Русия: Мухолифон боз ба хиёбонҳо рехтанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳазорон нафар дар эътироз ба натоиҷи интихоботи Думаи давлатӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия ҷамъ омаданд.
Пойтахти Русия назар ба шаҳрҳои дигари ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти бузурги шабеҳ ба ду ҳафтаи гузашта шуд, ки намоёнгари норозигии афзояндаи мардум аз сиёсатҳои Владимир Путин, нахуствазири Русия, аст.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин эътирозҳо, барои ширкат дар тазоҳурот дар хиёбони Сахаров дар шаҳри Маскав 100 ҳазор нафар ҷамъ омаданд ва аксаран алайҳи Владимир Путин шиор медоданд. “Русия бидуни Путин” ва ё “Русия озод хоҳад шуд” аз ҷумлаи шиорҳои эътирозгарон буд.

Телевизиони “Дожд” мегӯяд, тақрибан 80 ҳазор нафар дар тазоҳурот ширкат кардаанд. Алексей Навалний, як муборизи фаъол алайҳи фасодкорӣ дар Русия, ки барои ширкат дар тазоҳуроти ду ҳафтаи пеш 15 рӯз ба зиндон маҳкум шуда буд, баъди раҳоиаш дар ҳамин ҳафта, ба назди тазоҳургарон ҳозир шуд ва гуфт: "Ман дар ин ҷо теъдоди кофии мардумеро мебинам, ки метавонанд ҳамин ҳол Кохи Кремл ва қароргоҳи ҳукуматро бигиранд. Вале мо нерӯи сулҳҷӯ ҳастем, мо ҳоло ин корро намекунем. Аммо агар ин дуздону қаллобон моро дар оянда низ фиреб кунанд, ба мо дурӯғ гӯянд ва моро ғорат кунанд, мо онҷоро худамон мегирем. “

Тазоҳургарон дар Русия талаб доранд, то натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 декабр, ки ба гуфтаи нозирон олуда ба таққалуб буд, беэътибор эълом шавад. Дар ин корзори сиёсӣ, Ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” аксарияти курсиҳои Думаи давлатиро ба даст овард.Тазоҳургарон талаб доранд, то раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Русия аз мақомаш истеъфо диҳад ва бо ширкати тамоми аҳзоби мухолифи сиёсӣ интихоботи нав баргузор шавад.

Дар талоше барои фӯру нишондани хашму норозигии мардум, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе як идда ислоҳоти сиёсиеро пешниҳод кард. Аз ҷумла, интихоби мустақими губернаторҳо дар Русия ва осон кардани муқаррароти сабти номи номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот.

Зимни суханронӣ дар назди тазоҳургарон Борис Немтсов, пешвои мухолифини Русия ва муовини собиқи нахуствазир, Дмитрий Медведевро масхара кард ва гуфт, мардум ба ҳарфҳои ӯ бовар намекунад: “Мо ба ваъдаҳои ахири Медведев барои ислоҳоти сиёсӣ бовар намекунем. Мо ба ӯ бовар надорем. Ӯ то кунун дар бораи навсозиву модернизатсия ва озодии беҳтар аз ноозодӣ ваъда додааст. Албатта ӯ блогнависи маъруф аст, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ раиси ҷумҳур нашуд.”

Тазоҳуроти аввалин дар шаҳрҳои Шарқи Дури Русия дар Благовешенск, Хабаровск, Южно-Сахалинск ва Владивосток баргузор шуд ва бо вуҷуди сармои қаҳратун, мардум ба хиёбонҳо бароманданд. Баъзеҳо шиор медоданд, ки Владимир Путин муҳокима шавад. Станислав Горянский, узви ҳизби мухолифи “Яблоко” дар шаҳри Благовешенск гуфт, “бори дуввум мардум метарканд”.

Владимир Путини як замон қудратманд, ки 12 сол дар Русия ҳукумат кард, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи март ширкат хоҳад кард ва зоҳиран ин мақом дигарбора аз они ӯ хоҳад шуд. Ӯ аз ин роҳ метавонад, то соли 2024 раисиҷумҳури Русия бимонад. Аммо ҷаноби Путин солҳои ахир дигар мисли пешина маҳбуб нест ва интихоботи порлумонӣ як аломати коҳиши обрӯи ӯ дар байни мардуми Русия аст.

Дар интихоботи моҳи декабр ҳизби “Русияи воҳид”, назар ба интихоботи гузашта 77 курсӣ камтар ба даст овард, бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи аҳзоби мухолиф, дар интихобот ба нафъи ин ҳизб тақаллуби зиёд сурат гирифтааст. Баъди эъломи натиҷаҳои интихобот, рӯзи 10-уми декабр тахминан 40 ҳазор нафар алайҳи таққалуб дар интихобот эътироз карданд, чизе, ки давлати Русияро ғофилгир кард.

Эътирозҳои баъд аз интихоботӣ дар Русия