беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё барои ҷиноятҳои начандон сангин барои то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, низ шомиланд.

Бар пояи қонун, аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, ва ҳамин гуна шахсоне, ки ба мӯҳлати беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва аммо аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, тарки зиндон мекунанд. Аммо ба шарте, ки, тавре дар тарҳ омадаст, онҳо ҷиноёти марбут ба қатли одам, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ба ин монанд ҷиноятҳои сангинро содир накарда бошанд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии қонун дар иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон гуфт, тибқи ин қонун ҳудуди 15 ҳазор нафар мавриди афв қарор мегиранд.

Ҷаноби Салимзода дар ин бора афзуд: "Аз
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

ин ҳисоб наздики 4 ҳазор нафар, аз ҷумла 250 зану 107 афроди ноболиғ аз зиндонҳо озод хоҳанд шуд. 2 ҳазору 400 нафар муҷримоне, ки ҷазои ғайриҳабсӣ доранд, онҳо низ озод мешаванд. Ба ҷуз ин, бештар аз 2 ҳазор парвандае, ки дар дасти баррасианд, афв карда хоҳанд шуд."

Маҳбусони барои ширкат дар исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд дар соли 1998 маҳкумшуда, ки аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, низ озод карда мешаванд. Таври маълум дар садри ҳамлаи мусаллаҳона ба Хуҷанд полковники шӯришгар, Маҳмуд Худойберидев меистод.

Ҳоло ангезаи аслии шомили афв шудани тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев аз чӣ иборат аст? Чаро ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ин навбат афроди Маҳмуд Худойбердиевро аз маҳбас озод бикунад?

Муовини раиси Маркази мтадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, чунин мегӯяд: "Ин масъала ду ҷиҳат дорад. Агар инҳо дар
Сайфулло Сафаров

одамкушӣ даст дошта бошанд, мусалламан ба озодӣ намебароянд. Вале онҳое, ки вобаста ба мавқеи сиёсии худ мубориза карда бошанду ҷиноятҳои сангин накарда бошанд, метавонанд ба озодӣ бароянд ва дигар даст ба чунин амалҳо назананд."

Дар ҳоли ҳозир теъдоди тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар гуфта мешавад. Хуршед Бобоҷонов, маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе, ки дар соли 1998, пас аз ошӯби Хуҷанд боздошт шудааст, мегӯяд, барои ҳамкорӣ бо Маҳмуд Худойбердиев барои 22 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Мо бо Бобоҷонов тақирбан як моҳ қабл дар зиндон ҳамсӯҳбат шуда будем ва ӯ он вақт гуфта буд: "Ман аз соли 1992 ба ин тараф ҳамроҳи Маҳмуд будам ва дар соли 1998 ҳабс шудам. Аз рӯи ҷавонӣ, нофаҳмӣ ба ӯ ҳамроҳ шудем."

Ғаффор Фармонов, яке дигар аз афроде, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо полковник Худойбердиев ба маҳкама кашида шудааст, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфта буд: "Дар замони рух додани он воқеа 22 сол доштам. Аз ман як силоҳ пайдо карданд ва 22 сол зиндон шудам. Ҳамааш аз руи бачагӣ ва аз рӯи беақлӣ буд."

Бар асоси Қонуни афв ин афрод, ки барои ҷиноятҳои содиркардаашон аз озодӣ маҳрум шудаан ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод хоҳанд шуд. Ҳамзамон, ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтукоб қарор доштани онҳо боздошта шудаанд ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ қарор доранд, ба истиснои роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, бидуни даъват ба мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ қатъ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик изҳори норозигӣ мекунанд, ки ҳарчанд нисбат ба тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев як фасли Қонуни афв бахшида шудааст, аммо дар робита ба собиқ размандаҳои мухолифин, ки теъдодашон дар маҳбасҳо то 300 нафар мерасад, аслан ишора нашудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Сайидумар Ҳусайнӣ, мегӯяд, пас аз муроҷиати чанддафъаина дар робита ба сарнавишти собиқ намояндагони мухолифон посухи мусбат дарёфт накардаанд ва ин навбат ҳам чандон умедвор нестанд.

"Албатта, мо чандон умедвор нестем, ки
Сайидумар Ҳусайнӣ

ба афроди собиқ мухилифин, ки бо ҷурмҳои камтар аз афроди Маҳмуд Худойбердиев тайи даҳсолаҳо дар маҳбасҳо ба сар мебаранд, иқдом сурат гирад. Вале дар порлумон бо пеш омадани имконият мо ин масъаларо пешниҳод хоҳем кард",-афзуд ӯ.

Дар қонун омадааст, ки мӯҳлати ҷазои дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мўҳлату тарз ва дараҷаи сангинии ҷинояти содиркардаашон, коҳиш дода мешавад, албатта, ба истиснои онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд,

Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо нашр шудани Қонуни афв дар нашриҳояи давлатӣ озод кардани маҳбусҳо оғоз хоҳад ёфт.

Ин 13-умин қонуни афв дар 20 соли истиқлолият аст. Бино бар 12 қонуни қаблӣ 100 000 нафар афв шудаанд.
XS
SM
MD
LG