Дилшод Абдулмадудов, як сокини ноҳияи Темурмалик дар даст дегчаи оши палаву нону хурданиҳои дигар ба Дафтари радиои Озодӣ омад ва лаб ба шикоят кушуд, ки маъмурони маҳбаси рақами аввали пойтахт иҷоза надоданд, ки ин ғизоро ба бародари зиндониаш Баҳодур Абдулмадудов бирасонанд ва ҳамчунин имкони дидорро бо вай маҳдуд карданд.
Дилшод Абдулмадудов, меафзояд, ки имруз рӯзи қабули ғизо дар муассисаи ислоҳӣ буд ва ӯ ба ҳамин хотир барои бародараш ғизо овардааст.
Вай меафзояд. ки аз моҳи марти соли равон ба ин тараф бародарашро надидааст.
«Мо ғизоро пешниҳод кардем, чӣ будани онро сабту санад карданд, лекин вақте ки мебоист хӯрокро ба дарун, ба назди бародарам баранд, гуфтанд, азбаски вай дар зиндони пӯшидаадои ҷазо мекунад, танҳо раиси маҳбас метавонад, ба расондаи ғизо барояш иҷоза диҳад. Лекин вақте ки раис омад гуфт, ки шумо аз болои ман ба Омбудсмен Зариф Ализода шикоят кардед, ҳеҷ гуна хӯроки шумо қабул карда намешавад ва иҷозаи мулоқот ҳам дода намешавад, ҳар куҷое ки мехоҳед шикоят кунед.»
Дилшод Абдулмадудов мегӯяд, шанбеи гузашта барои иҷозати мулоқоти шабонарузӣ гирифтан бо бародараш ба Муассисаи ислоҳӣ муроҷиат кардааст, аммо ба вай посухи рад додаанд. Баъд аз ин Дилшод Абдулмадудов ба Омбудсмени Тоҷикистон аризаи шикоятӣ менависад. Ҳоло ин шикоят боиси хашми маъмурони Маҳбаси рақами аввал шудааст, ки имкони дидору интиқоли ғизо ба бародарашр манъ кардаанд.
Дар шаҳри ин қазия муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Нуриддин Раҳмонов вуҷуди чунин муомилаҳо бо шаҳрвандонро дар маҳбаси раками аввал рад кард. Вай гуфт, ки агар наздикони Абдулмадудов масъалае доранд, метавонанд ба раёсати онҳо муроҷиат кунанд.
Ин посухи яке аз масъулони муассисаҳои ислоҳии кишвар мардумеро, ки ба мулоқот ва ё барои интиқоли ғизо ба маҳбасҳо меравад, қонеъ намесозад.
Ҳатто намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқшиносон аз бадрафтории масъулони маҳбасҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд.
Паём Фурӯғӣ, ҳуқушиноси яке аз марказҳои байналмилалӣ дар Бишкек мегӯяд, ки ахиран барои як маҳбуси тоҷик дар зиндони Қӯрғонтеппа ғизо бурд, аммо қабул накардаанд.
Ҷаноби Фӯрӯғӣ аз муносибати ғайриқонунии масъулони маҳбасҳои Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард:
«Ман аввал аз маъмурони зиндон пурсидам, ки метавонам, барои фалонӣ ғизо орам, гуфтанд биёр. Маҳбус фарзанди яке аз дӯстони тоҷики ман аст, ки волидонаш дар Исфара зиндагии фақирона ба сар мебаранд ва дар сол боре метавонанд, ки ба аёдаташ биёянду тамом. Вақте ки ғизои овардаамро пешниҳод кардам маъмурони маҳбас шиносномаи маро, ба назди раисашон бурданд ва тафтиш карданду гуфтанд, ки бигзор падараш ин хӯрданиҳоро биёрад. Онҳо ғизои овардаи маро пас гардонданд. Охир онҳо диданд, ки ин ҷо фақат хӯрданӣ аст ва онро кӣ меорад, чӣ фарқ дорад. Бубинед, авзоъ дар зиндонҳо чӣ шудааст. Ин ҳама маразҳову бадбахтиҳое, ки дар зиндонҳо ҳаст, яъне чӣ? Аслан ба ҳоли мардум дилашон намесӯзад ва шикоятҳои инфиродии мардум дар мавриди масъулони зиндонҳо бисёр муҳим аст.»
Ҳуқуқдонҳо рафтори худсаронаи масъулони зиндонҳоро дар робита ба наздикони маҳбусҳо амали ғайриқоунунӣ ҳисобида, онро хилофи қонуни Тоҷикистон дар бораи адои ҷазои ҷиноӣ медонанд.
Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфӣ дар робита ба ин масъала мегӯяд, тибқи қонунҳои ҷорӣ бар иловаи мулоқоти маъмулӣ вобаста ба рафтори маҳбус раиси зиндон дидорҳои шабонарӯзиро таъин мекунад.
«Ғайр аз вохӯриҳои муваққатӣ боз аёдатҳои кутоҳмуддати якшабонрӯзӣ муқаррар карда шудааст, ки ин ба ҳуқуқи маҳбус вобастагӣ дорад. Вай мушаххас хоҳад кард, ки кӣ ба наздаш бояд ояд. Лекин қабул накардани ғизо ва маҳрум кардани аз дидор бо наздикон амали комилан ғайриқонунӣ аст ва раиси маҳбас ин ҳақро надорад.»
Ба ин тартиб марказҳои ҳуқуқии Тоҷикистон аз ҷумла Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, ки даҳҳо сокини кишвар аз муносибати сард ва нодурусти масъулони маҳбасҳо шикоят мекунанд.
Баъзе аз вакилони мудофеъ мегӯянд, ки шикояти аслии шаҳрвандон ба ришвату фасод дар муассисаҳои ислоҳиии ин кишвар рабт дорад. Маҳдудиятҳо ба таври махсус пеш оварда мешаванд, то шаҳрвандон ба пардохти ришва маҷбур шаванд.